Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар зодгоҳи ӯ - Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии шаҳри Бухоро ворид шудааст. Дар ин хусус сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар саҳифаи фейсбук хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қарори мазкурро рӯзи 5-уми декабр имзо кардааст.
“Ин иқдом дар арафаи ҷашни 150-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ туҳфаи муносиб мебошад. Ба ин хотир корҳои омодагӣ дар деҳаи Соктаре вусъати тоза гирифта, осорхонаи устод аз нав таъмир хоҳад гашт”, - навиштааст сафорат дар саҳифаи Фейсбук.
Қобили зикр аст, ки қаблан соли 2023 ҳокими вилояти Бухоро ва намояндагони сафорати Тоҷикистон тасмим гирифта буданд, ки осорхонаи мазкурро таъмиру навсозӣ мекунанд.
Садриддин Айнӣ даҳҳо асарҳои манзуму мансур навиштааст, ба мисли “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Дохунда”, “Мактаби кӯҳна”, “Ёддоштҳо” ва ғайра, ки намунаи олиии эҷодиёти ӯ мебошанд. Чанд сол қабл дар Тоҷикистон бархе аз китобҳои Садриддин Айниро дар шакли “Куллиёт”, ки аз 15-ҷилд иборат аст, нашр карданд.
Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии Садриддин Айнӣ боғи ҳамноми ӯ дар шаҳри Душанбе таъмиру азнавсозӣ гардид. Инчунин дар замони шӯравӣ ду муҷассамаи дигари Айнӣ дар назди Хонаи адибон ва дар майдони назди Садбарги пойтахт гузошта шуда буд. Театри академии опера ва балет, Донишгоҳи омӯзгорӣ, кӯчаву хиёбон, инчунин чандин мактабу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шарафи устод Айнӣ номгузорӣ шудаанд.
Соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб дар шаҳри Душанбе Хона-музейи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд. Ӯ дар хона-музейи мазкур, ки дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода №1 воқеъ аст, аз солҳои 1951 - 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш низ баъди марги ӯ чандин сол дар ин хона иқомат мекарданд.
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста