Имрӯз Ҳусейн Насриддинов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони машҳури даврони шӯравии тоҷик 95-сола шуд. Ӯ аз зумраи овозхононе буд, ки солҳо дар садри маъракаҳои муҳимми сиёсиву фарҳангии кишвар қарор дошт.
Ҳусейн Насриддинов агарчи таҳсили мусиқӣ накард, вале ҳамнишини устодони мусиқии тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Абдулло Назриев буд ва барои насли ҷавонтар - Зафар Нозимов, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов намуна маҳсуб мешуд.
Дар рӯзи мавлуд кӯшидем рӯзгор ва корномаи Ҳусейн Насриддиновро бозтоб диҳем ва муруре ба ҷаҳони афкору талхиҳои чашидаи овозхон дошта бошем.
Рӯзгоре дар чанд ҷумла
Ҳусейн Насриддинов 10-уми декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳринав ба дунё омад. Падараш Насриддин Ғафуров - арбоби барӯманди деҳа буд. Ӯ дугоник буд, вале бародараш Ҳасан дар кӯдакӣ аз олам гузашт.
Ҳусейн ҳунари ҳофизиро аз падар ба мерос гирифт. Модар низ дойрадасти моҳир, бародар ва амакҳояш ҳофизони номвари водии Ҳисор буданд. Соли 1953 Омӯзишгоҳи педагогии Орҷоникидзеободро ва соли 1971 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард.
Дар олами санъати тоҷик номи Ҳусейн Насриддинов бо оҳангҳои дилнишин ва садои гарму самимӣ пайванд хӯрдааст. Ӯ аз 18-20 солагӣ дар минтақаи Ҳисор ба сифати ҳофизи маҳаллӣ шинохта шуд ва тадриҷан ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати мусиқии тоҷик табдил ёфт.
Ҳусейне, ки пешниҳоди Бобоҷон Ғафуровро рад кард
Вохӯриву шиносоӣ бо Бобоҷон Ғафуров, роҳбари вақти Тоҷикистон ва модари ӯ Розия Озод нуқтаи сарнавиштсози зиндагии Ҳусейн Насриддинов мешуд, агар бо ҳукми тақдир пешниҳоди Ғафуров рад намегардид.
Ин воқеа аз як озмуни мусиқӣ сар шуд, ки дар он Насриддинов ду ғазал – яке аз Ҳабибуллоҳ Назаров бо номи “Чаро?” ва дигаре аз Розия Озод бо матлаъи “Ба ҳар ҷое, ки бошам бар сарам бошад хаёли ту” - иҷро намуд.
Баъд аз иҷрои ғазали Розия Озод кафкӯбии баланд шуд. Дар толор иттифоқан Бобоҷон Ғафуров ва модараш шоираи маъруф Розия Озод ҳузур доштаанд. Рӯзи дигар Бобоҷон Ғафуров ӯро ба хонааш даъват кард.
Дар ин мулоқот Бобоҷон Ғафуров ба Ҳусейн Насриддинов пешниҳод кард, ки “барои такмили садоятон шуморо барои таҳсил ба Консерваторияи Маскав бифиристем?”. Ӯ хост розигии падарашро бигирад.
Худи Ҳусейн Насриддинов мегӯяд, “падарам маро бодиққат шунида, гуфтанд, ки албатта таҳсил дар риштаи мусиқӣ ва боз дар Маскав хуб аст. Аммо ту ягона марди хонавода ҳастӣ, аз пешам ба ҷои дуртару ба мӯҳлати дарозтар рафтанатро таҳаммул карда наметавонам. Биё писарам, дар ин чанд рӯзи боқимондаи умрам ҳамроҳи ман, дар паҳлӯям бош. Рости гап, ин суханҳоро қиблагоҳам бо як тарзе гуфтанд, ки дигар натавонистам, ки маслиҳаташонро қабул накунам”.
Ин гуна шуд, ки Ҳусейн Насриддинов дар риштаи писандидааш таҳсил карда натавонист ва касбиятро аз падар ва печухами зиндагӣ омӯхт.
Вазни шеъру оҳанги Ҳусейн Насриддинов
Ҳусейн Насриддинов аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар саҳнаи овозхонии тоҷик намоён шуд ва чун яке аз овозхонони маънисарои замони шӯравӣ шинохта гардид. Дар интихоб ва иҷрои сурудҳояш ӯ ба оҳангҳои классикӣ ва халқӣ такя карда, кӯшиш мекард, ки лаҳну зарби сурудҳояш дилчасп, форам ва таъсирбахш бошанд.
Ӯ ба мухаммасҳои шоирони классикӣ - Нозим, Шавкат, Саййидо ва Васлӣ оҳанг баст. Инчунин, қисматҳои достонҳои машҳури панду ахлоқӣ чун “Қумринома”-и Ҷалолуддини Румӣ, “Насиҳатнома”-и Носири Хусрав ва “Бӯстон”-и Саъдиро ба оҳанг дароварда, ба ин васила шӯҳрат ёфт.
Дар марҳилаи баъдии фаъолияти эҷодии худ Ҳусейн Насриддинов ба офаридани оҳангҳо барои ашъори шоирони муосири тоҷик рӯй оварда, бахусус ба ғазалҳои Абдулқосим Лоҳутӣ диққати махсус дод. Эҷодиёти Лоҳутӣ, ки дар бар дорандаи мазмунҳои ватанпарварона, иҷтимоӣ ва инсонӣ буд, барои Насриддинов заминаи хубе гардид, то тавонад ҳиссиёт ва андешаҳои шоирро бо забони мусиқӣ интиқол диҳад.
Дило хомӯш шав, в-арна кабобат мекунам охир,
Ба оҳе дар танӯри сина обат мекунам охир!
Аз ғамхониҳо то дарди фироқи Ҳусейн Насриддинов
Аммо Ҳусейн Насриддинов бештар ба он ашъоре оҳанг бастааст, ки басо ғамангез аст ва аз ҷигарсӯзиҳои овозхон шаҳодат медиҳад. Оҳангҳои ӯ аз азияту ранҷи инсонӣ, дилшикастагиҳо ва фоҷиаҳои зиндагӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳама дар садои сӯзноку пурэҳсоси ӯ инъикос меёбад.
Барои хотирам ғам офариданд,
Туфайли чашми ман нам офариданд.
Ӯ дар давоми фаъолияти эҷодии хеш чандин сурудашро ба номи аввалин ҳамсараш, ки бо сабаби фарзанддор нашудан ҷудо шуд, бахшидааст. Ин сурудҳо гувоҳи он аст, ки овозхон на танҳо дарди ҷудоиро аз сар гузаронидааст, балки онро дар эҷодиёти хеш инъикос намудааст.
Худи овозхон мегӯяд, пас аз барҳампошии оила “хеле азоби рӯҳӣ кашидам” ва меафзояд, “ҳатто намехостам, ки суруд бихонам”. Ҳоло дар таронаҳояш метавон дарди фироқро эҳсос кард, ки нишон медиҳад Ҳусейн Насриддинов ба ин воқеаи зиндагиаш бетараф набуда ва онро ҳамчун таҷрибаи талх, вале муҳимми зиндагӣ қабул кардааст.
Ёр омаду ман тоқати дидор надорам,
Аз худ гилае дораму аз ёр надорам.
Шодам, ки ғами ёр зи худ бехабарам кард,
Боре хабар аз таънаи ағёр надорам.
Сарфи назар аз ҳама дарду аламҳо овозхон ҳамвора, то 80-солагиаш дар рӯи саҳна монд ва ҳаводоронашро ба ғанимат донистани ҳар лаҳза даъват мекард:
Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад.
Вале мо меравем аз он, ҳамин дамро ғанимат дон!
Таронаҳое, ки аз даст рафтанд
Ҳусейн Насриддинов беш аз 500 суруд офарид ва солҳои дароз дар радиои Тоҷикистон онҳоро сабт кард. Ӯ бо як таассуфи амиқ дар мусоҳибае гуфтааст, ки танҳо 11 суруд дар фонди тиллоии радио боқӣ мондаанд.
Дар гуфтаҳои пурэҳсоси ҳунарманд дарди аз даст рафтани мероси фарҳангӣ ҳувайдост. Ӯ бо як ҳисси андӯҳ ва ҳамзамон умеду ҳавасмандӣ гуфта, ки чӣ гуна бархе аз беҳтарин таронаҳои мактаби Шашмақом, ки ӯ бо нозукиҳои комил иҷро мекард, акнун танҳо дар хотираҳо боқӣ мондаанд.
Ҳусейн Насриддинов ҳарчанд аз ин фоҷеаи ҳунариаш дилгир буд, вале умед ба сабтҳои ҳаводоронаш дошт, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тӯю маъракаҳои суруд хондаву дӯстдорони мусиқӣ сабт кардаанд.
Ҳусейн Насриддинов 30-юми ноябри соли 2016 дар 88-солагӣ дар деҳаи Элокӣ аз олам даргузашт ва ҳоло дар зодгоҳаш мактабе ба номаш ниҳода шудаву оҳангҳояш номашро зинда нигоҳ медорад.
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста