Рӯзи 25-уми сентябри соли равон дар аввалин "Киноклуб"-и лоиҳаи нави "Суғдсинмао" филми “Падари моҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик дар Кохи матбуот ба намоиш гузошта шуд.
Лоиҳаи нави ин муассисаи давлатӣ “Рушди соҳаи синамо ва ҷалби ҷомеа ба он” ном дошта, тибқи он минбаъд филмҳои миллӣ, аз ҷумлаи филмҳои худи "Суғдсинамо" дар деҳаҳои дурдаст, дар фазои кушод ва ройгон намоиш дода мешавад.
Осими Орифпур, директори "Суғдсинамо" гуфт, дар доираи ин лоиҳа, ҳамчунин ба завқмандони олами синамо навиштани сенария, кори коргардонӣ ва муаррифии снарияҳои филм омӯзонида мешавад, ки давраи якуми он аллакай гузашт ва давраи дуввум аз моҳи октябр оғоз мешавад.

"Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа “Киноклуб” ташкил карда мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба соҳаи синамо, сохтани як фазои фарҳангӣ барои соҳаи синамо мебошад", - гуфт Осими Орифпур.
Ба иттилои ӯ, "Киноклуб" минбаъд дар як моҳ ду маротиба доир шуда, дар он филмҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, атрофи бурду бохти он муҳокима низ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов” соли 2015 таъсис ёфтааст. Давоми 10 соли фаъолият филми кутоҳҳаҷми “Коса”, филми ҳунарии “12 соли интизорӣ” филми мустанади “Духтари Сайҳун”, филми ҳуҷҷатии “Соҳибватан” филмҳои ҳунарии “Тангно”, “Сайёра ранг иваз мекунад”-ро намоиш дода, ба чандин ҷоизаҳо ноил шудааст.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста