Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш бори дигар ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла ба паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза диққат дод.
“Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, - зикр кард президент ва изҳор намуд, ки омӯзгорон бояд дастгирӣ шаванд ва обрӯву нуфузи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.
Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Президент аз аҳли ҷомеа даъват кард, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар дастгирӣ шуда, манзалату обрӯи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.
Аз сокинон пурсидем, ки имрӯз муаллим дар ҷомеа чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро метавон баланд бардошт?
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста