Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳафтае як маротиба дар пахши мустақими ютуб-канали худ ба саволҳо дар масоили дин, ки шаҳрвандон ироа мекунанд, посух диҳад. Дар ин барномаҳо ҳамчунин масоили доғи рӯзи Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла терроризму эксремизм баррасӣ ва саволу ҷавоб мешавад. Дар пахши мустақим Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар ба кадом саволҳои шаръии аҳолӣ посух дод?
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар нашри нахустини худ бо ишора ба он ки алайҳаш ҳамла сурат гирифт, гуфт, “Худоро шукр мегӯем, ки боз муҳлат ва фурсат додааст, ки ба ҳадди тавон ба нияте, ки ман аҷр бигирам ва шунаванда комёб шавад, хусусан ҷавонон”.
Қаблан рӯзи 11-уми сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешиниаш захм бардошт.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар нашри якуми барнома мавзӯъи муомилаи зану шавҳар дар дини ислом, комёб гаштани волидайн дар тарбияи фарзандон, эҳтироми падару модар, ҷавононе ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд ва ба дигар саволҳо посух додааст.
Муфтии Тоҷикистон гуфт, аз пайвастшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нигарон аст ва барои модарони “ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавад”.
“Фарзандоне, ки ба гурӯҳҳои бадхоҳ пайваст мешаванд ва ин гурӯҳҳои бадхоҳ онҳоро истифода мекунанд ва барои сиёсатҳои ғаразнок ва палиди худ ҷавонони камтаҷрибаву бесаводу камсаводи каҷфаҳмро сӯистифода мекунанд, ман дилам барои модарони онҳо месӯзад, ки то мурдан барои ин фарзандонашон чӣ қадар месӯзанду меноланду мегирянд”, - гуфт Абдулқодирзода.
Ӯ таъкид кард, ки “мо бояд бештар панду андарзу насиҳат ва роҳнамоии ҷавононро бикунем то ин ки билохира онҳо комёбу муваффақ бошанд”.
Абдулқодирзода инчунин дар хусуси муносибати зану шавҳар ва таъсири он ба фарзандон, тарбияи дурусти фарзанд ва масъулияти волидайн нисбати онҳо, эҳтироми падару модар дар назди фарзанд ва дигар масъалаҳо мавъиза кардааст.
Муқовимат бо “муфтиҳои интернетӣ”
Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бо мақсади рақобатпазир гардонидани фазои динӣ дар кишвар, таъмини тавозун дар муқовиматҳои иттилоотӣ ва пешгирӣ аз пур шудани фазои иттилоотӣ бо “муфтиҳои интернетӣ” аз рӯзи 8-уми июн Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ютуб-канали худро фаъол кунад то ба ниёзҳои исломии шаҳрвандон посух гӯяд.
Аз ин Кумита гуфтанд, ки қабл аз Саидмукаррам Абдулқодирзода сармутахасиси Маркази фатво Маҳмуд Сангалӣ дар пахши мустақим ба саволҳои шаҳрвандон посух гардонидааст.
“Саидмукаррам Абдулқодирзода саломатиашон иҷоза доданд ва гуфтанд, ки дар пахши навбатӣ худашон мебароянд ва ба саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд. Дар оянда дигар уламои Маркази исломӣ ба саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки барномаи пахши мустақим бо иштироки дигар уламои Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Раёсати фатво Ҷамоллидин Хомӯшӣ чоршанбеи ҳар ҳафта аз соати 10:00 то 12:00 баргузор мешавад.
“Пахши мустақим дар муддати кӯтоҳ нишон дод, ки ҷомеаи мо ба чунин барномаи динӣ ниёз доранд. Дар ҳар барнома шаҳрвандон аз ҳар минтақаи Тоҷикистон тамос гирифта, суолҳои худро пешниҳод намуданд”,-гуфтанд дар Кумита.
Бояд гуфт, ки дар пахши мустақим саволҳои аҳолиро танҳо худи Саидмукаррам Абдулқодирзода метавонист бишунавад. Дар кумита сабаби онро ба имкониятҳо техникӣ рабт дода гуфтанд, ки дар оянда дар назар аст студия ташкил намоянд ва мушкили мавҷуда низ бартараф мешавад.
Шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои 224-25-11 дар тамос шуда, саволҳои худро ба намояндаҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пахши мустақим баромад кардани Саидмукаррам Абдулқодирзода ва ба суолҳои шаръии шаҳрвандон посух гардонидан таҷрибаи нав мебошад. То кунун дар масоҷид зимни адои намози ҷумъа имомхатибон амри маърӯф ё худ ваъз мегуфтанд ва ба саволҳои ҷамъомадагон посух медоданд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Масҷиди меҳмонкуш”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста