Ду рӯз баъд, 16-уми майи 2025, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, 165 шаҳрванди кишвар рӯзи 16-уми май тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.
“Шаҳрвандонро дар фурудгоҳ намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел мекунанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Барои адои маносики ҳаҷ дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.
Тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Арабистони Саудӣ, ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ ҷиҳати беҳтар кардани раванди ҳаҷ амиқтар таваҷҷӯҳ кардааст. Яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.
Ба иттилои расонаҳо, Арабистони Саудӣ дар соли 2025 барои беҳтар намудани идоракунии издиҳом ва бехатарии ҳоҷиён аз 32 фанноварии муосир истифода мебарад.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.
Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?
"Ҳофизхонӣ" дар "Азия-Плюс" ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Юнуси Имомназар: Дар ҳар шаҳри Ӯзбекистон бояд дӯкони китоби тоҷикӣ боз шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 3
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Алии Хоманаӣ: “Исроил бояд интизори муҷозоти сахте бошад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июни соли 2025
Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?
Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?
Суқути ҳавопаймои "Air India" дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир
Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста