Ба радабандӣ (рейтинг)-и нави беҳтарин донишгоҳҳои Осиё дар соли 2025 - 65 мактаби олии минтақаи Осиёи Марказӣ дохил шудаанд. Миёни онҳо танҳо як мактаби олии Тоҷикистон - донишгоҳи миллӣ зикр шудааст. Ба радабандӣ 35 мактаби олии Қазоқистон, 23 мактаби олии Ӯзбекистон ва 6 мактаби олии Қирғизистон шомил гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки радабандӣ 985 мактаби олӣ аз 25 кишвар ва қаламравро фаро гирифтааст.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар радабандии умумии мактабҳои олии Осиё қарор гирифтааст.
Радабандии беҳтарин донишгоҳҳои Осиё бар асоси меъёрҳои гуногун таҳия мешаванд ва барои арзёбии сифати таҳсилот, фаъолиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, эътирофи байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими мактабҳои олии минтақа кумак мерасонанд.
Яке аз меъёрҳои муҳим дар таҳияи радабандӣ обрӯ ва нуфузи академӣ бар асоси пурсишҳо миёни коршиносони академикӣ мебошад.
Илова бар ин, арзёбии назарсанҷии корфармоён низ ба назар гирифта мешавад, ки ин нишондиҳанда аз то чӣ андоза дар бозори кор талабот доштани хатмкунандагони мактабҳо ва баҳогузории корфармоён ба омодагии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Яке аз меъёрҳои асосии дигар иқтибосҳо аз нашрияҳои илмӣ мебошад. Миқдори иқтибосҳо ба ҳар як нашр саҳми муассисаи таълимӣ дар илм ва таъсири онро ба ҷомеаи академикӣ инъикос мекунад.
Дар радабандӣ ҳамчунин таносуби омӯзгорон ва донишҷӯён ба ҳисоб гирифта мешавад. Таносуби камтар нишондиҳандаи муносибати инфиродӣ ба таҳсил ва сифати беҳтари таҳсилот мебошад.
Ниҳоят, ҳиссаи донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ низ муҳим аст. Сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба табодули дониш ва ғанигардонии фарҳангӣ мусоидат мекунад.