Дар Хуҷанд равуои автобусҳои шаҳрӣ боз қатъ шуд. Ин бори чандум аст, ки ин вазъ такрор меёбад. Қаблан мақомот ин мушкилотро "норасоии сӯзишворӣ бо сабабҳои душвории молиявӣ" маънидод карда буданд. Аммо кори ноустувори чандинсолаи нақлиёти ҷамъиятии ин шаҳр ба мушкилоти амиқтари доимӣ ишора мекунад.
Қатъи навбатии кори автобусҳоро мақомот чӣ гуна шарҳ доданд?
Ҳанӯз охири моҳи майи соли ҷорӣ, “Азия-Плюс” барои шарҳи сабаби аз фаъолият бозмондани ҳаракати автобусҳо дархости расмӣ ирсол намуда буд. Масъулияти посух ба дӯши шуъбаи нақлиёт ва алоқаи шаҳр вогузор шуд.
Аммо мудири шуъба то ҳол аз шарҳи масъала худорӣ карда, серкор буданашро баҳона мекунад ва пешниҳоди маълумотро ба таъхир мегузорад.
Талошҳои дарёфти шарҳ аз “Нақлиёти шаҳрии мусофирбари Хуҷанд”, ки ба кори парки автобусҳо бевосита масъул аст, бенатиҷа анҷом ёфт. Ба зангҳои сершумори рӯзноманигорон раҳбарияти муассиса ҷавоб намедиҳад.

Чаро автобусҳо аз кӯчаҳо "гум шуданд"?
Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки сабаби аз кор мондани автобусҳои шаҳр камбуди шадиди сӯзишвори дизелӣ (солярка) ва ба таъхир афтодани пардохти маош ба ронадагон аст. Ин мушкилот дар пасманзари душвориҳои молиявие, ки нақлиёти шаҳр ба он дучор шуд, ба вуҷуд омадааст.
“Сабаби асосии қатъи кори автобусҳо камбуди сӯзишворӣ аст. Мо рӯйи он кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик ин масъала ҳал шуда, автобусҳо боз ба кор оғоз мекунанд”, - навишта буд "Спутник Тоҷикистон" аз номи роҳбари муассиса Ином Почоев.
Сарфи назар аз ваъдаҳои мақомот, автобусҳо 2 ҳафта боз б кор намебароянд.

Қобили зикр аст, ки ин мушкилот дар кори автобусҳо бори аввал нест. Тобистони соли гузашта шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода сабаби қатъи навбатии равуои автобусҳоро ба душвории молиявӣ рабт дода буд.
Он замон ӯ гуфта буд, ки танҳо қисме аз нақлиёт баъди ҷудо шудани маблағгузории иловагӣ корашро барқарор карда тавонист.
Ислоҳоти дар роҳ дармонда
Муддати тӯлонӣ нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо як қатор мушкилот рӯбарӯ мешавад. То соли 2010 дар шаҳр низоми троллейбус фаъолият мекард. Аммо бинобар фарсуда шудани техника, норасоии қисмҳои эҳтиётӣ ва мушкилоти молиявӣ, кори он пурра қатъ гардид.
Пас аз он воситаи асосии нақлиёти ҷамъиятӣ микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хусусӣ ва таксиҳо шуданд, ки на ҳамеша барои мусофирон роҳат ва дастрас буданд.
Соли 2018 мақомоти шаҳр тасмим гирифтанд, ки хати автобусро пурра барқарор намоянд. Бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тақрибан 100 автобус харидорӣ шуд.

Ҳамон сол 25 автобуси нав ба Хуҷанд расид. Мақомот эълон карданд, ки ба низоми пурраи автобусӣ мегузаранд. Тибқи нақша, ин бояд вазъи нақлиётро беҳтар намуда, вобастагиро аз нақлиёти хусусӣ коҳиш медод.
Хатсайрҳои автобус Хуҷандро бо шаҳрҳои наздик — Бӯстон (Чкаловск), Гулистон (Қайроққум) ва Бобоҷон Ғафуров пайваста, бояд иртиботи байнишаҳриро қулай ва дастрас мекарданд.
Аммо дере нагузашта маълум шуд, ки теъдоди воқеии мусофирон аз ҳисобҳои пешбинишуда хеле зиёдтар буда, ин миқдор автобусҳои мавҷуда наметавонад сарбориро ҳал кунад. Дар натиҷа қисме аз маршруткаҳои хусусӣ дубора ба хатсайрҳо баргардонида шуданд.
Аз соли 2020 дар нақлиёти шаҳрӣ системаи пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ гардид. Аз дигар навовариҳои он давра либоси ягона барои ронандагон буд: куртаҳои сафед ва шимҳои сиёҳ.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда ва маблағгузории зиёд, низоми равуои автобусҳо дар Хуҷанд ҳамоно бо душвориҳо рӯбарӯ аст.
Солҳои охир танҳо теъдоди маҳдуди ками автобусҳо ба хатсайрҳо мебароянд ва шаҳр боз бо камбуди нақлиёти ҷамъиятии бонизом дучор аст.
Имрӯз дар кӯчаҳо боз маршруткаҳои хусусӣ пур аст. Дар соатҳои авҷи серодамӣ (часпик), ҳаракати нақлиёт қариб ки фалаҷ мегардад.

Аҳолӣ ва ронандагон чӣ мегӯянд?
Норасоии автобусҳоро бахусус сокинони шаҳрҳои атрофи Хуҷанд эҳсос мекунанд. Ба гуфтаи Александр, як сокини шаҳри Бӯстон, сафар ба Хуҷанд бо автобус тақрибан ду баробар арзонтар аз маршрутка меафтод.
Арзиши роҳкирои автобус 2 сомонӣ муқаррар шуда буд, дар ҳоле ки маршруткаҳо вобаста ба самт аз 3,5 то 4 сомонӣ мегиранд.
"Дар соатҳои авҷи серодамӣ, бахусус субҳ, хеле мушкил аст, ба ҷое рафтан. Маршруткаҳо пур мешаванд, бисёриашон ҳатто намеистанд. Вале автобусҳо аввалан васеътар ва илова бар ин, мувофиқи ҷадвали муайян ҳаракат мекунанд. Ин хеле муҳим аст, вақте ки ҳар рӯз аз шаҳри дигар ба кор ё таҳсил меравӣ",- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, таксӣ гузинаи мувофиқ нест, чунки нархи он гарон аст. Масалан, арзиши миёнаи сафар аз Бӯстон то Хуҷанд тақрибан 30 сомониро ташкил медиҳад, ки барои аксари мусофирон гарон аст.
“Қаблан ман бо автобус мерафтам, зеро аз маршрутка арзонтар буд. Вале дар тобистон душвор аст. Дохилаш хеле гарм мешавад, "кондитсионер" нест. Ахиран автобусҳо хеле кам ба хатсайр мебароянд ва дигар имкон надорам, аз ин рӯ, маҷбурам аз маршрутка истифода барам, зеро онҳо зуд-зуд меоянд”,- гуфт Мутриба, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд, ки дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунад.

Яке аз ронандагони автобус, ки пештар дар хатсайри Бобоҷон Ғафуров — Хуҷанд фаъолият мекард, баъди қатъи кори автобусҳо маҷбур шудааст, ки ронандаи машрутка шавад.
"Музди меҳнатро ба мо мунтазам намедоданд, баъзан қисман медоданд. Ронандагон зиёд, вале автобусҳо намерасиданд, бинобар ин бо навбат кор мекардем — як рӯз пас ё ҳар ду рӯз як маротиба. Ҳоло бошад, ҳамаамонро ҷавоб доданд", — гуфт ин ронанда, ки нахост аз ӯ ном барем.
Ба вай ваъда додаанд, ки аз оғози соли таҳсил, вақте ки ҷараёни асосии мусофирон — донишҷӯён ва хонандагон зиёд мешавад, хатсайрҳоро барқарор мекунанд.