Дар Русия муовини шаҳрдори Митиш, ки ба хонаводаи зодаи Тоҷикистон сертификати манзил дод, боздошт шудааст. Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, ӯ барои амалҳои нодуруст дар раванди додани сертификат муттаҳам мешавад. Таҳмина Самадова, модари 7 фарзанд ва шаҳрванди Русия, аввали моҳи январ сертификати хонаи арзишаш 24 миллион рублро гирифта буд.
Манбаъ навиштааст, муовини шаҳрдор сардори комиссияе буд, ки хонаводаи Таҳмина Самадоваро ҳамчун хонаводаи камбизоат эътироф карда, сертификати хонаро додааст.
Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст. Гӯё Самадова даромади шавҳарашро кам нишон додааст.
Муфаттишон алайҳи муовини шаҳрдори Митиш тибқи моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия (“хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Инчунин, пас аз тафтишот, хонаводаи Таҳмина Самадова аз рӯйхати хонаводаҳои камбизоат бароварда шудааст.
Охири моҳи январ Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон ва модари 7 фарзанд, ҳам дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба қаллобӣ ҳангоми дарёфти кумакпулӣ барои манзил (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) боздошт шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.
Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, зану шавҳар, ду зодаи Тоҷикистон, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд рӯзи 13-уми январ соҳиби гувоҳнома барои манзил шуданд. Онҳо қаблан бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.
Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест.
Тафтишот ҳамоно идома дорад.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста