Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим тағйироти нави ҳаҷро ба “Азия-Плюс” шарҳ дода, гуфтанд, ки солҳои қабл зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе пеш аз оғози маросими ҳаҷ, ба Арабистони Саудӣ рафта, он ҷо меистоданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ҳаҷ мекарданд.
Бар асоси тағйироти наве, ки Вазорати корҳои дохилаи Арабистони Саудӣ онро нашр кард, аз 29-уми апрели 2025 барои ворид шудан ба шаҳри Макка ва адои ҳаҷ фақат онҳое, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд, иҷозат хоҳанд дошт.
Яъне, тақрибан ду моҳ пеш аз маросими ҳаҷ маҳдудият ҷорӣ шуд, ки ҷилави ғайриқонунӣ ба шаҳри Макка даромада, иқомат гирифта, ҳаҷ карданро мегирад.
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфтанд, ки дар асоси ин тағйирот минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои кишварҳои дигар ба сафари ҳаҷ мераванд, имкони ба шаҳри Макка даромадан надоранд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Русия ба умра мераванд ва бо будубоши ғайриқонунӣ барои чанд муддат, талош мекунанд маносики ҳаҷро адо намоянд.
“Дигар бо раводиди сайёҳӣ, умра ё тиҷоратӣ аслан вориди Макка шудан ғайриимкон шуд. Акнун набояд шаҳрвандони кишвари мо бо ширкатҳои кишварҳои дигар ба ҳаҷ раванд, зеро ҳаҷро адо карда наметавонанд ва бо вуҷуди ин ҷазои сангин ҳам мегиранд”, - гуфтанд аз ин Кумита.
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таъкид карданд, ки “сарфи назар аз баёнияҳои Кумита, бинобар арзон пешниҳод намудани сафар шаҳрвандони мо бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ба ҳаҷ мерафтанд, вале баъди анҷоми мавсими ҳаҷ баъзе аз шаҳрвандони кишвар ба мо муроҷиат мекарданд, ки мавриди фиреби ширкатҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд”.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, зоҳиран бо дарназардошти нашри густурдаи тарғиботи ширкатҳои хориҷӣ дар фазои маҷозӣ имсол низ ба эҳтимоли зиёд бисёре аз шаҳрвандони кишвари мо барои адои ҳаҷ ба чунин ширкатҳо муроҷиат кардаанд.
“Дар солҳои гузашта чунин ширкатҳо зоиронро то шаҳри Макка бурда, бо ҳамин дигар хидмат намерасониданд. Махсусан, барои ба Минову Арафот баровардани зоироне, ки ба таври ғайриқонунӣ сафар кардаанд, мушкилоти қонунӣ ба вуҷуд меомад. Имсол бошад, кишвари мизбони ҳаҷ тасмим гирифтааст, ки аслан чунин зоирони ғайрирасмиро ба ҳудуди шаҳри Макка ҳам роҳ надиҳад”, - шарҳ доданд аз Кумитаи дин.
Мавриди зикр аст, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки имсол дар ҳеҷ сурат бо ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ ба ҳаҷ нараванд, ки дучори мушкил гардида, имкони адои ҳаҷро пайдо намекунанд.
Зикр кардан ба марид аст, ки тартиби нави Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дар пайи он, даъвати Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон танҳо ба адои ҳаҷ рабт дорад. Сафари умра мисли пешин озод аст.
Бояд гуфт, ки замони сафари ҳаҷ - 2025 нимаи дуюми моҳи май муқаррар шуда, он то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адои рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста