Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои қоидавайронкунӣ дар роҳро бояд худи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт кунанд. Ин уҳдадорӣ дар шартномаи тарфайн миёни корхона ва ронанда муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд. Ронандаҳо бошад, бо ин қарор пурра розӣ нестанд.

Ба гуфтаи намояндагони “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоде, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо танзим мекунад, ронанда ҳангоми кор уҳдадор аст, қоидаҳои ҳаракатро риоя намояд, вагарна ҷарима барои қоидавайронкуниро худаш пардохт мекунад. Яъне маблағи ҷарима аз маоши ронанда пардохт мешавад.

“Ин уҳдадорӣ дар шартнома миёни ронанда ва корхона муқаррар шудааст. Аммо агар, ронанда қоидаҳои ҳаракатро дар пайи таваққуфи нодуруст ва ё эҷоди монеа аз ҷониби ронандагони дигар вайрон карда бошад, имкон ҳаст ингуна ҳолат бозбинӣ шавад” - гуфтанд дар муассиса.

Чӣ тавре ба мо шарҳ доданд, тафсири ҳолатро барои бозбинӣ ва баррасӣ метавонад худи ронанда ба ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла ба БДА ва ё тариқи сомонаҳои барои ин муқарраргардида, пешниҳод намояд. 

Аксари ронандагони нақлиёти ҷамъяитӣ бо ин тартиб пурра розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, маошашон он қадар зиёд нест, ки боз аз ин ҳисоб ҷаримаҳоро пардохт кунанд. Ба гуфтаи ронандаи автобусе, ки нахост номаш ишора шавад, ронандагони автобусу троллейбусҳо бештар қоидаҳоро ҳангоми таваққуф дар истгоҳ вайрон мекунанд.

 


“Мо қариб ки дар истгоҳ истода наметавонем. Ронандаҳои таксӣ, микроавтобусҳо ва таксиҳои ба қавли мардум “10 - сомона” бароямон монеа меофаранд, садди роҳамонро мегиранд ё дар ҷойи исти мо таваққуф мекунанд ва мо маҷбур мешавем хатро зер кунем ё дар ҷойи мамнӯъ таваққуф намоем” - нақл кард ӯ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, чунин бесарусомонӣ махсусан дар истгоҳҳои “Қарияи боло” ва “Автовокзал” рух медиҳанд ва на ҳамеша ингуна ҳолатҳо пас аз баррасии дубора бекор мегарданд.

Ин ронандаи автобус мегӯяд, дуруст аст, ки ронанда барои қоидавайронкуниҳояш бояд ҷавоб гӯяд, вале дар аксари ҳолатҳо гуноҳи онҳо нест. 

“Ин ноадолатист. Чаро барои бемасъулиятиву нодонии дигарон мо бояд пул диҳем?!” - мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.