Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “WhatsApp” паёме мечархад, ки гӯё як гурӯҳ ба манзили сокинон рафта, худро кормандони милитсия муаррифӣ мекунанд ва бо роҳи фиреб онҳоро ғорат мекунанд. Маълум шуд, ки чунин паёмро мақомот ирсол накардааст ва он асоси воқеӣ надорад.
Дар паём бо чанд ғалати имлоӣ, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои дорои рамзҳои Вазорати корҳои дохилиро бо худ доранд ва изҳор медоранд, ки онҳо бояд мавҷудияти шаҳодатномаҳои эътибори ҳамаи сокинонро тафтиш кунанд ва биометрияро дар арафаи "барӯйхатгирии аҳолӣ" бардоранд... Онҳо метавонанд либоси ВАЗОРАТИ корҳои дохилиро пӯшанд. Онҳо нияти гирифтани акс/изи ангушти шуморо "дар доираи ягон схема"изҳор мекунанд. Онҳо ноутбук, дастгоҳи биометрикӣ ва рӯйхати сокинонро бо худ доранд. Онҳо ин рӯйхатро нишон медиҳанд ва хоҳиш мекунанд, ки ҳамаи ин маълумотро пешниҳод кунанд”.
“Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дурустии ин паёмро пурсид.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки чунин хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.
“Вобаста ба ҳолати мазкур мақомоти корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст” - шарҳ доданд дар РВКД-и пойтахт.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кард, ки “ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд”.

Бояд гуфт, ки чунин паёмҳо ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ низ дар паёмрасонҳо паҳн гардида буданд. Он вақт низ РВКД-и шаҳри Душанбе бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон хоста буданд, “ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос бовар накунанд ва ба хабарҳои расмӣ эътимод дошта бошанд”.
Ба иттилои милитсияи пойтахт, сабаби дубора паҳн шудани ин паём аз ҷониби худи шаҳрвандон ба якдигар ирсол кардани он аст, ки дар натиҷа пайдо кардани сарчашмаи ин гуна хабару овезаҳо номумкин мешавад.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста