Ҳамаи ин кӯдакистонҳо бо фарогирии 5560 кӯдак бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барномаи иттилоотии "Kudak.tj" пайваст шуданд. Ин барнома барои осон кардани қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст.
Зафар Муродзода, директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки тариқи ин барнома волидайн метавонанд кӯдакистонро интихоб намуда, ариза диҳанд ва дар рӯйхати электрони навбат гиранд.
Ӯ зикр кардааст, ки "Kudak.tj" "барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки соддагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидайн бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дошта, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад".
Бо сабт дар барнома волидайн метавонанд дар бораи ҷойҳои холӣ дар муассисаҳо ва гурӯҳҳои синнусолӣ маълумот дарёфт намуда, фаъолияти кӯдакро пайгирӣ ва аз китобҳои электронӣ ва садоӣ истифода баранд. Дар сомона ҳамчунин муҳтавои гуногуни фароғатӣ ва маърифатӣ нашр мешавад.
Дар сомонаи "Kudak.tj" зикр мегардад, ки барнома барои муассисаҳои томактабӣ бо мақсади рақамисозии соҳа, худкор гардонидани ҷараёнҳо дар бахши таълими томактабӣ ва тавсеъаи фарогирии кӯдакон аз ҷониби онҳо таҳия шудааст.




