Имрӯз, Юсуфҷон Аҳмадов – шахси меҳнатдӯст, меҳанпараст, раҳбар ва корманди сарсупурдаи бахши саноат ва сиёсатмадори соҳибэҳтироми кишвар 75-сола шуд.
Ӯ 24-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб, соли 1967 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1972 бо тахассуси муҳандис – механик хатм кардааст.
Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатиашро дар собиқ коргоҳи “Автозапчаст” (баъдан номи корхона ба Коргоҳи таҷҳизоти тормозӣ ва ҶС “Бодом” иваз карда шуд) оғоз ва идома дода, дар вазифаҳои гуногун - муҳандис, технолог, усто, устои калон, сардори истеҳсолот ва сармуҳандиси корхона фаъолият ва моҳи апрели соли 1987 директори коргоҳи номбурда интихоб гардидааст.
Дар муддати роҳбарии Юсуфҷон Аҳмадов ба ҳайси роҳбар, корҳои зиёд баҳри мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ – техникӣ, муҷаҳҳазгардонии сехҳои истеҳсолӣ бо хатҳои нави дастгоҳҳои замонавӣ ба сомон расонида шуданд.

Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии коргарон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти шаҳр, як қатор иншоотҳо, ба монанди Маркази истироҳати бачагонаи “Насими кӯҳсор” дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов (ҳоло Куҳандиёр), Коргоҳи шағалбарорӣ дар деҳаи Кӯшкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев, Коргоҳи истеҳсоли дучархаҳо, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Исроил “Чар” барои истеҳсоли аробачаи маъюбон, ду боғчаи бачагона, табобатгоҳ - фароғатгоҳи “Бодом”, сохтмони 7 хонаи бисёрошёна барои коргарон, Қасри варзиш сохта, ба истифода дода шуд, маҳаллаи аҳолинишини – кӯчаи ба номи собиқ роҳбари коргоҳи “Автозапчаст” Ҷаббор Холматов барои 50 оилаи коргарони коргоҳ ташкил гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Юсуфҷон Аҳмадов ҳамчун роҳбар – шахси донишманд, серталабу масъулиятшинос ва ғамхор, дар байни коргарон ва берун аз корхона соҳиби обрӯву эътибор гаштааст. Сазовори боварии халқ буданаш аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони Конибодом Юсуфҷон Аҳмадовро 4 маротиба, аз соли 1990 то 2010, ҳамчун вакил ба парламенти кишвар интихоб кардааст.

Дар парлумон ӯ ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, аъзои раёсати Маҷлиси намояндагон, ҳамраиси Комиссияи байнипарлумонии ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия, ҳамраиси Комиссияи байнипарлумонии дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Туркия кор кардааст.
Пештар аз ин, соли 1993 Юсуфҷон Аҳмадов ба ҳайси аъзои комиссияи Маҷлиси Олӣ барои таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон, солҳои 1990 – 1995 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, солҳои 1995 – 2000 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят низ фаъолият намудааст.
Ӯ иштирокчии Иҷлосияи XVI даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1994 узви раёсати Иттифоқи илмӣ – саноати Тоҷикистон мебошад.
Меҳнати Юсуфҷон Аҳмадов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ – медали “Барои меҳнати шоён”, медалҳои ҷашнии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, нишони “Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати автомобилсозии СССР қадршиносӣ шудааст.
Равшан Раҷабзода, доктори илми ҳуқуқ, вакили пешини парлумон, дӯст ва ҳамандешаи Юсуфҷон Аҳмадов
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста