Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро, ки муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, то мақомоти рус тавонанд аз макони ҷойгиршавии онҳо огоҳ бошанд, имзо кард.
Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки ин санад рӯзи гузашта, 23-юми май аз сӯи Владимир Путин имзо шудааст. Қаблан лоиҳаи қонуни мазкурро рӯзи 20-уми май Думаи давлатии Русия қабул карда буд.
Бояд гуфт, ки тартиби нав ба муддати чор сол ва танҳо дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ба таври таҷрибавӣ амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2029 ин тартиб дар тамоми Русия ҷорӣ карда шавад.
Бар асоси ин санад, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон роҳандозӣ мешавад. Ҳамакнун муҳоҷирон уҳдадор мешаванд, ки замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, ки тавассути он Вазорати корҳои дохилаи Русия имкон дорад макони ҷойгиршавии муҳоҷиронро назорат кунд.

Замимаи мобилӣ ҳангоми гирифтани хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, сабти изи ангушт ва аксбардорӣ ба маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар Сахарово дар телефони муҳоҷирон боргузорӣ карда мешавад. Онҷо муҳоҷир иҷоза медиҳад, ки мақомоти Русия ба маълумот дар бораи макони ҷойгиршавиаш дастрасӣ пайдо кунанд.
Муҳоҷирони корӣ муваззафанд, ки дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи ҷои зисти худ ва ё ивази ҷойи истиқоматашон мақомотро огоҳ кунанд.
Дар сурати сарпечӣ аз назорати ҷойгиршавии макони истиқоматӣ онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорати ин кишвар ворид карда мешавад. Дар сурати ворид шудани муҳоҷир ба ин рӯйхат мақомоти ин кишвар ӯро метавонанд ихроҷ ҳам кунанд.
Ин тарҳи қонун ба ҷуз муҳоҷирон, барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди шаҳр ва вилояти Маскав мешаванд.
Ноболиғон, дипломатҳову оилаи онҳо ва шаҳрвандони Белорус аз иҷрои тартиби нав озод ҳастанд.
Коршиносон мегӯянд, насби замимаи мобилӣ барои назорати макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ба мақомоти Русия имкон фароҳам меорад, ки ба дигар маълумотҳои шахсӣ низ дастрасӣ пайдо кунанд ва ин кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсиро зери шубҳа мебарад.
Бояд гуфт, Русия рӯз аз рӯз қоидаву қонунҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар қаламравашро сангин ва печида мекунад. Махсусан ин кор пас аз ҳамла ба толори “Крокус”дар Маскав дар аввали соли 2024 шиддат гирифт.
Ин ҳама қоида ва қарорҳои нав кор ва будубоши муҳоҷиронро дар Русия душвор мекунад. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, дар ин пайванд мутолиа кунед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста