Дар пайи сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, ба созишномаи байнидавлатӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кории муваққатӣ ба Русия, ки соли 2019 қабул шуда буд, тағйирот ворид гардид. 

Ба санад 6 тағийр илова ворид шуд, ки ба таъмини бехатарӣ, будубоши қонунии муҳоҷирон ва рақамисозии соҳаи муҳоҷират шудааст.

 

Таваҷҷуҳ ба кори шоиста ва бехатар

Дар муқаддимаи созишнома, бори аввал дар бораи нияти ҷонибҳо ҷиҳати ҳавасмандсозӣ барои рушди шаклҳои муташаккили муҳоҷирати корӣ банди нав илова шудааст.

Акнун дар санадҳои расмӣ, мустақиман дар бораи зарурати таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шароити бехатар, қонунӣ ва шоистаи кор дар ин кишвар сухан меравад. Бар ивази ин Тоҷикистон бояд барои бозори кори Русия кормандони соҳибтахассусро фиристад.

Вокзали роҳи оҳани Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Акс аз Asia-Plus

 

Пойгоҳи нави рақамӣ ва шарҳи мафҳумҳо

Моддаи 2 ин санад нав шуд. Аз ҷумла, зикр мешавад, ки акнун ҳамаи маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ ва корфармоҳо дар пойгоҳи "Работа ва России" (Кор дар Русия) ҷойгир карда мешавад.

Ҳамчунин, ба ин модда мафҳумҳои нав, чун "ташкилоти тиббии Русия" (Российская медицинская организация) ва “ташкилоти ваколатдори Русия” (Уполномоченная организация Российской Федерации) ворид карда шудааст, ки ҳамоҳангсози сафрбарии муташаккилонаи муҳоҷирон мебошанд.

Ба ғайр аз ин, дар ин модда, таъбири нави "самти омодасозии кадрҳои соҳибтахассус" ворид карда шудааст.

 

Ҳамроҳ шудани Вазорати маорифи Русия

Ба моддаи сеи созишнома, Вазорати маорифи Русия ҳамроҳ карда шуд, ки акнун мувофиқи барномаҳои таълимии маълумоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти касбӣ  дар Русия ва Тоҷикистон ба омодасозии муҳоҷирон ҷавобгӯ аст.

Ин ба корҷӯён ҷиҳати такмили ихтисоси то сафар имкон медиҳад ва барои дарёфти кор ба таври қонунӣ кумак мекунад.

 

Қоидаҳои нави супоридани изи ангуштон ва санҷиши довталабон

Тағйироти нисбатан назаррас дар моддаи 4 сурат гирифтанд.

Акнун, супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон бо интиқоли маълумот ба Русия анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, ВКД Тоҷикистон довталабонро аз лиҳози доғи судӣ надоштан ва мавриди пайгард қарор надоштан месанҷад. Оӯзиши забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия тибқи барномаҳои расмии Русия ба роҳ монда мешавад.

Акс аз Asia-Plus

Ҳамчунин, ташкилотҳои ваколатдори Русия метавонанд бо мувофиқа бо Вазорати меҳнат мустақилона дар қаламрави Тоҷикистон кормандон интихоб кунанд.

 

Муоинаи тиббӣ — то рафтан ба Русия

Мувофиқи таҳрири нави моддаи 5, муоинаи тиббии муҳоҷирони корӣ акнун метавонад дар ташкилотҳои тиббии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд, гузаронида шавад.

Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аллакай бо ҳуҷҷатҳои тиббии тайёр ба Русия оянд. Ҳамчунин ин вақти анҷоми расмиётро камтар  ва сарборӣ ба ҷониби қабулро коҳиш медиҳад.

 

Тақвияти назорат аз болои корфармоҳо

Тағйирот дар моддаи 12 шарҳ медиҳад, ки на танҳо барои қонунгузории меҳнат, балки муҳоҷират низ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, ба тарафҳои амали муштарак расман Вазорати корҳои дохилии Русия илова шудааст, ки ба тақвияти назорат ва баланд бардоштани сатҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ равона шудааст.

 

Ақидаи коршинос

Владимир Волох, узви Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Русия ба портали rahmat.ru изҳор доштааст, ки ин иқдомҳоро хеле барвақтттар қабул кардан лозим буд ва онҳо ба соддаву осон гардонидани таъмини шаҳрвандон бо кор ба таври қонунӣ нигаронида шудаанд.

"Дар робита ба баргузории муоинаи тиббии муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон барои кор назди мо меоянд, ин тасмими хеле дуруст аст. Шумори назарраси расмиёти заруриеро, ки дар мо анҷом дода мешавад, метавон дар кишвари интиқолдиҳанда гузаронид.

Сифати ин расмиёт як хел аст, лекин муҳоҷир бояд аллакай бо бастаи тайёри ҳуҷҷатҳо ояд, то ки дар фурсати кӯтоҳ ба кор оғоз намояд. Аз ин рӯ, ман аз ин ташаббус комилан ҷонибдорӣ мекунам", - гуфтааст коршинос.

Владимир Волох
Акс аз торнамои guu.ru

Ӯ ҳамчунин муҳим будани на танҳо ворид намудани тағйирот, балки иҷрои амалии онҳоро низ таъкид намуд:

“Созишнома кайҳост, ки имзо шуда буд, лекин иҷрои он ба таъхир меафтод. Айни замон чизи аз ҳама муҳим роҳандозии иҷрои муқаррароти нав мебошад.

Таъсиси намояндагиҳои ВКД-и кишварҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ба ин кор кумак мекунад. Ин ҷиҳати ҳаллу фасли фаврии масоил ва назорати ҷараёни бо кор таъмин шудан дар маҳалҳо имкон медиҳад”, - илова намудааст ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.