Бонкҳои Тоҷикистон ҳатто дар ҳолати каме нуқсон доштани пулҳои коғазӣ ивази асъорро рад мекунанд. Дар ин хусус корбарони “Азия-Плюс” шикоят карданд ва мо тасмим гирифтем, ки мустақилона озмоиш гузаронида, маълум намоем, ки бонкҳои кишвар кадом асъори хориҷиро қабул ва табодул мекунанд.
Дар бонкҳо
Корбари “Азия-Плюс” шикоят кард, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори якчанд бонк қабули пули коғазии арзишаш 50 евроро бо нуқсони начандон назаррас рад мекунанд. Ин пулҳои коғазиро ӯ ба мо дод. Дарвоқеъ, нуқсони он ба андозае ночиз аст, ки танҳо дар сурати дақиқкорона аз назар гузаронидан метавон мушоҳида кард: дар қисми марказии пули коғазӣ (ду дона) чор сӯрохӣ бо масоҳати на бештар аз 0,3 мм ҳаст, ки тақрибан ба ғафсии нӯги сӯзан баробар аст.
Мувофиқи Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), нуқтаҳои мубодилаи асъор бояд пулҳои коғазии дорои сӯрохии на зиёдтар аз 0,5 мм-ро қабул кунанд!
Барои муайян кардани сабабҳои қабул нашудани ин пулҳои коғазӣ, хабарнигори “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки мустақилона ба нуқтаҳои мубодилаи асъор меравад.
Дар нуқтаҳои наздиктарин ба дафтари кории “Азия-Плюс” - “Алиф Бонк», ТҚХ "ИМОН Интернешнл", ҶДММ ТҚХ "Молия" бо дидани пулҳо бидуни шарҳи сабаб изҳор намуданд, ки асъори хориҷиии дорои нуқсонро қабул намекунанд.
Дар филиали “Бонки Эсхата” (каме дуртар аз меҳмонхонаи Asia Grand Hotel), ки дар қатори “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк” ба сегонаи бонкҳои низомсози кишвар дохил мешавад, пас аз санҷиши аслӣ (ҳақиқӣ) будани пулҳои коғазӣ, зикр карданд, ки ба ивази онҳо омодаанд, лекин бо ситонидани 10% ҳақ.
Дар дафтари асосии кории “Ориёнбонк” низ тақрибан ҳамин посухро шунидем: асъори хориҷии дорои чунин нуқсонро бо ҳаққи иловагӣ қабул мекунем ва барои ивази 100 евро дар ин ҷо пешниҳод карданд, ки аз қурби муқарраршуда 100 сомонӣ камтар медиҳанд.
Дар филиали “Амонатбонк”, ки қариб чаҳоряки бахши бонкии кишвар ба он тааллуқ дорад, изҳор намуданд, ки пулҳои коғазии моро бидуни гирифтани ягон ҳақи иловагӣ, метавонанд дар дафтари асосии кории ин муассиса қабул кунанд.
Ҳамин тавр ҳам шуд: дар дафтари асосии кории ин бонк зикр карданд, ки барои рад шудани ивази пулҳо бидуни ҳақ ҳеҷ гуна сабаберо намебинанд.
Дар шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфтанд, ки қоидаҳои муайянкунии нишонаҳои аслият ва пардохтпазирии асъори хориҷӣ дар Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” муқаррар шудаанд, ки дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шудааст.
Кадом пулҳои коғазӣ бояд қабул карда шаванд?
Дар замима ба Дастурамал гуфта мешавад, ки асъори хориҷӣ (пулҳои қоғазӣ - банкнотҳо, билетҳои хазинадорӣ) дар ҳолатҳои зерин пардохтпазир дониста мешаванд:
а) пулҳои коғазие, ки нишонаҳои асосии пардохтпазир буданро нигоҳ доштаанд;
б) пулҳои коғазӣ, ки фарсудагӣ ва ифлосӣ доранд;
в) пулҳои коғазӣ, ки кунҷ ё қисмҳои даридаашон (майдони на бештар аз 1-2 см. квадратӣ) ширеш карда шудааст, агар қисмҳои ҷудогардида, бешубҳа ба ин банкнот тааллуқ дошта бошанд;
г) пулҳои коғазӣ, ки қисмҳои даридагии ширешшуда доранд, агар онҳо зиёда аз чоряк ҳиссаи паҳнои банкнотро фаро нагиранд;
д) пулҳои коғазӣ, ки доғҳои хурди равғанӣ ва доғҳои дигар, навиштаҷот ва пайи тамға доранд (ба ғайр аз тамғаҳое, ки дар хусуси асл набудани банкнот шаҳодат медиҳанд), дар ҳолате ки агар онҳо ба муайян намудани аслияти банкнот монеъ нашаванд ва яке аз аломатҳои асосии пардохтпазир будани дар зербанди «а»-и банди мазкур нишондодашударо ба таври назаррас (бештар аз 50 %) пинҳон насозанд;
е) банкнотҳое, ки сӯрохии диаметраш на бештар аз 0,5 мм доранд;
ж) пулҳое, ки аз ҷониби бонки марказии (миллии) ношири давлати хориҷии дахлдор аз муомилот баровардашуда эълон шудаанд, то санае, ки дар муомилот боқӣ мемонанд.

Кадом пулҳои коғазӣ қабул карда намешаванд?
Асъори хориҷӣ вобаста ба асосҳои зерин пардохтнопазир дониста мешаванд:
а) пулҳои ба қисмҳо ҷудошуда ва ширешгардида;
б) пулҳое, ки нишонаҳои асосии қобили пардохт буданро нигоҳ надоштаанд;
в) пулҳое, ки ранги ибтидоиро тағйир додаанд ё рангашон паридааст;
г) пулҳои нимсӯхта ва сӯхта;
д) пулҳое, ки ба онҳо пурра ё дар қисмати зиёдашон ранг, сиёҳӣ, равған рехтааст;
е) пулҳое, ки зери таъсири реактивҳои кимиёвӣ қарор гирифтаанд, аз ҷумла реактивҳое, ки боиси партавафкании коғаз зери шуоъҳои ултрабунафш гаштаанд;
ж) пулҳое, ки қасдан дучори осеб гардидаанд (расмҳои асосӣ, аз ҷумла сурати одамон тағйир дода шудааст, риштаи ҳимоявӣ гирифта шудааст, мавҷуд будани навиштаҷоти зиёд, ки зери шуоъҳои ултрабунафш дида мешаванд);
з) пулҳое, ки андозаи ҳандасиашон (геометриашон) ба миқдори 3 мм кам ё зиёд гардидааст;
и) пулҳое, ки баъди санаи эълоннамудаи бонки марказии (миллии) ношири давлати хориҷии дахлдор оид ба он, ки онҳо то ин сана дар муомилот ҳастанд, аз муомилот гирифта шудаанд.
Бо дарназардошти имконият, пулҳои пардохтнопазири давлати хориҷӣ мумкин аст ба пулҳои қобили пардохти ҳамон давлати хориҷӣ ё сомонӣ бо ситонидани подоши ҳаққи хизмат иваз карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллӣ зикр карданд, ки таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасонии худ бо шумули комиссияро бонкҳои тиҷоратӣ мустақилона бидуни мувофиқа бо Бонки миллӣ муқаррар мекунанд.