Дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар дод.
Ба навишти манбаъ, ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад.
“Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”, - навиштааст манбаъ.
Китоби мазкур достонҳои “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” ва “Мактаби кӯҳна” -ро дар бар мегирад.
Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Театри опера ва балет дар пойтахт, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.




Нахустин мураттиби “Сармашқ” бо забони тоҷикӣ. Масири як муаллимаи тоҷик, ки умри худро фидои таълиму тарбия кард
Насби суръатсанҷ ва дурбинҳои назоратӣ дар роҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон
Ҷомеа ҳам шаппотӣ задани хонанда ва ҳам ифтитоҳи парванда алайҳи омӯзгорро маҳкум мекунад
“Аз 7 то 75-солагӣ дар хидмати адабиёт аст”. Гузориш аз маҳфили Латофат Кенҷаева дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 октябри соли 2025
“Қатор”- и эътирофҳо Фаластинро аз “чангол”-и Исроил наҷот медиҳад?
Оғози баррасии парвандаи Парвиз Одинаев, ки ба азият ва куштори писараш гумонбар аст
Омбудсмени Тоҷикистон бо шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндони Ваҳдат шинос шуд
Бозору марказҳои савдои Душанбе се рӯз баста мешаванд
Қазоқистон гуфтааст, омода аст барқи НБО “Роғун”-ро харидорӣ кунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста