Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи ноябр бақайдгирии рақамии нафақахӯрон оғоз шуда, то охири моҳи декабр идома мекунад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, барномаи мазкур “ба шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд” ва дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии маҳалли худ муроҷиат кунанд. Ин шабу рӯз шуъбаҳо бидуни рӯзи истироҳатӣ кор мекунанд. Аз ин ниҳод гуфтанд, бақайдгирӣ ройгон аст.
Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.
Бархе сокинон гуфтанд, дар рӯзҳои аввали бақайдгирӣ, дар шуъбаҳои нафақа дар шаҳру навоҳӣ навбатпоии тӯлонӣ буд, вале рӯзҳои охир он кам шудааст.
Ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар, бақайдгирии рақамӣ ё шинохти чеҳраи нафақахӯрон бояд то охири моҳи декабри соли равон анҷом дода шавад ва он имкон медиҳад, нафақахӯрон шахсияти худро “бевосита ва дар вақти мувофиқ” тасдиқ кунанд.
“Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бақайдгирии нафақагирон дар вақти воқеӣ тавассути нусхагирӣ намудани шиноснома ва шинохти чеҳра ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур хизматрасониҳоро осонтар намуда, барои тасдиқи бехавфи шахсият ёрӣ намояд”, - омадааст дар хабари расмии ин ниҳод.
Аммо Оҷонсӣ нагуфтааст, ки оё муҳлати барои бақайдгирӣ пешбинишуда кофӣ аст ё не. Зеро баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки муҳлат барои бақайдгирӣ кам аст.
Бояд гуфт, ин тасмим дар асоси протоколи маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуда, дар асоси он фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 11-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст. Ба сокинон ҳам қариб охири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр хабар дода шудааст. Ҳабари баргузории ҷаласа ҳам 29-уми ноябр дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 теъдоди нафақагирон 863 ҳазору 690 аст. Маълум нест, ки то ҳол мақомот чанд нафақахӯрро ба қайд гирифтаанд.
Ҷузъиёти дигар дар бораи бақайдгирии рақамии нафақахӯрон маълум нест. “Азия-Плюс” ба Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ барои гирифтани маълумоти бештар муроҷиат кард, вале то ҳол посухи расмӣ нагирифтааст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ - ба 470,57 ва иҷтимоӣ - ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, соҳаҳои гуногунро дар кишвар рақамӣ гардонад. Аммо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, мушкилоти гуногун, аз ҷумла бебарқӣ ва интернети суст дар кишвар ба рақамикунонӣ монеа эҷод мекунад.





Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд
“Аксу наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун!”. Қабули қонун то куҷо ҷашну маросимро танзим кард?
Се муовини вазири корҳои хориҷӣ ва додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Кӣ чӣ вазифа гирифт?
Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакентро ба ҷои дигар мекӯчонанд
Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб
Се узви як оилаи тоҷикро, ки дар Самара аз бӯйи газ ба ҳалокат расиданд, дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд
Вазорати нақлиёт гуфт, ки сохтмони роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ, ки дар пайи ҳамлаҳо аз Афғонистон қатъ шудааст, кай барқарор мешавад
То 5 соли зиндон барои тарғиби шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва нашри аксу навори сайди онҳо дар интернет
Нархи "Ҳаҷ-2026" 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, вале муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои адои ҳаҷ ба охир расидааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста