Дирӯз дар Душанбе маҳфили эҷодӣ ба ифтихори 75-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Акбар Абдулло (Алиакбар Абдулло) баргузор гардид. Ӯ аз камтарин касонест, ки солҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошт, вале ба гуфтаи ҳамкасбонаш, “ҳамеша шеър дар лаб зиндагӣ кард”.

Дар ҷаҳони муосир, махсусан дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, камтар касонро пайдо кардан мумкин аст, ки бо ҳамон самимият ва ишқи воқеӣ ба эҷодиёт машғул бошанд. Акбар Абдулло дар ин ҷо истисно ҳисобида мешавад - ӯ мисоли нодире аст аз касе, ки тавонистааст ду олами комилан фарқкунандаро дар як зиндагӣ ҳамоҳанг кунад.

Ин буд, ки дар маҳфили эҷодиаш дар толори Хонаи адибони Мирзо Турсунзода ҳам собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ, ҳам кормандони мақомоти назоратӣ ва ҳам шоирону нависандагону овозхонон, инчунин ҳаводорони адабиёт ва санъат ҷамъ омаданд ва ин иттиҳод нишон дод, ки Акбар Абдулло дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа эҳтиром ва манзалати баланд дорад.

 

“Иттифоқи нависандагон аз ӯ қарздор нест”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфилро ифтитоҳ карда, бо ишора ба собиқаи кори полисии соҳибҷашн гуфт, ки дар ин иттиҳодия ҳама гуна касбу кор ҷамъ омада, иттифоқ шудаанд.

Низом Қосим

Ӯ дар мавриди шахсияти пурҷанбаи Акбар Абдулло муфассал ҳарф зада, баён дошт, “Акбар Абдулло мардест, ки беш аз 40 ҳунар дорад: шоир, нависанда, мутриб, овозхон, ринд, мулло..., ки ҳамаи ин хислатҳо якдигарро комил карда, симои умумии ин шахсияти фарҳангиро пешкаш мекунанд”.

Раиси Иттифоқи нависандагон хотирнишон кард, ки гарчанд Акбар Абдулло солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намудааст, аммо ҳеҷ гоҳ аз эҷодиёт дур нашудааст. Ӯ афзуд, Иттифоқи нависандагон ҳам аз ӯ қарздор нест. Ӯро ҳамчун шоир қабул кардем, вале ҳамчун носир ҳам шиносонидем.

“Қиссаи "Духтарам" бисёр насри хуб аст. Умедворам, ки дар ояндаи қиссаи нағзи "Писарам"-ро ҳам менависад", - дар тақвияти суханонаш гуфт Низом Қосим.

 

“Натанҳо дӯст, балки бо ҳам бародарем!”

Шерхон Салимзода, собиқ додситони куллии Тоҷикистон дар суханронии худ аз назокатҳои кории касбии Акбар Абдулло дар соҳаи тафтишот ёд карда, ӯро ҳамчун мутахассиси ҳирфаӣ дар ин бахш сутуд.

Ӯ гуфт, ки беш аз 40 сол бо Акбар Абдулло риштаи рафиқӣ дорад ва дар тамоми ин солҳо ӯро ҳам ҳамчун мутахассиси хуб дар соҳаи ҳуқуқ, ҳам шоири шеърпараст мешиносад.

Шерхон Салимзода

“Акбар Абдулло дар ҷомеа мақоми сазовори худро ба даст овардааст. Ин дӯсти мо ҳам дар фарҳангу адабиёт, ҳам дар ҷодаи овозхонӣ ва ҳам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойгоҳи хоса пайдо кардааст. Ман шахсан ифтихор мекунам, ки чунин дӯст дорам! Мо натанҳо дӯст ҳастем, балки бо ҳам бародарем!”, - гуфт собиқ додситони куллии Тоҷикистон.

Салимзода таъкид кард, ки Акбар Абдулло бо вуҷуди он ки ҳуқуқшиноси касбӣ, муфаттиш, сардори шӯъбаи тафтишот, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ, ҳифзкунандаи ҳуқуқи инсон ва мудофеи тартиботу қонуният буд, ҳамзамон дар тарозуи адабиёт ҳам саҳми арзандаи худро гузошт.

“Шахс он вақт ба мартабае мерасад, ки ба рушду инкишофи фарҳанги миллӣ саҳме гузошта бошад. Агар шеър фарҳанг бошад, тартибот ҳам фарҳанг аст, аз роҳи бад гардонидани як шахс ҳам фарҳанг аст. Ва бародари мо бо фарҳангӣ буданаш ба ин мартаба расидааст”, - гуфт Шерхон Салимзода.


 

“Беҳтарин шоир дар байни полисон”​​​​​​​

Додохони Эгамзод, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ҳарферо аз забони шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ гуфт, ки “Акбар Абдулло беҳтарин полис дар байни шоирон ва беҳтарин шоир дар байни кормандони полис аст”.

Додохони Эгамзод

Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, ба Акбар Абдулло тоқӣ пӯшонида, саҳибҷашнро таҳият гуфт.

Дар маҳфил инчунин Ибодулло Машрабов, Афзалшо Шодиев, Сангалӣ Мирзо, Лоиқ Холов ва дигар овозхонони шинохта ширкат варзида, сурудҳо ҳам хонданд.

Бояд гуфт, ки гардонандаи маҳфил худи соҳибҷашн буд ва бо он ки шаби эҷодиаш чун “ширу шакар” мегузашт, худаш ҳам дар моваро шеър қироат мекарду суруд ҳам мехонд.

1/4

 

Зиндагиномаи мухтасари Акбар Абдулло

Алиакбар Абдулло 9-уми июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон (кунун ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) ба дунё омадааст. Ӯ мактаби ноҳияи Восеъ ва омӯзишгоҳи Душанберо ба поён расонида, дар идома мактаби олии Вазорати умури дохилии Иттиҳодияи Шӯравӣ дар шаҳри Тошкандро хатм кардааст. Донишафзоии ӯ дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Қоҳира идома ёфтааст.

Акбар Абдулло

Дафтарҳои шеърии зиёди Акбар Абдулло аз соли 1991 то ҳол нашршудаанд, ки аз ҷумла: "Розҳои танҳоӣ" (1991), "Фарёди дур" (1993), "Фарёди ёри дур" (1995, ба ҳуруфи форсӣ), "Кошонаи сӯхта" (1997), "Созҳо аз розҳо" (2001), "Ниёзи дил" (2008) ва "Шоири дардҳо" (2011). Дар моварои 75-солагии Акбар Абдулло перомуни рӯзгор ва корномаи ӯ китоби маҷмӯаи мақолаҳо таҳти номи “Бо сухан, бо Ватан” ба чоп расид.

Акбар Абдулло барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.