Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта мечинад. Имсол ӯ 71-сола мешавад. Ҳар мавсим ӯ ба саҳро баромада, бригадаи занони нафақахӯри пахтачинро роҳбарӣ мекунад. Сарфи назар аз синнусол, онҳо ҳар рӯз ба анбори давлатӣ садҳо килограмм “тиллои сафед” месупоранд. Танҳо худи Саломат тӯли 20 рӯз зиёда аз 3 тонна пахта ҷамъ овардааст!

Мо бо ӯ вохӯрда, дар бораи зиндагӣ, кор ва орзуҳояш суҳбат кардем.

Пешсафи нафақахӯр

Дар мавсими ҷамъоварии пахта Саломатро рӯзона дар хона ёфтан қариб ғайриимкон аст. Аммо кори мо омад кард - дар ин рӯз яке аз набераҳояш аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, оила ин рӯйдоди муҳиму хурсандиро ҷашн мегирифт.

Дар мавсими ҷамъоварии пахта - аз сентябр то декабр Саломат аз субҳ то шом дар саҳро аст. Танҳо дар рӯзҳои боронӣ маҷбур истироҳат мекунанд, аммо ин зани деҳқонзода медонад, ки ғунучини саривақтии ҳосил то чӣ андоза муҳим аст.

«Бо анҷоми мавсими ҷамъоварии пахта кори деҳқон тамом намешавад: заминро аз ғӯзапояҳо озоду шудгор кардан ва то ҳосили оянда бо ғизо таъмин намудан лозим аст. Ҳамаи ин корҳоро бояд то сар шудани сармои сахт анҷом дод. Ман аз хонаводаи деҳқонам, аз ин рӯ, ин масъулиятро хуб медонам,» - мегӯяд қаҳрамони мо.

Маҳз ҳамин масъулиятшиносӣ ва бетараф набудан Саломатро ба яке аз беҳтарин пахтачинҳо табдил додааст. Ҳамарӯза дар мавсим ӯ аз 90 то 160 кг "тиллои сафед" ҷамъоварӣ мекунад.

Имсол дар 20 рӯзи аввали мавсим Саломат зиёда аз 3 тонна пахта супорид. Ва дар яке аз рӯзҳо ҳатто 200 кг ҷамъоврӣ кард!

Барои ин рекордаш раҳбарияти Суғд ӯро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуд.

Дар озмун ӯ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагӣ мекард. Ҳамчунин занони ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Конибодом ва Зафаробод низ ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.

Истироҳати зиёд ба манфиати кор нест

Ҷамъоварии пахта кори осон нест. Дар Тоҷикистон, мисли тамоми Осиёи Марказӣ, онро дастӣ мечинанд ва ба ин кор асосан занон машғуланд.

Моҳҳои сентябр-октябр офтоб ҳанӯз гарм аст, аз ин рӯ, бисёриҳо сарпӯшҳои соябондор мепӯшанд
Сурат: Влада Хамидуллина

Гаштугузор дар байни қаторҳои ғӯзапояҳои пахта бо халта - пешдоман дар миён аз лиҳози ҷисмонӣ душвор аст.

Ғӯзапояҳои пахта пурхору дурушт буда, худи ғӯзапояҳо пастқоматанд, бинобар ин, кор барои пахтачинони қадпаст каме осонтар аст.

Дар халта тақрибан 20 кг пахта ҷой мегирад. Ҳосили ҷамъшударо аввал баркашида, сипас ба як тӯдаи умумӣ мерезанд.

Азбаски дар бригадаи Саломат ҳамаи занон калонсоланд, онҳо танҳо ба ҷамъоварии пахта машғул шуда, дар холӣ кардани халтаҳо мардон ёрӣ медиҳанд.

Ҳамаи ин занҳо кайҳо боз нафақахӯранд, аммо бо корҳои саҳроии рӯзона пул кор мекунанд
Сурат: Влада Хамидуллина

«Пешдоманҳо барои ҷамъоварии пахтаро худам медӯзам, пеш аз мавсим ба бозор рафта, матоъ мехарам. Хоки замин ҳамеша намнок аст, бинобар ин, пӯшидани ҷӯробҳои дароз ва гарм ҳатмист, барои ин ман ҷӯробҳои бофта дорам, - мегӯяд Саломат. – Инчунин мӯзаҳои баланд лозиманд, то дар байни ғӯзапояҳо осон роҳ гаштан имконпазир бошад. Моҳҳои сентябр-октябр офтоб ҳанӯз гарм аст, аз ин рӯ, бисёриҳо сарпӯшҳои соябондор мепӯшанд. Ва албатта дастпӯшакҳо низ лозиманд, аммо гоҳе бе онҳо ҳам мешавад».

Бригадаи Саломат чандон сершумор нест: 7-8 нафар занон, ки хурдтаринашон 65-сола ва калонсолтаринашон  76-сола мебошанд.

Калонсолтарин байни онҳо Норинисо Юнусова аст, ки 76-сола мебошад. Ӯ 15 сол аст, ки дар саҳро кор мекунад
Сурат: Влада Хамидуллина

Ҳамаи ин занҳо кайҳо боз нафақахӯранд, аммо бо корҳои саҳроии рӯзона пул кор мекунанд. Дар тирамоҳ – пахтачинӣ ва дар тобистон – ҷамъоварии зардолу.

«Барои 1 кило пахта мо 1,5 сомонӣ мегирем, пештар 1 сомонӣ медоданд. Агар заҳмат кашӣ, дар мавсим 4-5 ҳазор сомонӣ кор кардан мумкин аст. Ҳар қадаре бештар ҷамъ кунӣ, ҳамон қадар бештар мегирӣ. Аз як саҳро пахтаро дар се марҳила мечинанд. Ҳоло марҳилаи аввал ба охир мерасад. Одатан, пахтаи чиниши аввал аз ҳама сифатнок сернах ва зебост», - мегӯяд ин пахтачин.

Барои 1 кило пахта 1,5 сомонӣ пардохт мешавад. Дар мавсим (3-4 моҳ) 4-5 ҳазор сомонӣ кор кардан мумкин аст
Сурат: Влада Хамидуллина

Занҳо тамоми рӯзро дар саҳро паси сар мекунанд. Танаффуси нисфирӯзӣ як соат аст, аммо он аксаран то нисф кам карда мешавад, зеро истироҳати зиёд ба манфиати кор нест.

Деҳқонзода

«Бригадаи ман хеле хуб аст. Дар ин муддати тӯлонӣ мо ҳама дӯст шудем. Ҳангоми кор суҳбат мекунем, механдем, мусиқӣ гӯш мекунем, суруд мехонем, ва ҳамин тавр вақт ноаён мегузарад. Барои навкорон пахтачинӣ, албатта, душвор аст. Аммо ман ба ин кор одат кардаам, бинобар ин, бароям он қадр душвор нест», — мегӯяд Саломат.
Занҳо тамоми рӯзро дар саҳро паси сар мекунанд
Сурат: Влада Хамидуллина

Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, зеро тамоми хонаводаи ӯ — одамони замин, деҳқонони аслиянд ва ӯ дигар корро намедонад. Модаркалонаш пахтачинӣ карда, падар ҳам дар саҳрои пахта кор мекард. Хоҳарони Саломат низ ба пахтачинӣ машғул буданд.

Баъди издивоҷ ва таваллуди фарзандонаш ӯ базудӣ ба саҳро баромад. Саломат дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад ва тамоми умраш дар колхози ҳамин ҷо кор кардааст.

Баъди ба нафақа баромаданаш ҳам фикри хонашинӣ надошт. Дар қитъаи шахсии худ картошка ва сабзӣ парвариш мекунад. Дар тобистон зардолу ва гелос мепазанд. Ҳосили ҷамъшударо барои эҳтиёҷоти оилаи калонаш истифода мебаранд. Танҳо зардолуи хушкшуда барои фурӯш меравад.

Ғайр аз ин, дар мавсими тобистон Саломат дар ҷамъоварии зардолу кор мекунад.

Ҳангоми кор онҳо суҳбат мекунанд, шӯхиву ханда мекунанд, мусиқӣ гӯш мекунанд, суруд мехонанд ва ҳамин тавр вақт ноаён мегузарад
Сурат: Влада Хамидуллина

Дар зимистон ҳам бекор намемонад. Ӯ ҳунарманди моҳир аст — кӯрпаву кампал ва болиштҳо медӯзад.

«Вақте ки ба кори саҳро мебароям, фарзандонам маро сарзаниш мекунанд. Аммо ман бе кор нишаста наметавонам — фавран фишорам баланд мешавад. Дар тамоми умрам ҳеҷ гоҳ ҷиддан бемор нашудаам ва ба духтурон муроҷиат накардаам. Шояд ба он сабаб, ки бисёр ҳаракат мекунам, чунки ҳаракат — ин ҳаёт аст ва ҳаёт — ин ҳаракат, бахусус дар ҳавои софу тоза», — мегӯяд Саломат.

Соле як бор ин зани заҳматкаш истироҳат мекунад. Пеш аз мавсими пахтачинӣ ӯ дар ягон осоишгоҳи маҳаллӣ истироҳат мекунад: даҳ рӯз табобати физиотерапевтӣ ва масҳ гирифта, аз ташвишҳои рӯзгор фориғ мешавад. Ва сипас боз ба саҳро бармегардад.

Ҳамарӯза занон аз 90 то 160 кг "тиллои сафед" ҷамъоварӣ мекунанд
Сурат: Влада Хамидуллина

Орзуи ба ҳаҷ рафтан

Саломат 5 фарзанд, 18 набера ва 17 абера дошта, ҳама дар паҳлӯяш ҳастанд, ҳеҷ кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтааст. Шавҳараш ҳанӯз соли 1996 аз дунё гузаштааст. Дар корҳои саҳроӣ ба ӯ келин ва набераҳояш ёрӣ медиҳанд.

Дар як сол хонаи Саломат якчанд маротиба сермеҳмон мешавад. Дар рӯзи таваллуд, инчунин дар иди Қурбон ва Рамазон хонаводаи калонаш сари як дастархони калон ҷамъ меоянд.

Лекин лозим меояд, ки ҳама хешовандони сершуморро бояд якчанд бор қисм-қисм қабул кунад.

Ба савол дар бораи чӣ орзу доштанаш Саломат дарҳол посух надод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳо ҳар хел мегузаранд. Дар чунин синну сол кор карда тавонистану бемор набудан ин аллакай бахти бузург аст.

«Як орзу дорам — ба ҳаҷ рафтан, - гуфт ӯ баъди баъди каме андеша. - Худо хоҳад, соли оянда онро амалӣ мекунам. Орзуҳоям бошанд, хеле одиянд: фарзандону набераҳоям бемор набошанд. Мехоҳам бубинам, ки орзуҳои онҳо чӣ гуна ҷомаи амал мепӯшанд».

Агар саломатиш имкон диҳад, Саломат минбаъд низ кор хоҳад кард. «То 80-солагӣ кор мекунам, баъд шояд ба худ иҷоза диҳам, ки кампир шавам», — бо ханда мегӯяд ӯ.

Пахтаи ҷамъоварда кам аст

Қобили зикр аст, ки маъракаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ суст ҷараён дорад. Он метавонад то нимаи моҳи декабр тӯл кашад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то 25 октябри соли ҷорӣ 40% аз нақшаи пешбинишудаи ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Одатан, пахтаи чиниши аввал аз ҳама сифатнок сернах ва зебост
Сурат: Влада Хамидуллина

Аз аввали мавсим кишоварзони вилояти Суғд ҳудуди 55 ҳазор тонна, вилояти Хатлон - ҳудуди 166 ҳазор тонна ва Ноҳияҳои тобеи марказ - зиёда аз 1 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта аввалин шуда кишоварзони шаҳри Левакант мужда расониданд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои пахтакори дигар, аз ҷумла Конибодом, Дӯстӣ, Бобоҷон Fафуров, Спитамен, Кӯшониён, Шаҳритус, Вахш ва Ҷайҳун аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта хабар диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, мутаассифона, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Панҷ, Балхӣ, Носири Хусрав, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳринав ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, боиси нигаронӣ ва ташвиши масъулони соҳа аст.

Ба ақидаи мутахассисон, яке аз омилҳои асосии ҳолати пасти ҷамъоварии ҳосили пахта дар он аст, ки соли равон бо сабаби бориши зиёди борон муҳлати кишти пунбадона дертар оғоз шуда, инчунин, имсол мавсими пахтачинӣ назар ба соли гузашта қариб 20 рӯз дертар оғоз ёфт ва ба 17-уми сентябр рост омад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.