Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар имрӯз, 23-юми май, дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора аз Театри намунавии миниётураи “Оина” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, Саидмурод Мардонов пеш аз нисфирӯзии имрӯз дар хонааш дар Душанбе аз олам чашм пӯшидааст. Сабаби марги ӯ маълум нест.
Ҷаноза соати 18:00 имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор баргузор шуда, ҷасади ӯ дар канори падару модараш ба хок месупоранд.
Саидмурод Мардонов унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт ва мебоист, ки дар оромгоҳи аҳли адабу ҳунар – Лучоб дафн мешуд, вале ҳамсӯҳбати мо гуфт, “васият кардааст, ки дар канори падару модараш ба хок супоранд”.
Саидмурод Мардонов 5-уми январи соли 1940 да ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна, аз соли 1959 то 1964 дар факултети ҳунармандии Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст.

Баъди хатми мактаби олӣ солҳои 1964 - 1966 дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд. Аз соли 1966 то соли 1991 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарофарӣ кард.
Аз соли 1991 то ба имрӯз ҳунарпешаи Театри намунавии миниётураи “Оина” буд.
Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Ӯ яке аз ҳаҷвнигорони шинохта ба ҳисоб мерафт ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.
Маъруфтарин нақшҳои Саидмурод Мардонов - Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) аст.
Марҳум филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ» ва чанде дигар ҳам нақш офаридааст.
Соли 1998 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста