Агентии зиддифасод феҳристи ниҳодҳоеро, ки дар соли 2025 мавриди санҷиш қарор мегиранд, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ҳар талабу пешниҳод ва иттилое, ки дар бораи ниҳодҳои зикршуда доранд, ба Агентӣ ирсол намоянд.
Ба иттилои манбаъ, имсол ниҳоду муассисаҳои зерин мавриди санҷиш қарор мегиранд:
1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Академияҳои миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
4. Иттифоқҳои адвокатҳо;
5. Иттифоқи “Тоҷикматлубот”;
6. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”;
7. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
10. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд.
Манбаъ менависад, ин амалиёт барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ ва шаффофияти фаъолияти онҳо гузаронида мешавад. Бо ин мақсад аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки маълумот дар бораи шаффофияти фаъолияти ниҳодҳо, сатҳи баррасии муроҷиатҳо дар он, дастрасӣ ба иттилоот, фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо, ҳамчунин таклифу пешниҳодоти худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ирсол намоянд.
Бояд гуфт, Агентии зиддифасод ҳамасола рӯйхати ниҳодҳоеро, ки санҷиш гузаронида мешавад, нашр мекунад. Соли пеш низ ин ниҳод эълон карда буд, ки Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа ва як қатор муассисаҳои дигар таштиш мешаванд. Вале ҳамасола натиҷаи ин тафтишҳо норӯшан монда, расонаӣ намешаванд. Ин дар ҳолест, ки баъзе ниҳодҳо аз Агентии зиддифасод дархост мекунанд, ки фаъоляити онҳоро санҷиш кунанд. Аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз ин Агентӣ чанд соли охир талаб мекунад, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо чун ҳамеша, натиҷаи санҷиш расонаӣ намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард. Ӯ гуфт, дар ҳукуматҳои маҳаллӣ (257 ҳолат), соҳаи маориф ва илм (172 ҳолат) ва бахши мудофиа (171 ҳолат) ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар содир шудааст.





Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста