"Қисмати шоир", "Рустам ва Суҳроб", "Марги судхӯр" ва "Ҳасани аробакаш"-у даҳҳо филмҳои дигари синамои тоҷик, ки Комил Ёрматов, Борис Кимёгарову Тоҳири Собир барин саромадони синамои тоҷик рӯйи саҳна овардаанд, аз дурахшонтарин филмҳои таърихи синамои кишвар дониста мешаванд. Имсол “Тоҷикфилм” 95-сола мешавад ва дар ин муддат кадом марҳилаҳоро паси сар карду чӣ бурду бохт дошт? Имрӯз вазъи синамои миллӣ чӣ гуна аст ва бо кадом мушкилот мувоҷеҳ аст? Дар остонаи 95-солагии “Тоҷикфилм” “Азия-Плюс” хост аз дирӯзу имрӯзи “Тоҷикфилм” қисса кунад.
Ба иттилои муассисаи “Тоҷикфилм”, дар бойгонии ин ниҳод аз даврони шӯравӣ 98 филми бадеӣ, 720 филми ҳуҷҷатӣ ва 330 киножурнал (маҷмуи гузоришҳои кӯтоҳи видеоӣ ва лавҳаҳои кӯтоҳ аз филмҳо) маҳфузанд.
Дар даврони истиқлолият бошад, дар умум 110 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ дар “Тоҷикфилм” истеҳсол шудааст.
Тавлиди синамои тоҷик
Таърихи синамои тоҷик бо омадани қатораи аввалин ба Душанбе оғоз гардидааст. 11-уми сентябри соли 1929 вақте ба Душанбе қатораи аввалин омад, се ҳаваскори ҷавони синамо - Н. Гизулин, В. Кузин ва А. Шевич бо дастгоҳи фартути филмбардории “Кинамо” ин ҳодисаро ба навор бардоштанд ва ин филм ба унвони “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе” дар таърихи синамои тоҷик ҳамчун нахустин филм сабт гардид. Дертар, 18-уми майи соли 1930 киностудияи тоҷик бо номи “Тоҷиккино” таъсис ёфт.
“Ҳуқуқи бошараф”, “Вақте ки амирон мемиранд”, “Муҳоҷир” ва “Худои зинда” барин филмҳо дар радифи аввалин филмҳои беовози тоҷик қарор доранд, ки дар шароити вазнин рӯзгори ҳамондавраи миллатро дар пардаи синамо муаррифӣ карда буданд. Ин филмҳо дар шароите рӯйи навор омаданд, ки таҷҳизоту технологияи кино хеле содаву заиф буд ва филмофарон дастгоҳҳои куҳнаи суратгириро ба дастгоҳи кино табдил медоданд. Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару уштуру асп ва гоҳе бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд.

Барои таҳияи онҳо ва дар умум, тавлиди синамои миллӣ саҳми Комил Ёрматов, коргардони шинохтаи тоҷик, басо муассир арзёбӣ мешавад. Ӯ нахустин коргардони синамои миллии тоҷикон буда, “Ҳуқуқи бошараф” аввалин филми таҳиякардаи ӯ дар “Тоҷиккино” буд. Баъдтар ин коргардон филми “Муҳоҷир”-ро рӯйи саҳна овард, ки барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад. Дар ин филм нақши асосиро худи Комил Ёрматов ва нақши асосии занонаро София Тӯйбоева, аввалин ҳунарпешаи зан дар синамои тоҷик иҷро кардаанд. Аммо баъди Тоҷикистонро тарк кардани Комил Ёрматов дар соли 1940 истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.
Давраи “тиллоӣ”-и “Тоҷикфилм”
Марҳилаи баъдии эҳё ва рушди синамои тоҷик бо номи Борис Кимёгаров, филмофари маъруфи тоҷик сахт алоқаманд аст. Ин замонест, ки дурахшонтарин филмҳои синамои тоҷик ба саҳна омаданд ва мактаби синамои миллӣ ташаккул ёфт. Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки ба мероси ғании халқи тоҷик рӯй овард ва ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.

Эҳёи симои Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир”, инъикоси қудрати маънавии шеъру ҳикмати Ҳаким Фирдавсӣ дар филмҳои “Коваи оҳангар”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб” ва “Достони Сиёвуш”, рӯйи пардаи синамо омадани филмҳои классикаи муосири тоҷик - “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”, “Одам пӯсташро иваз мекунад” аз дастовардҳои беназири синамои тоҷик дониста мешавад. Кимёгаров бо эҳтиром ба суннатҳои асили тоҷикон фарҳанги пурғановати тоҷикро зинда кард ва ба боло бурдани ҷойгоҳи он мусоидат намуд.
Инчунин, дар ин давра филмҳои “Писар бояд зан гирад”, “Марги судхӯр”, силсилаи “Афсонаҳои Шаҳрзод” ва “Вохӯрӣ дар дараи “марг”-и Тоҳир Собиров, “Зумрад”, “Ситора дар тирашаб”-и Абдусалом Раҳимов, “Ишқи нахустини Насриддин”-и Анвар Тӯраев, “Ҷӯра Саркор”-и Марворид Қосимова, “Муҳосира” ва “Қалби ман дар кӯҳсор”-и Марат Орифов, “Субҳи нахустини ҷавонӣ” ва “Марди роҳ”-и Давлат Худоназаров рӯйи пардаи синамо омаданд, ки зикрашон дар радифи беҳтарин филмҳои ин давра ва умуман таърихи синамои тоҷик ногузир аст.
Аксари филмофарону алоқамандони синамо ин марҳиларо давраи “тиллоӣ”-и филми тоҷик унвон медиҳанд.
Бӯҳрони иқтисодиву кадрӣ дар синамои тоҷик
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаҳои баъди он мушкилтарин даврае дониста мешавад, ки кинои тоҷик паси сар кард, зеро авзои сиёсӣ ноҳамвор буд ва “касе ба синамо намерасид”. Дар ин давра кинои тоҷик ба бӯҳрони иқтисодиву кадрӣ рӯбарӯ шуд, зеро аксари мутахассисони кино кишварро тарк карданд.
Тиллои Некқадам, сармутахассиси бахши нақди синамо дар “Тоҷикфилм” аз ин мароҳил ва аввалин кӯшишҳо барои эҳёи синамо дар он давра ёд оварда, гуфт, ҳанӯз соли 1997 бори аввал қонун дар бораи кино қабул шуд. Аммо бо вуҷуди авзои сиёсӣ ва бӯҳрони моливу кадрӣ фаъолияти соҳа камранг буд.

“20-уми марти соли 2000-ум Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии худ бо зиёини тоҷик бори нахуст масъалаи киноро ба миён гузошта, бо таъкиди он ки синамои тоҷик марҳилаи душвортаринро паси сар карда истодааст, барои такмили соҳа супоришҳо дода буданд”, - мегӯяд номбурда.
Дар ин давра бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба саҳна меомаданд, аз ҷумла филми “Муҷассамаи ишқ”-и Умед Мирзоширинов. Ва ё филми “Қиёми рӯз”-и Носир Саидов, ки соли 2009 рӯйи пардаи синамо омад. Ин филмҳо умеди эҳёи филмофариро дар қалби дӯстдорони синамои тоҷик зинда кард.
Мутахассисони соҳаи кино мегӯянд, мактаби синамои тоҷик то давраи истиқлолият, ки воқеан пурқувват буд, дар бадали 70-80 сол ба вуҷуд омада буд ва ҷанги шаҳрвандӣ якбора қомати кинои тоҷикро “шикаст”.
Тиллои Некқадам мегӯяд, кори синамои тоҷикро дар ин 10-15 соле, ки қоматашро нав рост карда истодааст, набояд нодида гирифт. Ӯ мегӯяд, агар ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси нохуши он солҳо намебуд, шояд бинандаи тоҷик имрӯз аз филми тоҷик интиқод ва ҷиҳати набудани филми диданӣ суол намекард.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин, солҳои охир синамои тоҷик рушд дорад ва марҳила ба марҳила вазъ беҳтар мешавад.
Дастоварҳои синамои тоҷик дар замони истиқлол
Давлатмурод Каримов, муҳаррири шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии киностудияи “Тоҷикфилм” мегӯяд, муассиса дар даврони истиқлолият аз як сохтори нисбатан маҳдуде, ки зерсохтори Кумитаи телевизион ва радио буд, ба як ниҳоди мустақили эҷодии давлатӣ табдил ёфт ва дар пешбурди бахши синамоӣ фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат шароити кор дар муассиса ба маротиб беҳтар ва пойгоҳи техникиаш низ мустаҳкам шудааст.

Тиллои Некқадам низ фароҳам омадани шароити муносибро дар киностудия тӯли панҷсолаи охир тавсиф кард.
“4-5 сол пеш киностудия хеле таъмирталаб буд. Масалан, майдонҳои сабт пури ҳезум буданду бомаш мечакид ва вазъи толори синамо низ нигаронкунанда буд. Аммо имрӯз киностудия пурра таъмир шудааст ва ҳатто толори синамое, ки ба номи Тоҳир Собиров аст, аз ягон толорҳои синамои дигар камӣ надорад”, - изҳор дошт номбурда.
Ҳамчунин, “Барномаи рушди синамо”, ки ҳар панҷсола қабул мешавад, ташкили Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи сомон” ва Синамоҷоизаи байналмилалии “Тоҷи сомон”, ки ду соли охир баргузор мешавад, аз дастовардҳои дигари кинои тоҷик дар солҳои охир тафсир шуд.
Аз “Нерӯи ишқ” то “Ҷомӣ ва Навоӣ”
Давлатмурод Каримов аз чанд филме ном бурд, ки ин муассиса аллакай барои таҳияи онҳо корро шурӯъ кардааст ва дар марҳилаҳои гуногуни корбарӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои сабти филми ҳунарие дар бораи НБО “Роғун” бо номи “Нерӯи ишқ” омодагӣ мегиранд. Тасмими дигар бошад, ҷиҳати ба саҳна овардани филмест, ки ба ҳаёту рӯзгори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ бахшида шудааст.
“Аллакай барои таҳияи ин филм бо ҷалби олимону айнишиносону пажӯҳишгарони осору рӯзгори ӯ гурӯҳи корӣ омода шудааст ва пешнависи филм, мавод ва рӯйхати адабиёт пешниҳод шуда, дар корбарӣ қарор дорад. Интизор меравад, ки то тобистони соли 2026 дафтари аввали филмномаи он омода шавад”, - тавзеҳ дод ин масъул.
Филми дигаре, ки наворбардориаш ба анҷом расидаасту ҳоло дар бандубаст қарор дорад, “Моҳӣ барои рафиқ Черчил” унвон доштааст, ки “Азия-Плюс” бештар дар ин бора навишта буд.

Инчунин, аз филми “Хоби сурх”-и Соҳибёр Толиб ба унвони яке аз маҳсули соли охир ном бурда шуд, ки аз соли 2024 таҳия мешуду ду рӯз қабл нахустнамоишаш доир шуд.
Давлатмурод Каримов пиромуни филми таърихии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон - “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки 4 сол инҷониб дар корбарӣ аст, гуфт, марҳилаи омодагӣ пурра ба анҷом расидааст.
"Ҷониби Тоҷикистон ҳаматарафа омода аст ва қарор аст, ки ин шабу рӯз наворбардории филм оғоз гардад", - зикр намуд ӯ.
Филми дигаре, ки аз ҷониби ин муассиса соли ҷорӣ таҳия мегардад, дар шакли мустанад буда, ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, сухансарои бузурги форс-тоҷик бахшида шудааст. Ба иттилои ин масъул, филм дар марҳилаи танзим қарор дорад ва то чорабинии байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки моҳи оянда дар қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мегардад, пешкаши бинандагон гардонида шавад.
Филми “Пайроҳаи хашм”, низ, ки дар ҳамкорӣ бо синамогарони рус офарида шудааст, аз дастовардҳои дигари солҳои охир гуфта шуд, ки дар доираи Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи сомон” рӯнамоии он дар назар аст.
Мактаби синамогарони ҷавон
Ба гуфтаи масъулини “Тоҷикфилм” яке аз тасмимҳое, ки соли ҷорӣ ин муассиса амалӣ мекунад, эҳёи мактаби синамогарони ҷавон ба номи Муҳаббат Сатторӣ аст, ки гарчанде се сол пеш таъсис ёфта буд, фаъолияташ хеле камранг буд ва имсол бо ҷалби мутахассисон он дубора эҳё мешавад.
Ҷамшед Шоев, роҳбари навтаъини мактаби синамогарони ҷавон мегӯяд, дар нақша аст, ки имсол барои синамогарони ҷавон мактаби омӯзишӣ ташкил гардад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мактаб ҷавонони аз 18 то 25-солаи боистеъдод тариқи озмун пазируфта мешаванд.

“Омӯзиш 3-5 моҳро фаро мегирад, ки дар он устодони саршиноси синамои тоҷик ҷалб шуда, дар ҳар бахши филмофарӣ ба ҷавонон омӯзиш мегузаронанд. Дар охири омӯзиш аз онҳо талаб карда мешавад, ки филми кутоҳмуддати худро таҳия кунанд ва баъдан сертификат дода мешавад”, - тавзеҳ дод роҳбари ин мактаб.
Ба гуфтаи ӯ, омӯзиш ройгон буда, барои ин мактаб буҷаи алоҳида низ ҷудо шудааст ва ҳоло корҳои омодагӣ, аз ҷумла таҳияи барномаву таҷҳизот идома дорад. Интизор меравад, ки моҳҳои сентябр-октябри соли 2025 ва агар то он замон омодагӣ ба анҷом нарасад, моҳи январи соли 2026 омӯзиш оғоз шавад.
Ҷамшед Шоев мегӯяд, ҳадафи таъсиси ин мактаб омӯзонидани истеҳсоли муҳтавои босифат аст ва зарурати таъсиси ин мактаб низ навору саҳнаҳои бемӯҳтавои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншудае будаанд, ки аз надоштани дидгоҳи ҳунарӣ ва асосҳои касбӣ дарак медиҳанд.
Камбуди пул ё мутахассис?
Имрӯз аксар ҷомеаи кишвар аз синамои тоҷик интиқод мекунанд ва синамогарони тоҷик набудани пул ва мутахассисро омили асосии таъсиррасон барои рушди синамо дар кишвар меҳисобанд.
Тиллои Некқадам, сармутахассиси бахши нақди синамо дар “Тоҷикфилм” вуҷуди чанд мушкилро дар “Тоҷикфилм” шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, набудани филмноманавис мушкили аввалини синамои тоҷик аст. Ӯ нигаронӣ дорад, ки имрӯз фимлномаро ё худи коргардонҳо таҳия мекунанд ё нафароне, ки ғайритахассусанд.
Ин масъул мегӯяд, сол то сол барои филмофарон маблағи хуб пешниҳод мешавад, аммо мушкили набудани филмномаи босифат ҳанӯз боқӣ мемонад.
“Аксаран филмномаҳое пешниҳод мешаванд, ки аслан ба филмнома монанд нестанд. Баъзеашон мегӯянд, дар як ҳафта ду филмнома навиштам. Чӣ гуна? Магар осон аст?”, - изҳори нигаронӣ кард номбурда.
Сабаби дигари ба миён омадани филмҳои “суст” дар бетаҷрибагии коргардонҳои ҷавон гуфта мешавад. Номбурда аз хотираҳои Борис Кимёгаров ёд оварда гуфт, ин коргардон бо вуҷуди он ки дар назди маъруфтарин устодони синамо дарс гирифта буд, 10 соли аввали фаъолияташ ба таҳияи филми бадеӣ даст назадааст ва нисбати касбаш серталаб буд.
“Коргардонҳои ҷавони мо чӣ? Нав аз Донишкадаи санъат мебароянду аллакай дар ҷувздонашон 5 филмномаи нав ва даст мезананд ба таҳияи филми бадеӣ. Дар натиҷа филмҳои суст офарида мешаванд, ки бинанда ҳам қабул карда наметавонад”, - тавзеҳ дод ӯ.
Тиллои Некқадам мегӯяд, мушкили дигар интихоби ҳунармандон аз ҷониби коргардон аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳунармандон дар нақшҳои монанд бозӣ мекунанд, яъне образҳои якхела дар чанд филм ва ин истеъдоди аз як образ ба образи дигар гузаштани ҳунармандро коста мекунад.
Ин синамошиноси тоҷик аз завқи паст доштани тамошобини ҷавони тоҷик интиқод карда, инро яке аз сабабҳои ба миён омадани филмҳои мӯҳтавои пастдошта унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳалли ин мушкил бояд аз кӯдакистону мактаб ибтидо гирад, зеро агар завқи кӯдаки тоҷик баланд шавад, ҳар гуна мӯҳтаворо намепазирад ва серталаб мешавад.
Ба қавли ин коршиноси тоҷик, танҳо дар сурати рафъи ин нукот, метавон ба ояндаи дурахшони синамои тоҷик умед баст.