То нимаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 629 шахси бешаҳрванд ва 10 ҳазору 381 гуреза шахси паноҳҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст, ки аксари шахсони бешаҳрванд собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ё хешу табори онҳо мебошанд, ки ҳанӯз шаҳрвандии давлатҳои мустақилро дарёфт накардаанд.
“Бе доштани шаҳрвандӣ, дастрасӣ ба ҳуқуқ ва хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла таҳсил, тандурустӣ ва шуғл барои онҳо (шахсони бешаҳрванд дар назар аст,-идора) душвор мебошад”- гуфтааст ин ниҳоди байналмилалӣ.
Зимнан, Комиссариати олии СММ соли 2015 гуфта буд, наздик ба 42 ҳазор сокини Тоҷикистон шиноснома надоранд ё бо шиносномаҳое ба сар мебаранд, ки мӯҳлати эътиборашон гузаштааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Фарғона” бо такя ба иттилои дафтари Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ навиштааст, ки дар 10 соли охир шумораи шахсони бешаҳрванд дар кишварҳои минтақа 7 маротиба коҳиш ёфтааст.
Бар пояи ин маълумот, дар соли 2014, вақте ки маъракаи ҷаҳонии «IBelong» («Ман тааллуқ дорам») оғоз шуд, 252,2 ҳазор шахси бешаҳрванд дар тамоми Осиёи Марказӣ сабт шуда буд. Ба ҳолати 30-юми октябри соли ҷорӣ, ин нишондиҳанда дар минтақа то 34,2 ҳазор коҳиш ёфтааст.
Бештари онҳое, ки бешиноснома умр ба сар мебаранд дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар он ҷо 22,4 ҳазор шахси бешаҳрванд мавҷуд аст.
Баъд аз он Қазоқистон аст, ки дар он ҷо 7,4 ҳазор шахс бе шаҳрвандӣ аст.
Ба иттилои ин ниҳод, Қирғизистон ва Туркманистон бешаҳрвандиро пурра “решакан” карданд. Бар пояи гузориши UNHCR, Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2019 аввалин кишвари ҷаҳон гардид, ки дар он шахсони бешаҳрванд умр ба сар намебаранд.
Дар бораи чунин дастовард мақомоти Туркманистон дар миёнаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ хабар дода буданд.
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста