Даҳ адиби тоҷик барандаи ҷоизаҳои адабии Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, яке аз бонуфузтарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон дар соли 2025 эълон шуданд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, исми онҳо имрӯз, 12-уми июн, ҷаласаи навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо ҳузури Раёсати иттифоқ баргузор шуд, эълон гардид.
“Дар натиҷа 4 адиб барандаи ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ ва 6 адиби дигар барандаи ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода шуданд. Ин китоҳо дар ду соли охир ба чоп расидаанд”, - гуфтанд аз Иттифоқи нависандагон.
Адибон бо китобҳои зерин барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср) шудаанд:
- “Обними меня” (китоби ҳикояҳо) - Ҳафиз Сайфуллоев;
- “Офтоби беғуруб” (маҷмуаи қиссаҳо, ҳикояҳо, эссе) - Нозир Ёдгорӣ;
- “Асарҳои мунтахаб”, ҷилди 10 (романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон») - Шарифбек Азизӣ;
- “Оҳанги зиндагӣ” (ҳикояҳои 24 адиби ҷаҳон) - тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод.

Адибон бо китобҳои зерин барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудаанд:
- “Сенуқта” (маҷмуаи ашъор) - Нарзуллоҳи Азизиён;
- “Табассуми ишқ” (маҷмуаи ашъор) - Рӯдобаи Мукаррам;
- “Шасти Равшан” (маҷмуаи ашъор) - Равшан Ҳамроҳ;
- “Дили афрўхта” (маҷмуаи ашъор) - Хурсандӣ Ҳоҷимурод;
- “Край мой родимый” (маҷмуаи ашъор) - Саид Сангин;
- “Парвини хаёл” (маҷмуаи ашъор) - Саъдӣ Мирзо.
Гуфта мешавад, ки ҷоизаҳо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ ба барандагон супурда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон эҳдо мегардад. Соли 2023-юм 12 шоиру нависанда соҳиби ин ҷоизаҳо шуда буданд. Бо исми онҳо дар ин пайванд шинос шавед.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста