Дар Душанбе як ҳафтаи охир ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту 2025” баргузор гардид, ки коргардонону ҳунармандону ҳаводорони санъатро ба театрҳо ҷамъ овард. Аммо ба қавли ҳолдонҳо, ин ҷашнвора имсол бидуни падидаи ҳунарӣ ҷамъбаст гардид ва “тақсими мерос”-ро монд.
Довари озмун ва коргардони тоҷик мегӯянд, ки театри мо ҳадди аққал 60 сол аз театрҳои ҷаҳонӣ ақиб мондааст, вале ҳунармандон аз адами нақшофарон нигаронӣ доранд: “азбаски ҳунарманд намерасад, ҳатто директори театр нақш меофарад”.
Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт? Мо ба ин савол посух ҷустем.
“Намоишномаи ба Шоҳҷоиза арзанда надоштем”
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, довари ҷашнвораи “Парасту 2025” мегӯяд, ки имсол дар фестивал намоишномаи ба Шоҳҷоиза арзанда надоштем, вале дар қиёс ба дигар намоишномаҳо Шоҳҷоиза ба Театри Лоҳутӣ барои намоишномаи “Достони Сиёвуш” эҳдо шуд.
Ба гуфтаи ӯ, “барои аҳли театр ҳоло ҳама шароит муҳайё аст, саҳна, маблағ, сару либос ҳаст, ҳатто имсол шоҳид будем, ки тамошобин ҳам зиёд буд, вале сол ба сол аз Парасту то Парасту сатҳи намоишномаҳо паст шуда истодааст”.
“Имсол намоишномаҳо қариб якранг буд. Ҳамон эстетикае, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта дар театр истифода мекарданд, имрӯз ҳам аз он дур нарафтаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, “дар варзиш медали олимпӣ ва рекордӣ олимпӣ ҳаст, агар дар ин қиёс ҷашнвораи театрии “Парасту 2025”-ро ҷамъбаст кунем, медалҳои намоишномаҳоро додем, вале имсол рекорд надоштем”.
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ гуфт, ки имсол, ба фарқ аз солҳои пешин, пас аз ҳар намоишнома доварон бо коргардон ва ҳунармандони он вохӯрда, бурду бохти ҳунариашонро гуфтаанд.
“Доварон бисёр сахт интиқод карданд, ҳама камбудҳоро гуфтанд, бархеҳо шояд ранҷида бошанд, вале умедвор ҳастем, ки дар “Парасту”-ҳои оянда ислоҳ шуда, бо намоишномаҳои хуб бармегарданд”, - зикр кард Табарӣ.

Парасту мисли тақсими мерос аст?
Абдулмуъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ҳам бар ин назар аст, ки ҷашнвораи “Парасту 2025” “чуну чароҳои зиёд дошт”.
Ин ҳунарпеша гуфт, “солҳои пеш баъзе падидаҳои ҳунарӣ ҷило мекард, ки кирои дидану гуфтан буд. Аммо, бархилофи интизориҳо, сол аз сол сатҳи ҳунарӣ поён рафта истодааст”.
Ба андешаи ӯ, “қариб ҳама намоишномаҳое, ки дар рӯзҳои аввали ҷашнвора ба саҳна гузошта шуданд, арзиши ҳарф задан надоранд, танҳо дар ду рӯзи охири ҷашнвора намошномаҳое ба саҳна гузошта шуданд, ки нисбатан хуб буданд. Аммо ҳамонҳо ҳам на ба он сатҳи ҳунарие, ки бояд бошад”.
Абдулмуъмин Шарифӣ аз “пушти дарҳои баста” сурат гирифтани муҳокимаи намоишномаҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт, бигзор баррасиҳо ошкоро бошанд, то барои ҷавонон, ба вижа онҳое, ки алоқаманди ин соҳаанд, дарси ҳунар бошад. Ӯ ҳамчунин аз шеваи муайян намудани ҷоизаҳо дар ҷашнвораи мазкур изҳори норозигӣ кард.
“Ин гуна ҷоизадиҳиҳо ба монанди “тақсими мерос” аст: набояд ҳеҷ кас хафа шавад ва ҳама бояд ҷоиза гирад. Ин шеваи баҳогузорӣ, яъне “ҳеҷ кас наранҷад”, ҳунарро мекушад”, - гуфт Абдулмуъмин Шарифӣ.

“Ҳадди ақал 60 сол ақиб мондаем”
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик бар ин назар аст, ки дар ҷашнвораи имсола ҳеҷ намоишномаи арзишманд ба саҳна гузошта нашуд.
“Ман аз ин ҷашнвора интизоре надоштам ва ҳамон гунае, ки пешбинӣ мекардам, бе падидаи ҳунарӣ ҷамъбаст гардид”, - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, мушкили аслии ҳамаи намоишномаи дар ҷашнвора ширкаткарда як буд – дар чаҳорчӯбаи танг таҳия шуд, ки гулӯи ҳам коргардон, ҳам ҳунарманд ва ҳам тамошобинро хафа мекард.
“Намоишномаҳои ҷашнвора аксараш як мазмун дошт ва дар сатҳи паст таҳия ва ба саҳна ниҳода шуд. “Парасту” бори дигар нишон дод, ки театри тоҷик ҳоло ҳадди ақал 50-60 сол аз театрҳои ҷаҳонӣ ақиб мондааст”, - гуфт коргардони тоҷик.
Ҳамаи мушкилоти театрро Барзу Абдураззоқов ба сензура дар театр рабт дод: “коргардонҳо наметавонанд мавзӯъҳои мубрамро ба тарзи нав, замонавӣ ва қобили таваҷҷӯҳ ба саҳна гузоранд”.

“Бо имконоти кам кори чашмрас карданд”
Аммо Сайрам Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сатҳи имсолаи ҷашнвораро хуб арзёбӣ кард, зеро ҳунармандону коргардонҳо бо имконоти кам намоишнома таҳия карда, ба озмун омадаанд.
Ба андешаи ӯ, дуруст аст, ки мавзӯъ ва муҳтаво, ороиш ва бархе ҷузъиёти дигари чанд намоишнома ба ҳамдигар монанд буданд, вале қувваи онҳо ба ҳамин қадар кор мерасид.
“Агар мушкилоти театрҳо, махсусан театрҳои музофотро ба назар гирем, сатҳи намоишномаҳояшон нағз буд. Ҳоло дар театрҳои музофот буҳрон пеш омадааст. Ҳунарманд нест. Ҷавонон ба театр меоянд, вале дере нагузашта тарки саҳна мекунанд. Барои мисол, дар Театри мазҳакавӣ - мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ сею ним мард ва яку ним зани ҳунарманд боқӣ мондааст. Агар дар театри шаҳри Хуҷанд 7 ҳунарманд бошад, аз театри Спитамену Конибодому Ашт ё Данғара интизории беш набояд дошт”, - мавқеашро шарҳ дод Сайрам Исоева.
Ин ҳунарпеша, ки ҳама намоишномаҳои ҷашнвораро дидааст, гуфт, намоишномаи “Достони Сиёвуш”-и Театри Лоҳутӣ арзандаи Шоҳҷоиза буд, ин театр барои гузоштани намоиши мазкур ҳамаи заминаро дошт ва қариб 30 ҳунарманд - беш аз 20 ҳунарманди ҷавон ва қариб 10 ҳунарманди касбӣ - достонро офарида тавонистанд.
Ба қавли Сайрам Исоева, миёни дигар намоишномаҳо, танҳо намоиши “Бозгашт”-и Театри Конибодом фарқкунанда буд: “ягона театре буд, ки дарди театр, ҳунарманд ва дар умум дарди санъату фарҳангро нишон дод”.

Вале дар ин намоишнома ҳам адами ҳунарманд эҳсос мешуд: “аксар ҳунармандони собиқадору солдида дар саҳна буданд, ҳатто директори Театри Конибодом нақшофарӣ кард”.
“Ин бонги хатар аст. Мо бояд барои пайдо кардани ҳунарманд, коргардон ва мутахассисон талош кунем. Дуруст аст, ки даъват ҳам мекунем, аммо онҳое, ки ба театр меоянд, боз мераванд, хусусан дар музофот”, - гуфт Исоева.
Ӯ мегӯяд, интизор дошт, ки дар ҷашнвора намоиши “Бозгашт” сазовори ҷои аввал мешавад, аммо он ҷои сеюмро соҳиб шуд.
Нуктаи дигаре, ки Сайрам Исоева зикр кард, дар хусуси зиёд будани тақлидкориву сохтакорӣ дар саҳнаи театр буд. Сабаби инро дар набудани “маданияти коргардон” медонад.
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуда, то 21-уми апрел давом кард. “Азия-Плюс” намоишномаҳои ҳамарӯзаи ҷашнвораро инъикос намуд: рӯзи аввал, дуввум, сеюм, чаҳорум, панҷум, шашуш ва ҳафтум, инчунин ҷамъбасти ҷашнвораро дар пайвандҳои зер мутолиа кунед.
Ёдовар мешавем, ки ин ҷашнвора ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад. “Азия-Плюс” ҷашнвораи “Парасту 2023”-ро ҳам пӯшиш дода буд ва он ҳамон ҳам ҳунармандону коргардонҳо сари тақсими ҷоизаҳо ва баҳогузории намоишномаҳо баҳс доштанд, ки дар ин пайванд мутолиа карда метавонед.
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста