Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти раводид (виза)-и электронии сайёҳӣ ё худ “eVisa”-ро шарҳ дод.
Сафорати ин кишвар дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ин тасмим муваққатӣ буда, “ба мақсади танзими умури мавсими ҳаҷҷи соли 2025" рӯи даст гирифта шудааст.
Аз ин ниҳоди дипломатӣ ба мо гуфтанд, "Тоҷикистон ба ҳайси узви гурӯҳи "A" дар ин феҳрист боқӣ монда, судури раводиди сафар бо мақсади сайёҳат муқаққатан қатъ гардидааст".
"Низоми раводиди сайёҳӣ барои бародарони мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми мавсими ҳаҷ ба ҳолати пешинааш барқарор хоҳад гардид", - таъкид карданд аз Сафорат.
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандон маълумоти бештарро дар сомонаи "visasaudi.com" дастрас крада метавонанд.
Моҳи августи соли 2023 Арабистони Саудӣ расмиёти дарёфти раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва 7 кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон содда карда, ин кишварҳоро ба низоми додани раводиди электронӣ (eVisa) пайваст кард.
Вале дар охири моҳи апрели соли равон, Саудӣ дар феҳристи кишварҳое, ки тариқи сомонаи "eVisa" раводиди электронӣ мегиранд, номи Тоҷикистонро хориҷ кард. Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз феҳрист номи Ӯзбекистон низ хориҷ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон ва Қирғизистон дар рӯйхат боқӣ мондаанд.

Бояд гуфт, ки раводиди электронии сайёҳӣ (eVisa) ба муҳлати як сол дода шуда, ба сайёҳон барои 90 рӯз ҳузур доштан дар Саудиро имкон медиҳад. Бо ин раводид сайру саёҳату истироҳат кардан, ба дидори хешовандон рафтан ва адои маросими ҳаҷи умра мумкин буд.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми моҳи май мавсими ҳаҷҷи 2025 оғоз шуда, беш аз як моҳ давом мекунад. Солҳои қабл зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе пеш аз оғози маросими ҳаҷ, ба Арабистони Саудӣ рафта, он ҷо меистоданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ҳаҷ мекарданд. Ба эҳтимоли зиёд, ин тасмим ҳам ба мақсади пешгирӣ аз ҳаҷҷи ғайрирасмӣ гирифта шудааст.
Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад. Агар тартиботи нав нақз шавад, аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ ҷазо дода мешавад.
Инчунин, дар мавсими ҳаҷҷи имсола яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.
Бояд гуфт, ки имсол Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи фарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Боҷ барои воридоти телефон ба Тоҷикистон 20 евро, на 20% ситонида мешавад (ТАСҲЕҲ)
Ҷасади омӯзгоре, ки подполковники ВКД ду сол пеш ба дарёи Фон партофта буд, то ҳол пайдо нашудааст
Таҳдиди Трамп, посухи Хоманаӣ, эътирофи Путин ва партофти “Сиҷҷил”. Ҳафтумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Беҳтарин полис миёни шоирон...”. Маҳфили эҷодии Акбар Абдулло дар Душанбе чӣ гуна гузашт?
“Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”. Дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор мегардад
Додгоҳи Хатлон як корманди худро барои "азхудкунии пули буҷет" 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 3
Гиёҳу растанӣ худиву дору бегона. Чаро дорусозӣ дар Тоҷикистон ба тиҷорат табдил ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 июни соли 2025
Корея 600 тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста