Кумитаи андози Тоҷикистон 3 андозсупорандаи беҳтаринро дар соли 2024 муайян кардааст. Беҳтаринҳо бо диплом қадрдонӣ шуданд, хабар медиҳад нашрияи расмии Кумита - “Боҷу хироҷ”.
Ба иттилои манбаъ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и шаҳри Душанбе, ҶДММ корхонаи муштараки “Муосир”-и ноҳияи Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-и шаҳри Душанбе беҳтарин андозсупорандаи соли 2024 интихоб шудаанд. Бояд гуфт, ки номи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” моҳи августи соли 2024 дар рӯйхати калонтарин қарздорон аз андоз зикр шуда буд ва гуфта мешуд аз андоз 189 млн сомонӣ қарздор аст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки онҳо “бо нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамчун андозсупорандаи беҳтарин дониста шуданд”.
“...дар асоси нишондиҳандаҳо оид ба риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, сари вақт ва пурра таъмин намудани пардохти маблағи андоз, ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, нисбат ба соли қаблӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз, “Андозсупорандаи беҳтарини сол” интихоб карда мешавад”, - навиштааст “Боҷу хироҷ”.
Гуфта шудааст, ки онҳо дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андоз андозсупорандаи беҳтарини соли 2024 интихоб шудаанд ва чанд нафари дигар ҳам ҳамчун “Нозири беҳтарини сол” интихоб ва бо дипломи Кумита қадрдонӣ шудаанд.

Тибқи анъана Кумитаи андози Тоҷикистон ҳар сол беҳтарин андозсупорандаи солро маълум карда, ба онҳо диплому ифтихорнома медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи он ҳавасманд гардонидани андозсупорандагон ва ҷалби бештари онҳо ба роияи қонунгузории андоз мебошад.
Дар соли 2022 КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и шаҳри Душанбе, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶДММ “Газпром нефт Таджикистан”-и шаҳри Душанбе беҳтарин андозсупорандаи сол эълон шуда буданд.
Эълони беҳтарин андозсупорандаи соли 2024 дар ҳолест, ки бисёре аз андозсупорандагон аз сарбории андоз шикоят мекунанд ва ниҳодҳои байналмилалӣ низоми андозбандии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Аммо масъулони мақомоти андоз ин интиқодҳоро рад мекунанд.
Калонтарин қарздорон киҳоянд?
Кумитаи андоз дар баробари эълони беҳтарин андозсупорандагон, ҳамасола рӯйхати ширкатҳое, ки аз пардохти андоз қарздоранд ва ё уҳдадории худро иҷро намекунанд, низ нашр мекунад.
Бори охир, моҳи августи соли гузашта зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфт, ки то 1-уми июли соли 2024 маблағи қарз аз андоз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 113 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Давлатзода калонтарин қарздорон аз пардохти андозро номбар кард, ки аз нисфи зиёди қарз ба онҳо рост меояд. Инҳо корхонаҳои зерин мебошанд:
- ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 220 млн сомонӣ;
- ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 189 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи “Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ” – 96 млн сомонӣ;
- ширкати “ТАЛКО Ресурс” – 78 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – 76 млн сомонӣ;
- кони ангишти “Зидди” – 22 млн сомонӣ;
- ҶСК “Алюминсохтмон” – 20 млн сомонӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, соли гузашта дар мавриди маҷбурӣ ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ нисбати қарздорон қарорҳо қабул шудаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2025
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста