“Шаби қадр” (Лайлат ал-Қадр) яке аз шабҳои муқаддас дар моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон ба шаби 26-27 март рост меояд. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки “Шаби қадр” барои мардуми мусалмон ҷойгоҳи баланд дошта, беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.
Гуфта мешавад, ки дар ин шаб Қуръон ба Паёмбар Муҳаммад (с) нозил шуда буд. Дар сураи "Ал-Қадр" гуфта шудааст, ки ибодат дар ин шаб беҳтар аз ибодат дар ҳазор моҳ аст.
Дар ин шаб мусулмонон ибодати махсус мекунанд, намози шаб (таҳаҷҷуд) мехонанд, Қуръон тиловат мекунанд ва дуоҳои махсус мегӯянд. Инчунин, бисёриҳо тамоми шабро бедор мемонанд ва ба ибодат машғул мешаванд.
Аз Шӯрои уламо бо такя ба ояти Қуръон дар бораи “Шаби қадр” чунин гуфтанд:
“Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст”.
Ин сураи қуръон бо номи “Ал-Қадр” номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои “Шаби қадр” нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагонаш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад”.
Аксари олимони ислом бар он ақидаанд, ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон (шабҳои 21, 23, 25, 27 ё 29) меояд. Бисёр мусулмонон шаби 27-уми Рамазонро ҳамчун шаби қадр қайд мекунанд, аммо дақиқан таърихи он маълум нест. Соли гузашта он ба шаби 17 ба 18-уми апрел дар рӯзи 27-уми моҳи Рамазон фаро расида буд.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста