Дар Душанбе имсол сохтмони ду эстакада, яке дар маҳаллаи сирки давлатӣ ва дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат”, оғоз мешавад. Дар ин бора дирӯз, 10-уми феврали соли 2025, зимни нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода шуд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла тамбашавии нақлиёт бояд ҳал шавад. Ӯ зикр кард, ки пеш аз шуруъи корҳои сохтмонӣ роҳҳои алтернативӣ бояд фароҳам шаванд.
“Бе сохтмони роҳҳои алтернативӣ мо ба тамбашавӣ ва бозисти ҳаракат рӯбарӯ мешавем”, - гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, Муҳаммадюсуф Раҳимзода, роҳбари Раёсати сохтмони роҳҳои шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки “Лоиҳаи сохтмони эстакадаи дусатҳа дар хиёбони С.Шерозӣ (аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров)” бо ҷалби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳия шудааст.
“Корҳои омодагӣ аллакай ба итмом расидаанд, сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад”, - гуфт Раҳимзода.

Дар баробари ин , лоиҳакашии эстакадаи дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров дар маҳаллаи маъруф ба “Мясокомбинат” идома дорад. Дар доираи ин лоиҳа, шаҳрдорӣ бо як ширкати чинӣ созишнома бастааст ва он ба наздикӣ корҳои омодагиро дар ин минтақа оғоз мекунад.
Дар ин минтақа сохтмони 5 иншооти инфрасохтори нақлиётӣ дар назар аст. Онҳо дар буриши кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо сохтмони пул аз дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров, Абай ва А. Қаҳҳоров, Саъдӣ Шерозӣ ва Ҳафизи Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Ҳабибулло Назаров ва Шерализода сохта мешаванд.
Бояд гуфт, ки созишнома оид ба маблағгузорӣ бо БАТР ҳанӯз моҳи апрели соли 2024 ба имзо расида буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ҳаҷми қарз 28,45 млн евроро ташкил мекунад.
Дар доираи ин лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста