Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд. Ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо омӯзгорони як мактаб дар вилояти Хатлон таъкид кардааст.

Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки Раҳим Саидзода рӯзи 7-уми июн аз мактаби №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ва бо омӯзгорон суҳбат кардааст.

Ҳангоми суҳбат вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ ва манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса таъкид кардааст.

Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ ҳушдор дода буд, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.

Зимнан, вазири маорифи кишвар чанде қабл “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта, вазъи онҳоро нигаронкунанда дарёфта буд.

Боздиди вазир маълум кард, ки дар баъзе мактабҳо таълиму тарбия, интизоми кор, ҳолати беҳдоштӣ, тозагӣ ва иштироки хонандагон дар дарс дуруст ба роҳ монда нашудааст. Директор ва муовинонии баъзе мактабҳо “бе сабабҳои узрнок” дар ҷои кор набудаанд.

Нисбати роҳбарияти ин мактабҳо чӣ чора андешада шуд, маълум нест.

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои ммактабдар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.

Ба гуфтаи ӯ инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.

Қаблан, “Азия-Плюс” пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳаи маориф матлабе бо унвони  “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа”, нашр кард, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед ва аз мушкилиҳои соҳа огоҳ шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.