Вазорати маориф ва илми кишвар китобхонаи электронӣ ва чанд барномаи мобилӣ барои хонандагон, омӯзгорон ва волидайнро таҳия ва пешниҳод кардааст. “Азия-Плюс” дид, ки ин сомона ва барномаҳои мобилӣ ба мухотабонашон чӣ пешниҳод мекунанд.

Китобхонаи электронӣ ва дигар барномаҳои мобилии вазоратро дар бахши "Захираҳо"-и сомонаи ин ниҳод пайдо кардан мумкин аст. 

 

Китобхонаи электронии вазорат

Китобхонаи электронии Вазорати маориф ва илми кишвар-marifat.tj дар шакли сомонаи алоҳида барои истифодабарандагон пешниҳод шуда, фарогири китобҳои электронӣ, аудио ва видео-дарсҳо барои хонандагони мактаби миёна мебошад. 

Ба ин сомона метавон тавассути худи сомонаи вазорати маориф бо пахши равзанаи “Китобхонаи электронӣ” дар бахши захираҳо ва ё тавассути линки marifat.tj ворид шуд.

Сомона дорои чор равзана – “Асосӣ”, “Китобҳо”, “Аудио-китобҳо”, “Видео-дарсҳо” буда, бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешбинӣ шудааст.


Ҳангоми ворид шудан ба равзанаи "Китобҳо номгӯи китобҳои электронии дар сомона ҷойгирбуда кушода мешавад. Тавассути пахши тугмаи “Полиш” (филтр), ки 7 гурӯҳи адабиёт ва дар ҳар яки он китобҳои алоҳида ва мансуб ба он гурӯҳ пайдо мешавад, метавон адабиёти лозимаро пайдо кард.

Дар зергурӯҳи “Адабиёти мактабӣ” китобҳо барои синфҳо 1 то 11 дар рӯйхатҳои алоҳида ҷойгиранд. Ин гурӯҳ фарогири 135 номгӯи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1-11 аст.

Дар зергурӯҳи “Адабиёти бадеӣ” 26 номгӯи китоби бадеӣ мавҷуд аст. Китобҳоро метавон онлайн ва ё баъди боргирӣ дар шакли PDF мутолиа кард.  

Дар равзанаи “Аудио китобҳо” танҳо панҷ китоби бадеии кӯдакона бо забони русӣ мавҷуд аст.


Дар равзанаи “Видео-дарсҳо” тавассути полиш метавон видеоҳои дарсии лозимаро ҷустуҷӯ кард. Дар ин равзана барои синфҳои аз 1 то 11 дар гурӯҳҳои алоҳида аз ҳар фанни таълимӣ ба ҳисоби миёна 20 дарси видеоӣ ҷойгир карда шудаанд. Ин равзана дар умум дорои 1761 дарси видеоӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ буда, имконияти боргирӣ фароҳам аст.

Метавон тариқи сабти ном дар ин сомона саҳифаи шахсии худро боз карда, китоб ва ё навори дилхоҳеро, ки дар ин сомона мавҷуд аст, ба гурӯҳи “Интихобҳои ман” ворид ва дар ҳолати зарурӣ осон аз он ҷо дарёфт кард.


Яке аз бартариҳояш дар он аст, ки дар зери ҳар як навор аз ҷониби чап тамоми дарс бо забони имову ишора низ нишон дода шуда, барои толибилмоне, ки қобилияти шунидан надоранд, имконият фароҳам меорад.

Дар зергурӯҳи “Ҳуҷҷатҳои захирашуда” ва “Дарс ва сенарияҳои видеоӣ” танҳо чанд сенария дастрас аст. Равзанаи “Китобҳои тиҷоратӣ” ва “Адабиёти томактабӣ” холӣ аст.

 

“МАКТАБ МОБАЙЛ”

Барномаи дигаре, ки ба хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳо пешниҳод шудааст, “Мактаб Мобайл” буда, замимаи он барои зеркашӣ дар платформаҳои “Google Play” дастрас аст. Баъди зеркашӣ барои сабти ном ва истифодаи барнома аввал сараввал, омӯзгор бояд расмзи синфро ки пешакӣ муайян шудааст, таолибилмон дастрас кунад. Яъне дар ин барнома аввал бояд омӯзгор сабти ном карда, рамз гузорад ва баъди ҷойгир кардани  маводҳо рамзро ба хонандагони синф пешниҳод кунад. Танҳо дар ин сурат хонанда метавонад аз ин барнома истифода кунад. 


Мо хостем дар ин барнома сабти ном карда, тарзи корашро омӯзем, вале муваффақ нашудем. Аз вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, ки айни ҳол барнома дар ҳолати омодашавӣ аз ҷониби мутахассисон қарор дорад.   

“Мактаб Мобайл” барои хонандагон машқҳои амалӣ, видеоҳои таълимӣ ва лавҳаи омӯзиши инфиродиро пешниҳод мекунад, ки ба хонандагон имкони дар синф ва ё берун аз он таҳсил карданро фароҳам меорад.

Тавассути платформаи “Мактаб Мобайл” иртиботи хонанда бо омӯзгор ва дастрасӣ ба маводи таълимӣ бемаҳдуд мешавад. Волидон тавассути ин барнома метавонанд аз раванди омӯзиши фарзандони худ огоҳ бошанд.

Ин платформа ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки мундариҷаи дарсро ба тариқи нав ва ҷолиб пешниҳод намоянд. Дар платформа дарсҳо бо унсурҳои гуногуни мултимедия, аз ҷумла видеоҳо, аниматсияҳо, аксҳо ва сабти овозӣ мавҷуд хоҳанд буд. Дарсҳо бо унсурҳои интерактивӣ мегузаранд, ки аз хонандагон талаб карда мешавад, барои гузаштан ба зинаи дигар супоришро иҷро намоянд.

 

Барномаи “Сандуқчаи Зулбиё”

"Сандуқчаи Зулбиё" барои кӯдакони синни томактабӣ пешниҳод шудааст. Ин барнома фарогири 113 китобчаи кӯдакона, филмҳои аниматсионӣ, видеоҳои гуногунжанр ва аудиоҳикояҳо барои кӯдакони синни томактабӣ аст. Метавон аз он тариқи онлайн ва ё баъди боргирӣ низ истифода бурд. Ин барнома дар “Google Play” бо номи "Tomaktabi" дастрас аст. Онро метавон ҳоло зеркашӣ ва истифода кард.


Ҳамчунин, дар ин барнома бозии зеҳнии "Маро сер кун” пешниҳод шудааст.

“Китобдӯст” барномаи алоҳидаи мобилист, ки дар қатори барномаҳои болоӣ аз ҷониби вазорати маориф ва илми кишвар таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ба навиштаи маълумотномаи мухтасаре, ки дар сомонаи вазорат ҳаст, он аз 68 номгӯйи китоб барои таълими хонандагони синфҳои 1-4 пешниҳод шудааст ва метавон тавассути барномаи “Google Play” зеркашӣ кард.

Вале мо аз “Google Play” натавонистем барномаи “Китобдӯст”-ро дарёфт кунем. Аз вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, бо баъзе сабабҳои техникӣ айни ҳол зеркашӣ кардани ин барномаҳо муваққатан  дастнорас аст.

Вазорати маориф ва илм сабабҳои аслии инро ба марҳилаҳои охирини рушди барномаҳо ва раванди сертификатсия дар "Google Play" рабт дод.

“Махсусан, "Китобдӯст"-ро, ки ҳадафаш рушди малакаҳои кӯдакон аст, ҳоли ҳозир танҳо тавассути баъзе платформаҳои алтернативӣ метавон дастрас кард ва барои “Google Play” ҳанӯз пурра омода нест”, - гуфтанд аз вазорат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.