Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баъди қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад охири моҳи гузашта чор кӯдаки худро ба дарё андохт, дар сомонаи худ вокуниш нашр кардааст.
Ин ниҳод марги 4 кӯдаки хурдсолро, ки ба гуфтаи мақомот аз ҷониби модарашон ба дарё андохта шуданд, ташвишовар хонда, масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдаконро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад.
Дар баёния гуфта мешавад, ки ҳуқуқҳои кӯдакон аксар аз ҷониби падару модар ва ё наздикони дигар поймол мегардад.
“Таҳлилу омӯзиши ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар намояндагони қонунӣ ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад, вайрон карда мешавад”, - омадааст дар баёния.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои кӯдакон, аз падару модарон, ҷомеаи тоҷик ва мақомот даъват кардааст, ки дар ин самт чораандешӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 29 ба 30-юми июн Мадина Ҳалимоваи 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофт ва дар натиҷа зан зинда монда, чор кӯдаки ноболиғаш ҷон бохтанд.
Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд. Дар наворҳо дида мешуд, ки масъулини мақомот аз дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари Мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста