Дар Тоҷикистон ба феҳристи хадамоти коммуналӣ, аз ҷумла, таъминоти оби нӯшокӣ, корез обҳои партов ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ дохил мешаванд. Маълум шуд, ки арзиши ин хидматрасониҳо вобаста ба минтақа фарқ мекунанд, дар баръзе минтақаҳо бошад, бархе хидматрасониҳо умуман пешниҳод намешаванд.
Аз ҳама бештар барои таъмини обу корез сокинони шаҳри Хоруғ пул месупоранд: барои ҳар як метри мукааб 3,12 сомонӣ. Ҳамзамон, хидматрасонии корез на дар ҳама ноҳияҳои кишвар пешниҳод мешавад, дар баъзе маҳалҳо сокинон танҳо бо об таъмин мегарданд.
Партовкашонӣ танҳо дар 14 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда шудааст. Арзиши ин хидматрасонӣ, бе назардошти арзиш аз андози иловашуда (14%) 58,08 сомонӣ барои як метри мукаабро ташкил медиҳад. Меъёри партовҳосилнамоӣ дар як сол барои як нафар 2,05 метри мукааб муқаррар шудааст. Ба ин тартиб, маблағи солонаи бурдани партов барои як нафар тақрибан 119 сомониро ташкил медиҳад.
Дар деҳот оби ошомиданӣ ва оби обёрӣ аз ҷониби бахши алоҳидаи ХМК — “Тоҷикобдеҳот” таъмин карда мешавад, ки дар 25 ноҳияи ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.
Дар шаҳри Душанбе бошад, тарофаҳо барои кашонидани партовҳои сахти маишӣ вобаста ба навъи манзил фарқ мекунанд:
- барои ҳавлиҳо — аз 2,90 то 3,10 сомонӣ;
- барои хонаҳои нообод (баракҳо) — аз 2,70 то 3 сомонӣ;
- барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ — аз 2,40 то 2,60 сомонӣ
- барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ — аз 2 то 2,20 сомонӣ.
Арзиши таъмини 1 метри мукааб оби ошомиданӣ ва рафъи партовобҳо дар хонаҳои дорои ҳисобкунак – 2,26 сомонӣ ва барои хонаҳо бе ҳисобкунак 75 дирам муқаррар шудааст.
Арзиши хидматрасониҳо вабаста ба минтақа дар тасвирбаёни мо.




Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста