Сорбон - яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик 85-сола шуд. Мавсуф нависандаест, ки бо осори худ насри тоҷикро ба як зинаи нав баровард. Пажӯҳишгарон ӯро на танҳо як эҷодкор, инчунин, падидаи нодири адабӣ ном мебаранд, ки бо услуби хосаш номвар шудааст.
Ба муносибати 85-солагии Сорбон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид. Ҳарчанд худи соҳибҷашн бинобар вазъи саломатиаш ҳузур надошт, муҳаббати дӯстдорони адабиёт ва эҳтироми ҳамкасбонаш дар фазои маҳфил эҳсос мешуд.
Дар ин маҳфил на танҳо зиндагиномаи ӯ, ҳамчунин таъсири осораш ба адабиёти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Осори Сорбонро мунаққидон ҳам васф мекунанд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Сорбонро на танҳо як эҷодкор, инчунин, як падидаи нодири адабӣ мешуморад, ки бо услуби нотакрораш номвар гаштааст.
“Ҳеҷ лутфе нест ва бемуҳобо гуфта метавонем, ки Сорбон яке аз нависандагони беҳтарини адабиёти тоҷик аст”, - гуфт ӯ.
Аз “Гап дар дил” то “Даричаи дил”
Сорбон, ки аз солҳои 60-ум ба нависандагӣ оғоз карда, бо нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш – “Гап дар дил” – ба саҳнаи адабиёт ворид шуд, то имрӯз бо осори худ насри тоҷикро ба зинаи баландтаре расонидааст.
Сироҷиддин Икромӣ, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, таъкид мекунад, ки “Сорбон вақте ба навиштани насри реалимизми сотсиалӣ оғоз кард, ки дар ин қолаб навиштан мамнӯъ буд. Ӯ бо ҷуръати хоси эҷодӣ ва сабки худ насри моро ба марҳилаи нави адабӣ ворид кард”.
Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки роҳи эҷодии Сорбон ҳамвор набуд: “Пас аз нашри аввалин романаш – “Актёр” дар солҳои 1980-ум, бо вокунишҳои сахти мунаққидон ва ҳамқаламон рӯбарӯ шуд. Имрӯз маълум шуд, ки ин роман на танҳо яке аз беҳтарин осори Сорбон, балки яке аз романҳои беҳтарини адабиёти тоҷик аст”.
“Ман насри андеша менависам, бароям муҳим он аст, ки хонанда пас аз хондани осори ман ба фикр фурӯ равад”, - гуфтааст Сорбон дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Аз солҳои 60-ум ба ин сӯ роману ҳикояҳои Сорбон яке паси дигар нашр мешуданд ва ҳар кадоме бо муҳтавои амиқи худ саҳме дар огоҳии ҷомеа мегузошт. Имрӯз 12 ҷилди қуллиёти Сорбон ба табъ расида, 2 ҷилди дигараш дар дасти чоп аст. Дар маҳфили 85-солагиаш романи нави ӯ – “Даричаи дил” рӯнамоӣ шуд, ки бозгӯйи андешаҳои тоза ва нигариши амиқи ӯ ба зиндагист.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо ишора ба романи нави Сорбон дар ҷашнвораи ӯ гуфт: “Боз кардани даричаи дили устод Сорбон осон нест. Худаш гуфтаст, ки “то ҳол кашф нашудаам”. Дуруст ҳам мегӯяд. Устод то ҳол бисёр андешаҳо дорад, ки рӯйи қоғаз наёвардааст”.
Давлати пирии Сорбон
Ҳарчанд солҳои ахир вазъи саломатии ӯ бад шуд, аммо ҳамоно бо қалам ва коғаз машғул аст. Бо вуҷуди солмандӣ, ӯ бо андешаҳои тоза ва нигоҳи амиқ ба зиндагӣ ҳанӯз ҳам саҳми худро ба адабиёти тоҷик мегузорад.
Ҳоло Сорбон дар ҳалқаи пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Тайи солҳои ахир вазъи саломатии нависанда нохуб шуд ва ҳатто як ҷарроҳии дилро паси сар кард. Ҳанӯз сарипост ва пайваста талош дорад, ки бо андешаҳои тоза ва нигоҳе амиқ ба зиндагӣ ба адабиёт саҳм гузорад.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста