Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон интиқод кард. Дар ин бора хабаргузории “Медуза” иттилоъ медиҳад.
Раисҷумҳури Чеченистон гуфтааст, ки сиёсати кунунии ин мақомдорони давлатии Русия боиси бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ ва пайдоиши адовати миллӣ шудааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ аз минтақаҳо дур монда, бо мардум алоқа надоранд ва ин амал боиси пайдоиши тафриқа ва барангехтани адовати миллӣ мешавад.
“Чаро бо мо касе дӯст шудан намехоҳад? Чаро Украина ва Гурҷистонро аз даст додем? Чаро бо давлатҳои дигар муносибатҳо тангу торик аст? Сабаб дар он аст, ки мардум намедонанд дар давлат чӣ рӯй медиҳад. Онҳо ба минтақаҳо сафар намекунанд ва бо мардум гуфтушунид надоранд. Дар болои курсӣ нишаста, беқонунӣ мекунанд, ҷоеро намебинанд. Худованд қатъан онҳоро ҷазо хоҳад дод”, - гуфтааст Қодиров.
Инчунин, ӯ Колоколтсевро дар барангезии рӯҳияи зидди муҳоҷирӣ гунаҳгор кард, ки метавонад оқибатҳои номатлуб барои сохтори иҷтимоии Русия дошта бошад.
Ҳодисаи боздошти писарбачаи 14-солаи чеченӣ Муслим Мурдиев, ки барои муноқиша дар яке аз пркҳо дар боздоштгоҳ аст, аз ҷониби Қодиров низ интиқод карда, ин амалро намунаи дахолати беасос ба ҳуқуқи кӯдакон номидааст.
Ин бори нахуст нест, ки аз сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия интиқод мешавад. Натанҳо Александр Бастрикин ва Владимир Колоколтсев, ҳамчунин, дигар сиёсатмадорони рус ҳам ҳамвора ба зидди муҳоҷирон суханронӣ мекунад.
Чанд рӯи пеш Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунист, ки бо суханрониҳои зиддимуҳоҷиронаш машҳур аст, муҳоҷирони кориро ба беқурбшавии рубли Русия гунаҳкор кард.
Кадом мақомдори Русия ё вакили Думаи давлатии ин кишвар бар зидди муҳоҷирон бештар садо баланд мекунад, дар ин маводи мо хонед.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста