Ҳусейн Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи “Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илм “Омӯзгори соли Тоҷикистон” эълом гардид. Ҷоми озмун, диплом ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ рӯзи 4-уми октябр ба ғолиби озмун супорида шуд.  

“Азия-Плюс” атрофи пешаи омӯзгорӣ,  корнома, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъда бо “Омӯзгори соли Тоҷикистон” гуфтугӯ кард.

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он 5 омӯзгор аз минтақаҳои кишвар аз рӯйи ҳафт шарти озмун бо ҳам рақобат карданд.

Ҳусейн Ализода ҳашт сол инҷониб ҳамчун омӯзгори фанни биология ба хонандагон дарс мегӯяд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ба омӯзгорӣ муҳаббат пайдо кард ва ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурд.

Ӯ панҷ маротиба дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ширкат кардааст ва танҳо дар даври шаҳрӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст.  

Ба ақидаи ӯ, омӯзгорон метавонанд аз рӯйи ин касб маоши хуб гиранд, шароити зиндагиро беҳтар кунанд ва эҳтироми ҷомеаро низ ба даст оваранд.

 “Ҳар омӯзгоре, ки касбашро сидқан дӯст медорад ва пайваста дар пайи омӯзишу такмили дониши худ аст, ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад. Омӯзгори арзанда ва донишманд ҷойи кор, маоши хуб ва эҳтиромро пайдо карда метавонад. Эҳтиром, музди маоши хуб ва шароитеро, ки орзу мекардам бо омӯзгор шудан ба даст овардам”,- мегӯяд Ҳусейн Ализода.

Ӯ иброз дошт, ки “нисбат ба омӯзгорони деҳа шароити муаллимони шаҳр беҳтар буда, ҳама имкониятҳо барояшон дастрас мебошад”.

“Аммо дар деҳа барои омӯзгорон шароити лозимӣ фароҳам нест. Онҳо аз ҳар ҷиҳат, аз ҷумла техникаву технология, дастрасӣ ба интернет, озмоишгоҳҳо ва ғайра танқисӣ мекашанд”, - таъкид мекунад ӯ.

 

Акс аз қаҳрамони матлаб

Ҳусейн Ализода мегӯяд, “нисбат ба солҳои пеш таваҷҷуҳи хонандагон ба илмҳои диқиқ ва табиатшиносӣ афзудааст ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо баланд мебошад”.

“Ҷабл шудани хонанда ба дарс аз маҳорату дониши омӯзгор вобаста аст. Кӯшиш мекунам дарсҳо аз ҳам фарқ дошта бошад. Ҳар мавзуъро ба хонандагон дар озмоишгоҳ таҷриба гузаронида, мефаҳмонам, дарсро ба таври визуалӣ, ки хонанда зуд аз бар мекунад, мегузарам”,-нақл кард ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо, давоми солҳои омӯзгорӣ бештар аз 26 мақолаҳои илмӣ ва дастури таълимӣ таҳияву нашр кардааст. Ҳамчунин, ӯ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ҷоизаи давлатии барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” қадрдонӣ шудааст.

“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам мебошад. То ба имрӯз зиёда аз 20 шогирди ман дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ғолибияти шогирдон ва муваффақияти онҳо барои ҳар омӯзгор ниҳояти ифтихор аст”,-мегӯяд Ҳусейн Ализода. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.