Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон имрӯз дар маърӯзааш пеш аз намози ҷумъа гуфт, ҳар он мусулмоне, ки назди фолбину ҷодугар меравад, кофир мешавад ва никоҳаш ботил мегардад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон бо соҳириву ҷодугарӣ мубориза бурда, нафарони бо ин кор машғулро боздошт мекунанд ва ҷазо медиҳанд.
Абдулқодирзода аз минбари масҷиди ҷомеи марказии Душанбе гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром маҳсуб мешавад ва ҳар касе, ки ба сеҳргарӣ машғул мешавад, аз имон ҷудо мешавад.
“Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд, ки никоҳашон бо шавҳарон ҷудо мешавад. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд”, - афзуд муфтии Тоҷикистон.
Ӯ таъкид кард, ки “ҳамон ҷодугарон худ ҳоли табоҳ доранд, наметавонанд бахти касеро кушоянд, агар метавонистанд, пеш аз ҳама худро хушбахт мекарданд”.
Бояд гуфт, ки як сол инҷониб мақомоти Тоҷикистон муборизаро бо фолбинҳову ҷодугарон тақвият бахшидаанд. Илова ба ин, мақомоти корҳои дохилии кишвар онҳоеро, ки аз хадамоти фолбину ҷодугарон истифода мекунанд, низ аз муҷозот огоҳ гардаанд. Охири моҳи августи соли 2024 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.

Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт ва нисбаташон парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аммо теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста