Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" шарики расмии иттилоотии Конфронси байналмилалӣ дар робита ба зеҳни сунъӣи (AI Conf 2025) аст, ки рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳамкории "Азия-Плюс" бо "AI Conf 2025" яке аз қисматҳои стратегияи гурӯҳи расонаҳо дар самти дастгирии лоиҳаҳои нав мебошад, ки ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд.

Тайи беш аз 20 соли фаъолият "Азия-Плюс" ба яке аз майдонҳои пешрафтаи расонаҳои мустақили Тоҷикистон табдил ёфта, масоили марбут ба тиҷорат, технологияҳо ва тағйирот дар ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунад.

Умед Бобохонов, муассиси "Азия-Плюс" зикр кард, ки шарикӣ бо "AI Conf 2025" барои кишвар аҳамияти хосса дорад.

"Имрӯз бидуни ҷорисозии технологияҳо, рушди тиҷорат дар ҳеҷ як соҳа, хоҳ сайёҳиву расона, хидматрасонӣ ва ё соҳаи дигар ғайриимкон аст. Истифодаи фаъолонаи зеҳни сунъӣ дар равандҳои тиҷорат тамоюли асосии технологии солҳои ахир шудааст.

 "Азия-Плюс" муҳим будан ин тағйиротро дарк мекунад, аз ин рӯ мо натанҳо зеҳни сунъиро дар корамон ҷорӣ месозем, балки рушди онро мунтазам дар матбалҳои худ инъикос мекунем. Иштироки мо дар "AI Conf 2025" иқдоми мантиқӣ ва огоҳона дар доираи ин стратегия маҳсуб меёбад. Мо мутмаинем, ки форум ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва ба сурати умум дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшад", - афзуд ӯ.   

 

"AI Conf 2025" - бори нахуст дар Душанбе

Конфронси "AI Conf 2025" аз ҷониби Шӯро оид ба зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамдастӣ бо "zypl.ai" ва "Area AI" ва ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT), марказҳои таҳқиқотӣ ва сармоягузоронро гирдиҳам меорад.

Чорабинӣ барои баррасии ояндаи зеҳни сунъӣ ва нақши Осиёи Марказӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии рақамӣ майдони муҳим хоҳад шуд.

Миёни лоиҳаҳое, ки дар конфронс муаррифӣ мешаванд, метавон аз "SoroLLM", модели забонӣ, ки бо забони тоҷикӣ кор мекунад ва додаҳо (дата)- кластер, ки аз энергияи таҷдидшаванда истифода мебарад, ном бурд.

Шарикии "Азия-Плюс" бо "AI Conf 2025" майлу нияти гурӯҳи расонаҳоро баҳри дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди донишу технологияҳо ва муколамаи кушоду ошкоро дар оняда нигаронида шудаанд, таъкид мекунад.

Билетҳо барои иштирок дар конфронс дар сомонаҳои aiconf2025.com ва ticketon.tj дастрасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.