Имсол аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Green Card” ё “Корти сабз”-и Амрико шудаанд. Ин нисбат ба соли 2023-юм қариб 600 нафар кам мебошад.
Сомонаи расмии ин барномаи амрикоӣ дар ин бора хабар дода навиштааст, ки дар соли 2025 дар маҷмӯъ 131 ҳазору 60 нафар аз саросари ҷаҳон барандаи “Green Card” шудаанд, ки метавонанд барои визаи муҳоҷират ариза супоранд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон барандаи “Green Card” гардидаанд. Аз ин кишвар 5 ҳазору 564 нафар соҳиби “корти сабз” шудаанд. Сокинони Ӯзбекистон соли гузашта низ бо шумори 5 ҳазору 555 нафар пешсаф буданд.
Имсол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд кас ғолиби корти сабз шуданд дар тасвирбаёни мо бинед:

Ҳамин тариқ аз кишварҳои Русия 5 ҳазору 519 кас, Эрон 5 ҳазору 267 нафар, Туркия 4 ҳазору 194, Миср 5 ҳазору 515 нафар ва Судон 5 ҳазору 505 нафар барандаи “Green Card” шудаанд.
Ҳамчунин 4 ҳазору 9 шаҳрванди Афғонистон ва 4 ҳазору 2 шаҳрванди Украина соҳиби “корти сабз”-и Амрико гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Барномаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико яке аз имкониятҳои хуб барои тоҷикон аст, ки ба ин кишвар сафар кунанд ва бо ин мақсад ҳамасола ҳазорҳо тоҷикистонӣ дар “Green Card” бахти худро месанҷанд.
Оморе, ки барномаи мазкур эълон кард, натиҷаи дархостҳое аст, ки шаҳрвандон аз 2-юми октябр то 5-уми ноябри соли 2024 пур карда буданд. Шоми рӯзи 3-юми май натиҷаи он эълон шуда буд.
Дар ин маводи “Азия-Плюс” номи худро санҷед, ки "Green-Card"-и имсоларо буридед ё не.
Бояд гуфт, ки сар аз соли 2022 ИМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар супоридани корти сабз чанд сабукӣ дод. Аз ҷумла, соли гузашта тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар лотерея иштирок кунанд. Қаблан барои пешниҳоди дархост доштани шиносномаи хориҷӣ зарур буд.
Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2022 ба шаҳрвандони Тоҷикистон дигар лозим нест, ки дар сурати бурд барои дарёфти раводид (виза) ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ раванд. Онҳо раводиди ИМА-ро дар сафорати ин кишвар дар Душанбе гирифта метавонанд. Пеш барои гирифтани раводид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба Қазоқистон рафта, онро дар сафорати ИМА дар Алмато дастрас мекарданд.
Дар асоси талботи мавҷуда дарёфти корти сабз ҳанӯз кафолати пурраи ба даст овардани раводид ё визаи ИМА нест. Қадами дуввум ин аст, ки ғолиб ба консулгарии ин кишвар даъват мегардад ва ҳама маълумоте, ки ӯ дар барнома ворид кардааст, санҷида ва чанд қадами дигарро тай мекунад.
Ҳамасола даҳҳо нафар барои нодуруст пур кардани аризаи электронӣ ё дигар камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳо аз рафтан ба Амрико маҳрум мешаванд.
Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ҳар сол ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, 50 ҳазор раводиди иқомати доимӣ (“Green Card” - корти сабз) медиҳад.
Ҳамасола ҳудуди 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста