Духтарон дар деҳот на ҳамеша метавонанд бо варзиш, махсусан ба футбол машғул бошанд. Аксаран, расму оин ва андешаҳои суннатӣ садди роҳ чунрин духтарон мешавад. Вале Нодира Мирзоева, қаҳрамони мо ин садро шикаст, футболбоз шуд ва то ба дараҷаи довари байналмилалӣ расид. Ҳоло дар майдонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, номи тоҷик ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Варзишгари рӯзномахон
“Ба хондани нашрияҳо завқ доштам ва падарам ҳар ҳафта рӯзномаи “Варзиш” мехариданд. Бори аввал, дар рӯзнома хондам, ки дар Тоҷикистон низ дастаи духтаронаи футбол ҳаст. Он замон ба варзиши сабук машғул будам. Аз падарам хоҳиш кардам, ки аз варзиши сабук ба футбол гузарам. Падарам розӣ шуд”, - нақл кард лаҳзаҳои аввали ба олами футбол омадани худро Нодира Мирзоева.
Ӯ зодаи шаҳри Турсунзода аст. То 16 солагӣ зери назорати падараш, ки мураббии варзиши сабук аст, машғули тамрин ва ҷоизадори мусобиқаҳо буд. Сипас, 2 сол дар дастаи “Регар-ТадАЗ” машқи футбол кард. Баъи он ки донишҷӯ шуд, тамринҳояшро дар дастаи “Ласточка” -и пойтахт идома дод. Дар ин миён, ба узвияти тими мунтахаби футболи занонаи кишвар шомил шуд ва дар чанд мусобиқаҳо, аз ҷумла дар қаҳрамонии Осиё ширкат кард.

“Инқилоб” дар деҳа
Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби деҳаи худ ба ҳайси муаллимаи фанни тарбияи ҷисмонӣ фаъолият кард.
“Дар баробари кор дар мактаб, мақсад доштам, писарони завқмандро ҷамъ карда, як дастаи пурқуввати футбол омода кунам. Дидам, ки духтарон низ ба бозии футбол шавқу ҳавас доранд. Ҳамин тавр дар деҳа дастаи духтаронаи “Регар-ТадАЗ”-ро таъсис додам”, - гуфт қаҳрамони мо.
Нодира Мирзоева мегӯяд, нахуст бисёре аз волидайн барои машғул шудани духтаронашон ба футбол зид буданд. Вале ӯ Нодира ҳамроҳи падараш ба хонаи духтарон рафта, бо оилаи онҳо гуфтугӯ ва падару модаронро розӣ мекард.

“Аз сабабе, ки падарамро бештари мардуми деҳа эҳтироми зиёд мекарданд, райъашро гардонда натавониста, барои машғулияти духтаронашон розӣ мешуданд”,- гуфт вай.
Ҳамин тавр, Нодира тавонист дар деҳа дастаеро таъсис диҳад, ки дар оянда чанд аъзояш бозигари дастаи мунтахаб шуданд. Вале аз сабаби он ки дар деҳа зиндагӣ мекарданд, аъзои даста наметавонист ҳар ҳафта барои бозиҳои асосӣ ё мусобиқа аз деҳа ба шаҳр раванд. Чунки барои дарёфти харҷи роҳ танқисӣ мекашиданд.
Мушкилоти духтарони футболбоз
Ба гуфтаи Нодира Мирзоева, духтарони футболбоз дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла, духтарони зиёде буданд, ки маҳз дар давраи расидан ба қуллаҳои баланд, бо фишори хонаводаҳояшон худро аз варзиш дур карданд.
“Духтарон то 17 солагиашон бозиҳои хуб нишон медиҳанд, сипас аз пайи таҳсил ё оиладорӣ шуда, футболро фаромуш мекунанд. Дақиқтараш ба онҳо фишор меоранд, ки футболро идома надиҳанд”, - таассуф мехӯрад Нодира.
То имрӯз дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар чанд бозӣ муқобили дастаҳои хориҷӣ иштирок карда, кам натиҷаи чашмрас ба даст меорад. Ин аст, ки дар зери хабарҳои вобаста ба мағлубияти дастаи духтарона, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои номатлуб менависанд. Аз гуфтаҳои Нодира бармеояд, ки духтарони бозингар ҳар гоҳе ин шарҳҳоро мехонанд, сахт руҳафтода мешаванд, чунки сабаби мағлубиятро бештари тамошобинони тоҷик намедонанд.
“Дуруст аст, ки дастаҳои футболи духтарона дар бозиҳо бо дастаҳои хориҷӣ зиёд мағлуб мешаванд. Сабаб дар ин аст, ки духтарони мо аз бозигарӣ дар футбол маош намегиранд. Баъд водор мешаванд, ки вақти тамринҳоро кам карда, бо кор дар мактаб, фурӯшгоҳ, ошхона ва монанди инҳо машғул шуда, зиндагии худро пеш баранд. Тамринҳо дар дараҷаи кофӣ набошад, ба даст овардани ғолибият низ осон намешавад. Тамоми хароҷоти сафарҳо, хӯрок, либос ва ашёҳои варзишӣ аз ҳисоби буҷаи кишвар аст. Танҳо ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳо ҷоизаи пулӣ мегиранду халос”, - гуфт Нодира Мирзоева.
Довари байналмилалӣ
Нодира соли 2018 ҳамроҳи тими мунтахаб дар бозии CAFA, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок кард. Дар ин мусобиқа дастаи Тоҷикистон ҷойи сеюмро гирифт, ки дар он саҳми ӯ кам набуд. Баъди бозгаштаз Тошканд, ба фаъолияти бозингарии худ дар футбол нуқта гузошт. Баъд аз муддати кӯтоҳ, аз мураббӣ будан низ даст кашид.

“Бо шарофати футбол се бор поям ҷарроҳӣ шуд. Вақте дуюм бор ҷарроҳӣ карданд, духтур гуфт: “Ё футболро интихоб кун ё саломатиатро”. Ман боз ҳам ба бозӣ идома додам. Бори сеюм ҷароҳати сахт гирифтам ва боз ҳам ҷарроҳӣ шудам. Модарам бисёр хоҳиш кард, ки дар фикри саломатиам бошам ва ба гуфтаи табибон гӯш диҳам. Ҳамин тавр ҳамчун бозингар футболро анҷом бахшидам, аммо дар ҳамин фазо мондам”, - сабаби тарки футболро шарҳ дод ӯ.
Нодира баъди рафтан аз футбол, бо пешниҳоди чанде аз дӯстонаш дар курси доварӣ таҳсил гирифт. Баъди он тӯли се сол дар бозиҳои дастаҳои миллӣ доварӣ кард, то рӯзе тавонад дараҷаи довари байналмилалиро соҳиб шавад.
Билохира, соли 2021 Нодираро барои санҷиши омодагӣ ба доварии байналмилалӣ, ба бозие, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мешуд, равон карданд.

“Дар дақиқаи 88 -уми бозӣ, дар лаҳзае ки иштибоҳи бозигарон аз назари бештари тамошобинон дур монда буд, корти сурхро бардоштам. Вақте бозӣ тамом шуд, назоратчии бозӣ (инспектор) пурсид, ки оё касе аз доварон ба ман ёрӣ карданд. Гуфтам, ки не. Пас он ёварони қирғизамро пурсидааст, ки оё гуфтаҳоям ҳақиқат доранд? Онҳо ба ман шоҳидӣ додаанд. Аллакай баъд аз чор рӯзи бозӣ, ба федератсия мактуб расид, ки ман дараҷаи довари байналмилалиро гирифтаам”, - аз он рӯзҳои пурҳаяҷони худ ёд меорад варзишгар.
Нодира Мирзоева то имрӯз чандин бозии дастаҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Урдун, Таиланд, Малайзия, Камбоҷа, Ҳонконг ва дигарҳоро доварӣ кардааст.
Ӯ кӯшиш мекунад, ки дар доварӣ ба доварбонуи франсуз Стефани Фраппар пайравӣ намояд. Дар ин баробар орзу дорад, ки дар оянда бозиҳои финалии Қаҳрамонии Осиё ва Ҷоми ҷаҳонро доварӣ кунад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста