Намояндаҳои чанд донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷа бо мақсади ҷалби довталабони тоҷик барои таҳсил дар муасссиаҳои олии таълимии худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо то 18-уми апрел дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон имкониятҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Дар робита ба ин, дар Тоҷикистон чанд рӯз боз “Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷа” идома дорад, ки дар он 180 намоянда аз 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 кишвар, аз ҷумла, Амрико, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд. Фестивал 14-ум оғоз шуда, то 18-уми апрел идома меёбад.

Дар он ҳамчунин, масъулини вазорат, донишгоҳҳо ва донишҷӯёну хатмкунандагони мактабҳои кишвар ширкат мекунанд.

Мақомот мегӯянд, дар рӯзи аввали фестивал – намоишгоҳ, ки рӯзи 14-уми апрел дар “Маркази ЭКСПО–Душанбе” баргузор шуд, зиёда аз 6 ҳазор хонанда дидан карданд.

Намоиш дар шаҳри Бохтар дирӯз, 16-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар» гузашт ва дар шаҳри Хуҷанд пагоҳ, 18-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд»  мегузарад.

Фестивал – намоишгоҳ дар “Маркази ЭКСПО–Душанбе”
Акс аз Вазорати маориф ва илм

Ҳадафи баргузории ин фестивал густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ ва фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба ин донишгоҳҳо ва ҷалби онҳо ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ мебошад.

“Намоишгоҳи мазкур барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд,” - навиштааст манбаъ.
Маросими расмии кушодашавии фестивал-намоишгоҳ
Акс аз Вазорати маориф

Дар маросими расмии кушодашавии фестивал-намоишгоҳ, ки 15-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазир, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ва сафирони чанд кишвар, масъулини донишгоҳҳои кишвар ва 82 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ширкат карданд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазору 400 донишҷӯи тоҷик дар 42 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30% онҳо духтарон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.