Вақте, ки соли хониш ба охир мерасад, волидайн андеша мекунанд, ки дар ин давра чӣ гуна истироҳати кӯдаконашонро ба роҳ монанд, то ки он на танҳо шавқовару ҷолиб, ҳамчунин, муфид ҳам бошад. Мо истироҳатгоҳҳо (лагерҳо)-и шавқовартаринро барои кӯдакон ҷамъоварӣ кардем, ки дар онҳо фарзандони шумо метавонанд ба варзиш, эҷодкорӣ, илмомӯзӣ ва ҳатто соҳибкорӣ машғул шаванд.

 

Маркази фароғатии кӯдаконаи «Мадагаскар»

Маркази “Мадагаскар” дар деҳаи Зайрони дараи Ромит, 47 километр дуртар аз Душанбе воқеъ аст. Барномаи истироҳат барои кӯдакони синни аз 6 то 16-сола пешбинӣ шудааст. Басти аввал 26-уми июн оғоз гардида, 9 рӯз давом мекунад.

Маркази фароғатии кӯдаконаи "Мадагаскар"
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Нарх – 1999 сомонӣ.

Барнома аз иқомат (ҳуҷраҳои 10-12-нафарӣ), 5 вақт хӯрок, ҳавзи шиноварӣ, посбонии шабонарӯзӣ, хидматрасонии тиббӣ ва чорабиниҳои шавқовар, аз ҷумла квестҳо (ҷустуҷӯ, вазифа гузоштан), дарси маҳорат , шоу ва чорабиниҳои шомгоҳӣ иборат аст. Тамос бо ташкилкунандагон тамоми баст фаъол аст.

Тамос: 551 888 882, 446 303 322.

 

Истироҳатгоҳи "Дар меҳмонии Сива" ("В гостях у Сивы")

Истироҳатгоҳи тобистонаи Сива Ҷалилова 9 рӯзи истироҳати фаъол барои кӯдакони синни аз 6 то 16-соларо пешниҳод мекунад. Барнома аз чорабиниҳои эҷодӣ ва фароғатӣ, ду сафар ба аквапарки “Делфин”, бозиҳои варзишӣ дар майдонҳои футуболу волейбол ва баскетбол, шиноварӣ дар ҳавзҳо ва истироҳат дар минтақаҳои бозӣ бо "Playstation", теннис ва саққобозӣ (билярд) иборат аст.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Назорати доимии бехатарии кӯдакон, 4 вақт хӯрок, таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди эҷодкорӣ, масъулият ва маҳоратҳои иртиботӣ.

Нархи баст – 1600 сомонӣ.

Рӯзҳои рафтан: 11 ва 23-юми июн, 4, 16 ва 28-уми июл. Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст.

Тамос: 904 58 2198, 919 07 9995.

 

"Kids Craft Tajikistan"

Истироҳатгоҳи тобистонаи "Kids Craft Tajikistan" бастҳои 5-рӯзаро аз соати 10:00 то 17:00 боз мекунад. Имсол ба барнома таҷрибаҳои илмӣ - ду озмоиши гуногун ҳар ҳафта дохил шудааст, ки истироҳати кӯдаконро на танҳо шавқовар, балки муфиду омӯзанда мекунад.

Kids Craft Tajikistan
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ғайр аз ин, кӯдакон дар машғулиятҳои дарси маҳорат, бозиҳои рӯимизӣ  ва квестҳои даставӣ иштирок карда, ба варзиш машғул мешаванд. Инчунин, аз рӯзҳои кино ва бозиҳо дар об фароғат мекунанд. Кӯдакон 2 вақт бо хӯрок ва иловаи меваҳо таъмин карда мешаванд.

Нархи баст – 850 сомонӣ.

Истироҳатгоҳ дар Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 21 воқеъ аст.

Тамос: 988 88 75 76.

 

Истироҳатгоҳи тиҷоратии "Bizkids Camp"

Дар дараи хушманзараи Ромит истироҳатгоҳи тобистонаи тиҷоратӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки дар он муддати 9 рӯз кӯдакони синни аз 8 то 17-сола таҳсил карда, истироҳат мекунанд. Барномаи истироҳатгоҳ аз дарсҳои маҳорати ҳамарӯза оид ба соҳибкорӣ, эҷодкорӣ, худдифоӣ ва фарҳанг, инчунин бозиҳои варзишӣ дар майдонҳои футболу волейбол ва баскетбол иборат аст.

Bizkids Camp
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Барои ҳузури бофароғат 5 вақт хӯрок, ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакони калонсол ва хурдсол, кумаки шабонарӯзии тиббӣ роҳандозӣ шуда, қаламрави истироҳатгоҳ посбонӣ мешавад. Дар истироҳатгоҳ шароитҳои бароҳати иқомат ва ҳузури мураббиёну роҳнамоҳо фароҳам оварда шудааст.

Нарх – аз 1800 сомонӣ.

Ба баста, равуо ва барномаҳои шавқовари фарҳангӣ дохил мешаванд. Оғози басти якум - 16-уми июн.

Тамос: 909 404 040.

 

Мактаби "Паёми Дониш"

Мактаби хусусии "Паёми Дониш" аз 9-уми июн то 4-уми июл барои кӯдакони синни аз 4 то 14 сола истироҳатгоҳи тобистона боз мекунад. Барномаи он аз машғулиятҳои забони англисӣ, каратэ, гимнастика, рақсҳо, футбол, баскетбол, эҷодкорӣ ва дарсҳои маҳорат иборат аст.

Истироҳатгоҳи тобистонаи мактаби "Паёми дониш"
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Нарх – аз 700 то 2000 сомонӣ

Дар истироҳатгоҳ се ҳавзи шиноварӣ ва минтақаи расмкашӣ мавҷуд буда, кӯдакон се вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд. Кӯдакон аз аквапарки “Делфин”, маркази батут, кинотеатр ва осорхона боздид мекунанд. Машғулиятҳо рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 08:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

Дар саросари шаҳр нақлиёт амал карда, вобаста ба шумораи рӯзҳо нарх аз 200 то 400 сомониро ташкил медиҳад.

Суроға: кӯч. Панҷрӯд-36 (паси бинои «Барқи тоҷик»).

Тамос: 717 131 313.

 

Лигаи роботҳо

Истироҳатгоҳи тобистона бо давраи омӯзиш оид ба роботехника рӯзи 8-уми июн боз шуда, ба кӯдакон барномаи нуҳрӯза пешниҳод мекунад. Дар истироҳатгоҳ 5 вақт хӯрок, рафтан ба экскурсияҳо, давраи омӯзишӣ оид ба робототехника (5 рӯз) ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ пешниҳод мегардад.

Лигаи роботҳо
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ду шакли иштирок имконпазир аст: шабонарӯзӣ (1800 сомонӣ барои 9 рӯз ва 8 шаб) ва танҳо рӯзона – аз соати 9:00 то 17:00 (1500 сомонӣ). Истироҳатгоҳ барои онҳое мувофиқ аст, ки на танҳо истироҳат мехоҳанд, балки хоҳиши гузоштани қадамҳои аввал дар ҷаҳони технологияҳоро доранд.

Тамос: 550 150 530.

 

"Mansylvania"

Истироҳатгоҳи тобистонаи "Mansylvania" дарҳои худро рӯзи 16-уми июн боз намуда, барои кӯдакон барномаи дуҳафтаинаи шавқовар пешниҳод мекунад. Ҳамарӯза аз соати 9:00 то 17:00 иштирокчиёнро бозиҳо дар об, дарсҳои маҳорат, рақсу йога, шоу-барномаҳои интерактивӣ ва барномаҳои рушд интизоранд.

Mansylvania
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Барнома бо таваҷҷуҳ ба серҳаракативу чолокӣ ва кори дастаҷамъона таҳия шудааст. Мураббиёни соҳибтаҷриба бехатарӣ ва бароҳатиро назорат мекунанд.

Нарх – 1600 сомонӣ (барои басти якҳафтаина).

Тамос: 888 990 306,  919215525.

 

"RobX"

Истироҳатгоҳи шаҳрии "Игра в кальмара" аз RobX барои кӯдакони синни аз 6 то 14-сола дар басти шавқовари аз 2 то 27-уми июн боз шудааст. Ин на танҳо истироҳату фароғат, балки сафару саёҳат дар олами робототехника, эҷодкорӣ ва мусобиқаҳои даставӣ аст.

RobX
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Барнома аз машғулиятҳои амалӣ оид ба робототехника, дарсҳои маҳорат иборат аст, ки  тававвуроту хаёл ва бозиҳои фаъолро рушд медиҳанд. Дар онҳо кӯдак амали дастаҷамъонаро бо дигарон меомӯзад. Истироҳатгоҳ рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 17:00 кор мекунад. Дар истироҳатгоҳ 3 вақт хӯрок дода шуда, кӯдакон ва ҳамаи мавод ба ҷойи зарурӣ бурда расонида мешаванд.

Нарх – 1000 сомонӣи (5 рӯз), 1700 сомонӣ (10 рӯз), 3000 сомонӣ (20 рӯз).

Суроға: кӯч. Каринн Ман, 130 (дар наздикии "Ромсар").

Тамос: 931 575 115.

 

Маркази таълимии "ILMCITY"

Маркази таълимии "ILMCITY" истироҳатгоҳи тобистонаи шаҳрӣ созмон медиҳад, ки аз 2 то 28-уми июн амал карда, ба кӯдакон аз рӯзи душанбе то шанбе аз соати 9:00 то 17:00 рӯзҳои ҷолибу шавқовар пешниҳод месозад.

Барнома аз дарсҳои маҳорати расмкашиву эҷодӣ, квестҳо ва флеш-мобҳои шавқовар, "LEGO"-машғулиятҳо, бозиҳои рӯимизӣ, хӯрок, экскурсия ва оббозӣ дар ҳавзҳо иборат аст.

Маркази таълимии ILMCITY
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Нарх – 150 сомонӣ дар як рӯз.

Суроға: кӯч. Пӯлодӣ, 43 (бинои "Jysk"/Хонаи ман, ошёнаи 3-юм, домофони 1).

Тамос: 887 701 313, 555 000 333.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.