Имрӯз Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ, агар умр вафо мекард, дар асоси санадҳои зикршуда, ба синни 80 қадам мениҳод. Ба ин муносибат мо ба корномаи мавсуф назар афкандем ва аз ҳамкорону шогирдонаш перомуни корномаи ҳунарии марҳум пурсидем.
Ятимдухтаре, ки садрнишон шуд
Дар асоси шаҳодатномаи санадҳо Нигина Рауфова 21-уми май соли 1945 дар ноҳияи Файзобод чашм ба олам кушодааст, вале ба гуфтаи Муҳаррама Шарифова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Нигина Рауфова, ин овозхон соли таваллудашро 2 сол пеш карда, дар асл мутаваллиди 21-уми майи соли 1947 аст.
Роҳи ҳунарии ин духтари оддии тоҷик аз маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Аз соли 1971 Нигина Рауфова фаъолияти эҷодии худро дар ҳайати ансамбли занонаи рубобнавозон оғоз кард. Соли 1975 ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ гузашт. Аввал дар ансамбли “Шашмақом” ва аз соли 1989 то солҳои охирини ҳаёташ дар ансамбли “Дарё” фаъолият дошт.
Ӯ сарояндаи таронаҳои маъруфи “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст, ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” ва “Аскарбача” аст.
Нигина Рауфова яке аз аввалин ҳунармандони зан буд, ки сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон гардид. Ҷоизаву унвоне, ки то ин замон асосан ба мардони иҷрокунандаи сурудҳои халқӣ дода мешуд.

"Дар сатҳи ӯ касе пайдо нашуд"
Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки беш аз 20 сол дар дастаи ҳунарии “Дарё” бо Нигина Рауфова кор кард, ҳоло мегӯяд, ӯ сарояндаи беҳамтои сурудҳои халқӣ буд ва пас аз ӯ дигар дар ин сатҳ овозхони хуб ва маҳбуб пайдо нашуд.
Билолов мегӯяд, Нигина Рауфова мактаби миёнаро то синфи 4 хондаву аз мактаби олии мусиқӣ нагузашта буд, вале истеъдоди фавқулода, завқи баланд ва хотираи мустаҳкам дошт.
“Апаи Нигина сарояндаи хуб буд. Сурудҳои халқиро дар сатҳи баланд месуруд. Аз таҳти дил ва самимӣ мехонд ва зуд ба қалби мардум ҳам менишаст. Ҷозиба дошт, ба саҳна мебаромад, вуҷудаш натанҳо саҳна, балки тамоми толорро пур мекард. То ҳол дар миёни занон сароянда дар сатҳ ва ҳамрадифи Нигина Рауфова пайдо нашудааст. Марҳум ба қуллаи баланди эҷодӣ расид ва ҷойи варо касе гирифта наметавонад”, - мегӯяд Саидқул Билолов.
Ин ҳамсӯҳбати мо ёд меорад, ки дар вақти дар “Дарё” фаъолият кардани Нигина Рауфова барои ӯ беш аз даҳ суруд ҳам навиштааст - сурудҳое, ки сӯзи дил дошт ва онҳоро маҳз Рауфова сароида метавонист.

Ӯ мегӯяд, Нигина Рауфова азбаски ятим ба камол расида буд, дар овозаш сӯзи дил эҳсос мешуд, сурудҳоро чунон мехонд, ки дилҳо гиря мекарданд: суруди “Бачамой”-ро, ки ба 40-солагии ҷашни ғалаба бахшида шудааст, Нигина Рауфова басо пурсӯз ва дилнишин сароид.
Баъдан, ба гуфтаи Саидқул Билолов, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Нигина Рауфова суруди “Гуреза”-ро ҳузнангез сароид, ки дар оғози барномаҳои радиоии “Хоки Ватан” пахш мешуд ва он дарди дили ҳазорон муҳоҷири дар ҳасрати ватанбуда гардид.
Ба қавли ӯ, Нигина Рауфова бо оҳангсози маъруф Фаттоҳ Одина ҳамкории эҷодии қарин дошт: “ҳарду қариб дар як замон ба дунё омада буданд, ятим ба воя расиданд ва дарду алами ҳамдигарро хубтар дарк карда метавонистанд”.
Дар ин баробар, Саидқул Билолов мегӯяд, ки Нигина Рауфова сурудҳои халқӣ ва таронаҳои рақсиро ҳам дилнишин месароид ва дар ин роҳ ҳам ҳунари воло дошт. Ӯ таъкид мекунад, ки пас аз сулҳи тоҷикон, суруди “Тоҷикистон”-ро ҳам самимӣ сароид.
Саидқул Билолов нақл мекунад, Нигина Рауфова дар асл зани зиндадил буд ва ҳамеша дар лабонаш шакарханд дошт, бисёр хоксор буд ва бо хурду калон якранг, самимӣ ва бо чеҳраи кушод суҳбат ва муносибат мекард.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Нигина Рауфова мактаби эҷодии худро сохт ва ҳоло ин роҳҳо Муҳаррама Шарифова, Лола Азизова, Бунафша Шокирова, Малика Саидова ва даҳҳо тани дигар идома медиҳанд.
Ду таърихчаи ҷолиб аз Нигина Рауфова
Муҳаррама Шарифова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам дар суҳбат бо мо аз мактаби ҳунарии Нигина Рауфова ва хотироти марҳум ёдовар шуд. Ӯ мегӯяд, дар репертуари Нигина Рауфова ҳам сурудҳои халқӣ, ҳам эстрадӣ, ҳам бадеҳа ва ҳам композиторӣ дар сатҳи баланд иҷро шудааст.
Шарифова мегӯяд, ки Нигина Рауфова бо оҳангсози касбӣ Зиёдулло Шаҳидӣ ҳам ҳамкории зич дошт, ҳатто ӯро кашшофи истеъдоди худ медонист. Ҳамсӯҳбати мо аз ин қисса ёдовар шуд: Нигина Рауфова дар як чорабинӣ, дар шумули сарояндагони ҳаваскор суруд мехонд, аз ин ҷо Зиёдулло Шаҳидӣ истеъдоди навҷавонро кашф карда ва варо ба ҳамкорӣ даъват мекунад.
“Вақте апаи Нигина ҳамроҳи Зиёдулло Шаҳидӣ барои мулоқот ба назди Ҷаббор Расулов, котиби аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, меравад, бо одоби кӯҳистонӣ, пеш аз даромадан ба утоқи кории Расулов, кафшҳояшро дар паси дар мекашид. Ин қиссаро барои тафреҳ борҳо дар маҳфилҳо нақл мекард. Мегуфтам, ки охир сарояндаи шинохта ҳастед, ин хел саргузаштҳои аҷибро ҳар ҷо нагӯед. Апаи Нигина мегуфт, ки бигзор ҳама донанд, ҷои шарм нест, гуноҳ накардаам-ку”, - нақл мекунад Муҳаррама Шарифова.

Ғайр аз ин, Муҳаррама Шарифова таърихчаи пайдоиши суруди аз ҳама маъруфи Нигина Рауфова - “Аскарбача”-ро ҳам ифшо кард: “Он суруд дарду сӯзи худи апаи Нигина буд, барои ҳамин муъруфу маҳбуб шуд”.
Ба гуфтаи Шарифова, Файзалӣ, писари калонии Нигина Рауфова, ба ҳайси аскар дар ҷанги миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон ширкат мекунад. Вақте Файзалӣ ба ҷанг меравад, аҳли оила хабар меёбанд, вале ба модараш чизе намегӯянд. Дертар аз писараш мактуб меояд, ба дасти модар мерасад ва ин сир ифшо мешавад. Нигина Рауфова аз сӯзи дил ба ёди аскарбачааш ин сурудро месарояд.
“Аскарбача” суруде шуд, ки ба гимни модарони сарбозон табдил ёфт. Ин сурудро апаи Нигина самимӣ ва таъсирбахш сароид ва тамоми эҳсосоти модаронаи ӯ дар ҳар калима ва оҳанги ин суруд таҷассум меёфт. Солҳои дароз ин суруд аз ҷиҳати маҳбубият бо суруди “Рӯзи Ғалаба” дар иҷрои Лев Лешченко баробар буд. Ҳам вақти гусел ва ҳам вақте пешвоз “Аскарбача” тантана меандохт. Аксари модарон онро азёд медонистанд”, - мегӯяд Муҳаррама Шарифова.
Фоҷеае, ки Нигина Рауфоваро ба ғам нишонд
Дар ҳамин ҳол, Саидқул Билолов мегӯяд, дар айёми пирӣ як фоҷеа Нигина Рауфоваро дар мотам нишонд: соли 2005 ба ҷашни 60-солагиаш омода мешудем, мебоист ҷашнвора бисёр бошукӯҳ баргузор шавад, вале чанд рӯз пеш писари 24-солааш ба ҳалокат расид.
Ба қавли Муҳаррама Шарифова, дар ин ҷашн Нигина Рауфова мехост охирин ҳарфҳояшро ба ба ҳаводоронаш гӯяд, як суруди ҷашнӣ ҳам омода карда буд, аз рӯи барнома, дар фарҷом онро месуруд ва бо мухлисонаш хайрбод мекард.
“Се ё чор рӯз пеш дар як фоҷеа писари хурдии апаи Нигина ба ҳалокат расид. Барномаи ҷашнвора лағв шуд. Ин воқеа ӯро ба ғам нишонд. Ба касе ифшо намекард, саломат ва сарипо буд, вале дарун – дарун ғам мехӯрд. Ин ғам оқибат ӯро пой афтонд”, - мегӯяд Муҳаррама Шарифова.
Нигина Рауфова рӯзи 22-юми декабри соли 2010 дар Душанбе бар асари сактаи қалб ҷашм аз олам пӯшид ва варо дар оромгоҳи аҳли ҳунару адаб – дар Лучоб ба хок супориданд. Рафтани Нигина Рауфова барои фарҳанги тоҷик ва тамоми дӯстдорони мусиқии халқӣ талафоти бузург гардид.
Буҳрони доимӣ ё душвориҳои муваққатӣ? Чаро дар Хуҷанд автобусҳо боз аз равуо бозмонданд?
Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 июни соли 2025
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста