Дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ ҷиҳати беҳтар кардани раванди ҳаҷ амиқтар таваҷҷӯҳ кардааст. Яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.

Ба иттилои расонаҳо, Саудӣ дар соли 2025 барои беҳтар намудани идоракунии издиҳом ва бехатарии ҳоҷиён аз 32 фанноварии муосир истифода мебарад.

Аз ҷумла, имсол Арабистони Саудӣ дар дар Масҷиди Ҳарам ва дигар ҷойҳои серодам роботҳои бо зеҳни сунъӣ омодашударо насб мекунад, ки ба зоирон дар мушкилоти пешомада ёрӣ расонида, ҳамзамон бо ҷадвалҳои ҳафтаина дар масҷидҳо, мавзӯи мавъизаҳо ва номи имомхатибон шинос менамояд.

Ғайр аз ин, дар ҷойҳои муқаддас, ба мисли Масҷидул-Ҳаром ва минтақаи Арафот аллакай камераҳои зеҳнӣ ва сенсорҳо насб шудаанд, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани издиҳоми одамонро хабар медиҳад ва чораҳои пешгирикунанда ироа менамояд.

Имсол корти рақамии “Нусук” ҷорӣ карда шуд, ки он ба ҳар як зиёраткунанда дода мешавад. Ин корт ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд ва анҷоми маросими ҳаҷро осон кунанд.

Ҳар як ҳоҷӣ бояд барномаи расмии “Нусук”-ро тавассути сканери коди QR зеркашӣ кунад. Корт панҷ портали асосиро дар бар мегирад:

- маълумоти шахсии ҳоҷӣ;

- дафтарчаи тиббӣ;

- ҷои истиқомат дар Макка;

- ширкати хидматрасоние, ки ҳоҷӣ аз он истифода мекунад;

- маълумоти роҳбари гурӯҳ.

Ин корт ҳатмист ва бояд ҳар як ҳоҷӣ дар тамоми раванди адои ҳаҷ онро ҳамроҳ дошта бошад.

 

Акс аз манобеи боз

Ҳамчунин, "Нусук Браслет" - дастгоҳҳои интеллектуалӣ, ки сатҳи оксиген дар хун ва тапиши дилро назорат мекунанд, ҷорӣ шудаанд. Ин дастгоҳ инчунин барои пайгирии маконҳои ҳаҷ ва пешниҳоди ҷадвал барои ҳаракати осонтар дар масоили ҳаҷ истифода мешавад.

Дар сурати риоя накардани қавонони нав ва ҳамроҳ надоштани корти “Нусук” тибқи муқаррарати Арабистони Саудӣ ҳар фард ҷазо мегирад: ҷаримабандӣ ё ҳабси маъмурӣ мешавад ва ё ихроҷ мегардад.

Бояд гуфт, ки имсол Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи фарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Оғози сафари Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2025 нимаи дуюми моҳи май муқаррар шудааст ва он то даҳаи аввали моҳи июн давом мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.