Китоби "Сетор"-и Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ баргардон ва дар Эрон ба табъ расид. Дар ин бора мураттиби ин китоб Шоҳонаи Озарахш, номзади илмҳои филологӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ гуфт, ки китоби мазкур бо баргардонӣ ва пешгуфтори пажӯҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар нашриёти “Хирадгон” ба нашр расидааст.

Дар боби шарҳи ҳолу фаъолияти Фарзона дар муқоваи “Сетор” омадаааст, ки “Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) шоири андешаварзу нависандаи номдори Тоҷикистон аст, ки ба унвони яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсӣ шинохта мешавад. Ӯ на танҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар миёни форсизабонони ҷаҳон низ чеҳраи шинохташуда аст”.

“Ҳарчанд нигоҳи бонуи Хуҷандӣ ба инсон ва зиндагӣ жарфу ҳакимона аст, аммо забони шеърҳои ӯ сода ва дар айни ҳол пурбаҳост. Фарзонаи Хуҷандӣ ба далели ҷойгоҳи баландаш дар шеъри муосири Тоҷикистон “Фурӯғи Тоҷикистон” номида шудааст”, - навиштааст Муҳсини Фараҳбар.

Бояд гуфт, ки “Сетор” охири моҳи октябри соли 2024 ба муносибати 60-солагии устод Фарзона дар Душанбе ба теъдоди 100 нусха ба чоп расида буд. Дар ин китоб 100 ғазал аз “Девони ғазалиёт”-и Фарзона ва 100 ғазали дигар аз китобҳои “Арғувони офтоб”, “Найсон”, “Найшакар” ва дигар маҷмӯаҳои шоира гулчин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол - 2024”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг гузаронида шуд, охири соли гузашта дар номинаи “Назм” китоби “Сетор” соҳиби ҷойи аввал шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.