Дар Ӯзбекистон чанде пеш ҷашнвораи адибони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Юнуси Имомназар таҷлил шуд. Ба ин баҳона мо бо ин нависанда, шоир ва мутарҷими тоҷики муқими Ӯзбекистон мусоҳиба оростем. Мавсуф узви Иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст, дорандаи нишони “Сухан” мебошад ва то кунун қариб 10 китобаш ба дасти хонандагон расидааст.

 

“Касе худситоӣ ё тамаллуқ кунад...”

- 60-солагиатон бо шукӯҳ таҷлил шуд. Чӣ эҳсос доштед ва чунин ҷашнвораҳо ба посдории забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон чӣ ҳад таъсир дорад?

- Аз он нишаст рӯҳи тоза гирифтам ва аҳд кардам, ки бештар нависам. Мулоқоти рӯбарӯ ҳамеша таъсири бештар дорад, то гуфтугӯҳои маҷозӣ! Ба вижа, тоҷикони кишвар ба чунин нишастҳо ниёз доранд, бо дидану шунидану дарёфти посух ба пурсишҳои дил хонанда боварии бештар ба устуворӣ ва пойдории забони модарӣ ҳосил мекунад. Мо бо ин амалҳо тавонистем чанд кори некро анҷом диҳем. Аз ҷумла, чандин намояндаи маҳаллаҳо аз деҳаҳои кӯҳпояамон мехостанд забони таълими мактабҳои тоҷикиро тағйир диҳанд ва мо садди ин роҳ шудем.

Дар воқеъ, моро як одати табиӣ дар як ҳалқа нигаҳ медорад - новобаста аз мақому мансабу мансубият ба қишре ҳама бо якдигар муомилаи дӯстона дорем ва агар дар ин миён касе худситоӣ ё тамаллуқ кунад, ӯро чашми дидан надорем.

- Юнуси Имомназар кист: шоир, нависанда, мутарҷим, омӯзгор ё тоҷир?

- Пеш аз ҳама омӯзгор ҳастам. Ҳар гоҳ шогирдонам маро устод мехонанд, ифтихор мекунам. Наср ҷону дили ман аст - аз соли 2000 ба таври ҷиддӣ ба наср рӯ овардам. Мутарҷимӣ шуғли ман аст, тоҷирӣ бошад – бароям бегона.

 


- Деҳаи Эҷ чӣ таъсир ба шаклгирии шахсиятатон расонид?

- Ин мавридро дар румони худ “Сабзу сурх” бо тасвири маконҳову манзараҳои мухталиф ва дар мисоли одамони қишрҳои гуногун матраҳ кардаам. Мулло Фарҳод ва муаллим Фаршед ҳар ду прототипи падарбузургони ман ҳастанд – яке муллои бузург, ҳофизи Қуръон буда ва дигаре омӯзгори асил ва созмондиҳандаи мактаби нав. Гузашта аз ин, аъзои хонаводаи мо мулло, дабир, муаллим, духтур ҳастанд. Ҳамин хуни равшанфикрӣ ба адабиёту калом робитаи зичи маро таъмин кардааст. Эҷ калимаи софи суғдӣ аст - ба маънии қалъа, истеҳком. Саъй дорем, номи расмии маҳаллаамонро, ки се деҳа – Эҷ, Сойхурд ва Симбулоқро фаро мегирад, аз "Каттасой" ба "Эҷ" баргардонем.

- Нахустин ангезаатон ба адабиёт чӣ буд?

- Дар замони Шӯравӣ рӯзномаҳои "Пионери Тоҷикистон", "Машъал", "Садои Шарқ"-ро мутолиа мекардам. Бештар ба асарҳои Айнӣ ва Сотим Улуғзода дилбастагӣ доштам.

 

Бо шарикдарсон дар Душанбе

 

Ҳубби Тоҷикистон дар қалбҳои тоҷикони бурунмарзӣ

- Шуморо чӣ ба Душанбе кашонид ва аз овони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон чӣ хотирот доред?

- Дар он солҳо донишҷӯёне, ки дар Душанбе таҳсил мегирифтанд, дар назди мардум обрӯйи баланд доштанд. Ғайр аз ин, дар кишвари мо хатмкунандагони донишгоҳҳои Душанберо бо камоли майл ба кор мегирифтанд. Ман бошам, аз хурдӣ орзуи шарқшинос шудан мекардам. Ба ин хотир, барои таҳсил ба Тоҷикистон рафтам.

Аз замони таҳсил дар Душанбе хотираҳои нек дорам, хусусан аз профессор Ҳилол Каримов, ки марди ҳалим буданд. Беҳтарин дӯстам Сахидод Раҳматуллозода буд, ки то ҳол дӯстиамонро нигоҳ медорем ва аз комёбиҳояш, аз ҷумла раиси Кумитаи забон шуданаш ифтихор мекунем.

 

Бо Сахидод Раҳматуллозода

- Як сол дар Роғун омӯзгорӣ кардед, сипас ба зодгоҳ баргаштед. Чаро дар Тоҷикистон намондед?

- Ба Роғун рафтанам тасодуфӣ буд. Мутобиқи тақсимоти донишгоҳ мебоист ба Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Душанбе равам. Ҳамон айём, ногаҳон бародарам Раҳмат дар Душанбе пайдо шуд. Ӯ дар нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” машғул ба кор буд. Ба ман ҳам нагуфта, ба назди мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун меравад ва аз эшон бо муҳру имзо як талабномаро бардошта меояд. Ва ҳамин тавр ман ба деҳаи Қандаки Роғун рафтам ва онро дӯст доштам.

Дар канори омӯзгорон бо аҳли деҳа хеле зуд унс гирифтам. Ҳатто хонумамро ба он ҷо бурдам. Писари калониам - Беҳрӯз ҳамон сол дар зоишгоҳи Обигарм таваллуд шуд. Дар тӯли қариб як сол нону ҷурғоту ширу равғани моро қандакиён медоданд. Хонумам танҳо як бор, он ҳам барои нишон додани тарзи нонпазию шакли нонҳои эҷиёна, нон пухта буд. Чӣ қадр инсонҳои дасткушоду меҳрабону муҳтарам буданд қандакиён! Аз ҳаёти дӯстони қандакиам ду ҳикоя дорам бо номҳои “Дер ою дуруст ой” ва “Садои қалб”.

Ман аҳд карда будам, ҳар қадр лозим бошад он ҷо мемонам, аммо соли 1990 қиблагоҳам аз дунё гузаштанд. Чун барои модараму додарони кӯчакам сарпарасте лозим буд, ин вазифа ба дӯши камина уфтод. Ва ман омадам ба зодгоҳ...

- Дар Ӯзбекистон вақте исми Тоҷикистон зикр мешавад, тоҷиконро ифтихор фаро мегирад. Ин чӣ замина дорад?

- Замоне дар назари мани кӯдак низ Тоҷикистон чун як гӯшаи биҳиштӣ ҷилвагар мешуд. Акнун мефаҳмам, ки далели аслиаш ҳамин дунёи бепоёни илму фарҳангу арзишҳои волои тоҷикона будааст, ки дар шакли китобу рӯзномаю маҷаллаҳо ва аз тариқи сухану нақлҳои одамони аз он сӯ омада бар мо нуфуз доштааст. Ҳар як китоби дарсӣ ва кулли адабиёти илмию бадеию ҳунарӣ аз Тоҷикистон меомад, чаро ки мо як давлат будем, мисли имрӯз кишварҳои ҷудогона набудем. Ҳоло то андозае, ки Эҷу Нуратою Самарқанду Бухорою Тошкандро дӯст дорам, ҳамон андоза Душанбею Хуҷанду Роғуну Кӯлобу Истаравшану Бадахшону Зарафшон бароям маҳбуб аст.

 

Бо модар ва бародар

 

“Худатро дар деҳа хор накун”

- Чаро пас аз чанд соли омӯзгорӣ ба кори рӯзноманигорӣ пардохтед?

- Бо матбуот пайваста иртибот доштам ва моҳи марти соли 1996 бо донишомӯзон ба олимпиадаи Тошканд рафтам. Ғоибназар Бекназаров, масъули бахши тоҷикии Вазорати маорифи Ӯзбекистон, ки ҳамдеҳаамон буд, ғайри хоҳишу иродаи ман, исмамро дар доваталабони муҳарририи радио навишт. Аз мусоҳиба гузашта, ба Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон қабул шудам. Аммо ҳеч гоҳ аз омӯзгорӣ дилсард нашудаам, баръакс, дилгармии ҳамешагиамро аз он пеша ба рӯзноманигорӣ интиқол додам. Медидам ва ҳис мекардам, ки дар пойтахт, дар муҳити адабии нав беш аз пеш муваффақ хоҳам шуд. 

- Аз соли 2000-ум инҷониб дар ширкати саҳҳомии “Шимбор”-и Эрон (намояндагӣ дар Тошканд) фаъолият доред. Чаро ба ин кор гузаштед?

- Ширкати “Шимбор” як ширкати сохтмонӣ аст. Ман бошам, дар дафтар менишинам ва фақат бо тарҷума – чи катбӣ, чи шифоҳӣ – машғул мешавам. Хубии кори ман дар ин аст, ки дар замони корӣ вақти холӣ фаровон дорам ва ҳамин фазоро барои эҷод истифода мекунам. Бо аҳли калом, нависандагону шоирони кишварамон робита ва “додугирифт”-ҳои эҷодӣ дорам. Бо ҳайати эҷодии рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” ҳамкории доимӣ дорам, бо “Ховар”-у “Дурдонаи Шарқ” низ.

 


 

“На фақат бозӣ, балки маҳфили андешаварзист”

- Дарвоқеъ, Шумо муаассиси маҳфили адабии “Хирадманд” ҳастед. Ин маҳфил чӣ гуна ташкил шуд, чӣ мақсад дорад ва чӣ тарз мегузарад?

- Мо дар оғоз як бозии интеллектуалӣ бо номи “Хирадманд” роҳандозӣ кардем. Ва дар ҳамон бозии аввал дарёфтем, ки ин фақат бозӣ нест, метавонад як маҳфил-бозии андешаварзӣ ва зеҳнӣ бошад. Се сол пеш дӯстони зиёде аз кӯҳпояи мо бонги изтироб заданд, ки сокинони деҳаҳо майл доранд забони омӯзишии мактабҳои худ (тоҷикӣ)-ро ба забони давлатӣ баргардон кунанд. Ин аз он дарак медод, ки дар кӯҳпояи мо низ мактаби миллӣ аз байн меравад, омӯзиш ба забони модарӣ қатъ мегардад ва дар ниҳоят, худношиносӣ, беҳуввиятӣ, худбохтагӣ пирӯз меояд.

Бо ташкили маҳфилҳои "Хирадманд" (соле ду бор) таваҷҷуҳи омӯзгорон ва донишомӯзонро ба забону адабиёти тоҷик ҷалб кардем. Мусобиқа дар ҳамаи 10 мактаби кӯҳпояи Нурато ва Фориш гузаронида мешавад. То имрӯз муҳтавои китоби “Гули санг” ва соири китобҳое, ки доир ба ҳаёт ва эҷодиёти эҷодкорони кӯҳистони Нурато аст, романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода, “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ, “Баҳористон”-и Мавлоно Ҷомӣ, таърихи садсолаи “Овози тоҷик”-ро мавриди мутолиаи хонандагон қарор додаем.

Ин вохӯриҳои адабӣ ва бозиҳои интеллектуалии мо чанд ҳусн дорад: мактабҳо ва омӯзгорону хонандагони мактабҳоро ба ҳам наздику ошно месозад; ба забондонӣ ва озод ҳарф зада тавонистану озодона андеша рондани хонандагон ва беҳбуди гуфтор ба забони адабӣ мусоидат мекунад; бовару дилгармии бачаҳоро ба забони модарӣ афзун мебахшад; донишомӯзон ҳарчи беш ба китобхонӣ майлу рағбат пайдо мекунанд.

 

Шеъри хуб - тухми анқо

- Адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон дар кадом вазъият қарор дорад?

- Бо вуҷуди ҳама талошҳо аз сӯйи адибону равшанфикрон ва фароҳам овардани шароити омӯзишу парвариш дар кишвар, пешрафти адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон ба таври қаноатбахш нест. Аксари одамон, ки аз мактаби миллӣ дур шудаанд, бо ҳамон қолабҳои шахшудаи замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ҳеч қабул кардан намехоҳанд, ки бо пеш рафтани замон забон ҳам ба тағйироту дигаргуниҳо дучор мешавад. Як ду калимаи нав дар навиштаҳои қаламкашон бубинанд, бонг мезананд, ки ин чӣ навишта аст!

 

Аз чап ба рост: Абдуллоҳ Субҳон, Юнуси Имомназар, Бекназари Тӯйназар ва Паймон, шоирону нависандагони тоҷики муқими Ӯзбекистон

Азбаски дастгоҳи таблиғотии мо мисли суръати сангпушт кор мекунад, мардум ба ҳар ваҷҳ забони гуфторашонро олуда месозанд. Барои онҳо на забони тозаи адабӣ, балки забоне муҳим аст, ки фикрашонро баён кунанд – гарчи бо вожаҳои чандин забон махлут бошад.

Муҳити адабии тоҷикии Ӯзбекистон пароканда аст, касе ба касе гӯш намедиҳад, ба ҷуз нафарҳои башуморе, ки бо маслиҳат кор мекунанду дар ин росто муваффақ шудаанд. Шоир зиёд аст, аммо шеъри хуб - тухми анқо.

Мехостам, ҳар як китоб, ҳадди ақал пеш аз чоп, аз назари шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон гузарад. Дигар, вақте ки соҳибкор ё мубтакире мехоҳад китоби дастҷамъӣ ба табъ расонад, шоиру нависандагони ҷамъовардаашро ба таъйиди ҳамон шуъбаи тоҷикӣ расонад.

Китобҳои ҷаълӣ зиёд шудааст, ки дар ин ҳам тақсири ҳамватанони мо ва ҳам аҳли китоббарори Тоҷикистону Эрон ҳаст.

 

Китоб ё қанд?

- Ба фикри Шумо, адибони кунунии тоҷик ҳамқадами замона ҳастанд?

- Имрӯз аксари адибони тоҷик азоби рӯҳӣ мешаванд. Онҳо метавонанд ҳамқадами замон бошанд, дар сурате ки халқашон аз бегонапарастиҳо худро нигаҳ дошта, адибони худро ҷонибдорӣ кунанд.

Мутаассифона, ҳамзабонони мо дар солҳои ахир аз адабиёту фарҳанг дида ба молу чиз дилбастагии бештар доранд, агар дар наздашон як китоби бадеӣ ва як миқдор қандро гузоред, ҳатман қандро мегиранду китобро пешпо зада мераванд. Ман ин гуна ҳолатро дар кишварам бо чашми худ дидаам. Беҳуда нагуфтаанд, қарс аз ду даст мехезад!

 


- Дар китобҳои дарсии Ӯзбекистон намунаҳои эҷодиёти Шумо ҷой гирифтаанд. Ин барои Шумо чӣ масъулият овардааст?

- Дар китобҳои адабиёти синфҳои болоӣ аз ҳикояҳоям ҷо додаанд. Боз ҳам бо таассуф мегӯям, ки дарсҳои адабиёти мо дар мактабҳо ҷавобгӯйи хостаҳои мо нест. Дарсҳо камӣ мекунад, асарҳои нависандагоне мисли мо як тараф, ҳатто ба он дарсҳо на ҳамаи осори хуби адибони бузург дохил шудаанд. Масалан, Баҳманёреро, ки ҷаҳони форсизабонҳо мешиносад, мактаббачагони мо намедонанд.

 

"Дар як шаб хонда тамом кардам!"

- Барои нависанда эътирофи адабиётшиносон ва хонандагон чӣ аҳамият дорад ва чӣ тавр ба он ноил шудан мумкин аст?

- Аз як сӯ адабиётшинос, яъне, мунаққиди адабӣ ва аз ҷониби дигар худи халқ ангезандаи рӯҳияи эҷодии ҳар як нависанда ё шоир аст. Ман ҳар дуи ин мазаро чашидаам. Мо чанд тан адиб пас аз нишасти адабию фарҳангие дар деҳаи Ӯхм ба ҷойи наҳорхӯрӣ мерафтем. Ногаҳон марде бо шитоб ба мо расиду бо ҳамроҳонам дастӣ ва маро ба оғӯш кашида салом дод ва базӯр нафасашро рост карда, гуфт: “Ман “Ҷоми саргардон”-ро дар як шаб хонда тамом кардам! Нисфи шаб барқ рафт, боқимондаашро дар зери чароғ хондам”. Дар ҳоле ки аз хурсандӣ дар куртаам намегунҷидам, дасташро фишурда изҳори сипос кардам ва ҳамон дам аз бағоҷи мошинам чанд дона аз китобҳои нави бурдаамро ба ӯ додам. Он замон яке аз ҳамраҳони мо бо хушнудӣ садо баланд кард: “Китобе, ки дар як шаб хонда шуд”. Ва бо ҳамин ном мақолае дар “Овози тоҷик” низ чоп шуд. Ин гуна эътирофу самимият аз ҳазор-ҳазор халтаи тило қиматтар аст.

Дигар мавриде, ки боиси ангезаи илҳомам шудааст, як мақолаи муфассали адабиётшиноси шинохта Саиди Саъдӣ мебошад, ки бо номи “Камолоти эҷодии нависанда” дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба табъ расида буд. Дар ин мақола аксаран нақдҳои устод дар робита бо корбурди калимаҳо, таркибҳо ва унсурҳои номашруъ бароям писанд омад. Аз ин лиҳоз мегӯям, нақди адабӣ барои ҳар як эҷодкор мисли равғани маска аст, ки нонашро болаззат месозад.

 

Лаҳзаи тақдими шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

- Шумо узви иттифоқи нависандагони ҳам Ӯзбекистон, ҳам Тоҷикистон ҳастед. Ин ду узвият чӣ имкониятҳо ва масъулиятҳо медиҳад?

- Ин гуна узвият ҷасорати бемислеро бароям ҳадя кардааст. Ман танҳо ҳамин мақомро дорам ва бо истифода аз он дар ҳар ҷое, ки лозим медонам ва ҷойи шакку шубҳа нест, ба ҳамтоёни худ маслиҳату машваратҳо медиҳам. Ин кори ман “сӯиистифода аз манзалат” нест, балки тақозои адабиёт ва нақди адабӣ аст. На фақат дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва китобҳо, ҳатто дар ҳар як саҳифа ё сомонаи интернетӣ ҳар чизеро, ки ба назарам иштибоҳ намуд, ошкоро ба муаллифаш гӯшзад мекунам. Хештан ҳис мекунам, ки аксари вақтамро бо корҳои ҳошиявӣ мегузаронам, дар сурате ки ин одатро бояд партоям ва то ҷое, ки дастам мерасад, бояд эҷод кунам.

 

“Пойи мо ланг асту манзил бас дароз"​​​​​​​

- Ҳамкориҳои адабӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кифоя аст? Барои густариши ин иртибот чӣ кор кардан лозим?

- Дар ин ҳамкориҳо камтарин чизе, ки ба назар мерасад, адами китобҳои бадеист. Фикр мекунам, акнун фурсати муносиб расид, ки дар ҳар як шаҳру вилоёти Ӯзбекистон ва дар деҳаю шаҳракҳое, ки тоҷикон дастҷамъона зиндагӣ мекунанд, дӯконҳои “Тоҷиккитоб” кушода шавад. Чунончи, мо ду бор дар маҳфилҳои худ хостем ҳадди ақал 50 донаӣ китоби “Гулистон” ва “Баҳористон”-ро дарёб намоем, аммо муваффақ нашудем. Дигар, рафтуомади аҳли адабро бояд зиёд кард, аз буҷаи давлат!

- Ҳоло рӯйи кадом нақшаҳо кор мекунед?

- Гузашта аз корҳои шахсиву оилавӣ, як лаҳза ҳам аз эҷод даст намекашам. Дар айни ҳол рӯйи чанд лоиҳа кор мекунам: ҳикоя ва қиссаҳоямро ба хатти форсӣ баргардон карда истодаам; қиссаеро доир ба сарнавишти як марду зане, ки аз ҳам ҷудо шуда, ҳар ду ба сахтиҳои фаровон дучор мешаванд, ба поён мерасонам; китоби дуюми “Сабзу сурх”-ро идома медиҳам; гаҳ-гоҳ аз ҳикояҳои нависандагони ӯзбек ба тоҷикӣ тарҷума мекунам, ки китоби чоруми “Хирмани сухан”-ам фароҳам ояд; саволномаи нишасти ҳафтуми маҳфили “Хирадманд”-ро аз муҳтавои “Шоҳнома” таҳия мекунам ва бо ин ҳама, саъй дорам ба саҳифаю гурӯҳҳои телеграмию фейсбукиам бирасам. Бо вуҷуди ин ки “пойи мо ланг асту манзил бас дароз ва дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил”, дар роҳи расидан ба висоли маъшуқи ҳақиқӣ ҳар гуна роҳи тулониро бояд тай кунем.

Худо ба ҳамроҳ!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.