Дар зарфи 9 моҳ 49 ҳазор нафар дар Тоҷикистон расман бекор эътироф шудаанд, ки 1,8% аз шумори умумии аҳолии коршоямро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда бар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти меҳнат ва шуғл сабт шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 112 ҳазору 515 нафар шаҳрвандон ба мақомоти меҳнат ва шуғл муроҷиат кардаанд, ки 3,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Гуфта мешавад, сабабҳои асосии муроҷиатҳо мусоидат ба кор пайдо намудан ва омӯзиши касбу ҳунар мебошанд.
Мувофиқи меъёри Созмони байнулмилалии меҳнат ва қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” (соли 2003), ҳама гуна шахси синнусоли коршоям, ки айни замон кор намекунад ё шуғле барои даромад надорад ва дар ҳамин ҳол кор меҷӯяду омода аст, ки ба он машғул шавад, бекор эътироф карда мешавад.
Агар ба кадоме аз ин талабот ҷавобгӯ набошад, шахс бекор шуморида намешавад, яъне ӯ ба коре машғул асту даромад мегирад ё ба категорияи “қувваи корӣ” дохил нест (аз лиҳози иқтисодӣ фаъол нест).
Дар Вазорати меҳнат зикр карданд, ки мувофиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027, дар доираи амалисозии он мақомоти меҳнат ва шуғл бояд 355 ҳазор нафарро бо кор таъмин кунанд.
Дар зарфи 9 моҳ нишондиҳандаҳои барнома 93% иҷро шуданд, ки аз самаранокии баланди он гувоҳӣ медиҳад”, - изҳор доштанд дар Вазорат.
Ҳарчанд дар Вазорат доир ба теъдоди шаҳрвандоне, ки дар зарфи 9 моҳ бо кор таъмин шудаанд, маълумот надода бошанд ҳам, ба ҳолати моҳи октябри соли 2024 (10 моҳ) дар доираи татбиқи барнома 63 ҳазору 831 нафар бо кор таъмин шудаанд, ки 1,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 70 ҳазору 250 нафар шаҳрвандон дар курсҳои омодагии касбӣ таълим гирифта, аз расмиёти эътирофи салоҳиятнокӣ тариқи мақомоти меҳнат ва шуғл гузаштаанд. Аз ин миқдор 45 ҳазору 188 нафар дар марказҳо барои калонсолони назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таълим гирифтаанд.
“Дар Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳбуди ваззъият дар бозори меҳнат фаъолона корбарӣ карда, барои бо шуғл таъмин кардан ва баланд бардоштани малакаҳои касбии шаҳрвандон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меоранд”, - таъкид доштанд дар Вазорат.
Дар ин маводи мо таҳти унвони “Миллион мутахассис дар 4 сол. Дастури мақомот барои касбомӯзии шаҳрвандон” доир ба тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати касбомӯзӣ баҳри дарёфти кор маълумоти бештар муфассал қобили дарёфт аст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста