Дар Душанбе “100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистонро муайян карданд. Маросими қадрдонии чеҳраҳои муваффақ рӯзи сешанбе, 3-юми декабр, бо иштироки шахсиятҳои шинохта ва дар толори зиёфати Маркази “Оши палов” баргузор гардид.
Ба қавли ташкилкунандагон, ғолибон дар беш аз 10 номина, аз ҷумла дипломатия, хидмати давлатӣ, тиб, фарҳанг, маориф, рӯзноманигорӣ, тиҷорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзиш ва ғайра тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз миёни даҳҳо ҳазор иштирокчӣ муайян карда шуданд.
Дар номинаи “Рӯзноманигорӣ” ҷоиза ба Умед Бобохонов, роҳбари Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” тақдим гардид.
Ҳамчунин, олимон, табибон, варзишкорон, ходимони давлатӣ, блонависон ва дар умум, муваффақтарин чеҳраҳои кишвар соҳиби ҷоиза гардиданд.
“Барои ман боиси ифтихор аст, ки ба ин ҷоиза сазовор гардидам”, - гуфт Расул Боқиев, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин – 2008, ки яке аз ғолибони озмун эълон шуд.
“Бисёр хуб аст, ки дар ҳар бахш – муаллим, табиб ва дар умум, мутахассис қадрдонӣ мешавад”, - зикр кард Сайфуллоҳ Муллоҷон, муаррихи саршиноси тоҷик, ки ҷоизадори “100 чеҳраи муваффақ” гардид.
Чорабинии “100 чеҳраи муваффақ” аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” ташкил шуда, соли дуюм аст, ки баргузор мегардад. Соли гузашта яке аз ҷоизадорон Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гардида буд.
“Ҳадафи озмун муаррифии эҷодкорон, истеъдодҳои нав ва онҳое, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, мебошад”, - гуфт Додихудо Шарифзода, роҳбари кулли Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ”.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста